Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 2:40

[1] Ва ҳангоме ки ман, эй бародарон, назди шумо омадам, на бо фазилати калом ё ҳикмат омадам, то шаҳодати Худоро ба шумо эълон намоям,

[2] Зеро ман қарор додам, ки дар миёни шумо, ба ҷуз Исои Масеҳ, он ҳам Исои Масеҳи маслубшуда, чизе надонам;

[3] Ва ман дар заъф ва дар тарсу ларзи бузурге назди шумо будам,

[4] Ва калому мавъизаи ман на дар суханони исботкоронаи ҳикмати инсон, балки дар зуҳури рӯҳ ва қувват буд,

[5] То ки имони шумо на бар ҳикмати инсон, балки бар қуввати Худо қарор ёбад.

[6] Аммо дар бораи ҳикмат мо дар миёни комилон сухан меронем, вале на дар бораи ҳикмати ин ҷаҳон ва мирони ин ҷаҳон, ки фано хоҳанд шуд,

[7] Балки дар бораи ҳикмати Худо маҳрамона сухан меронем, дар бораи ҳикмати ниҳоние ки Худо аз азал барои ҷалоли мо муқаррар кардааст,

[8] Ки онро ҳеҷ яке аз мирони ин ҷаҳон надонист; зеро, агар медонистанд, Худованди ҷалолро маслуб намекарданд.

[9] Аммо, чунон ки навишта шудааст: «Он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст».

[10] Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад.

[11] Зеро кист аз одамон, ки ботини инсонро бидонад, ба ҷуз рӯҳи инсон, ки дар ӯст? Ҳамчунин он чиро, ки дар Худо ҳаст, ҳеҷ кас намедонад, ба ҷуз Рӯҳи Худо.

[12] Лекин мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, бидонем,

[13] Ва инро на бо суханоне ки ҳикмати инсон таълим додааст, балки бо суханоне ки Рӯҳулқудс таълим додааст, мегӯем ва рӯҳиётро бар тибқи рӯҳ таъбир мекунем.

[14] Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рӯҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ӯ ҷаҳолат аст; ва онро дарк карда наметавонад, чунки он ҳукми рӯҳониро металабад.

[15] Лекин одами рӯҳонӣ дар бораи ҳама чиз ҳукм мекунад, вале касе наметавонад дар бораи ӯ дуруст ҳукм кунад.

[16] Зеро кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то ки Ӯро таълим диҳад? Лекин мо фикри Масеҳро дорем.

Номаи якуми Павлус ба Қӯринтиён — Chapters