Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:22

[1] Дар бобати ҷамъ кардани ионат барои муқаддасон шумо ончунон рафтор кунед, чунон ки ман ба калисоҳои Ғалотия дастур додаам:

[2] Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан хоҷат наафтад.

[3] Ва ҳангоме ки биёям, онҳоеро, ки шумо муносиб донед, бо мактубҳо хоҳам фиристод, то ки хайроти шуморо ба Ерусалим бибаранд.

[4] Ва агар рафтани ман ҳам салоҳ дониста шавад, онҳо ҳамроҳи ман хоҳанд рафт.

[5] Пас аз он ки аз Мақдуния бигзарам, назди шумо хоҳам омад, зеро аз Мақдуния хоҳам гузашт.

[6] Лекин эҳтимол дорад, ки муддате назди шумо бошам ё ҳатто зимистонро гузаронам, то ба ҳар ҷое ки равам, шумо маро гусел намоед.

[7] Зеро намехоҳам, ки бо шумо ҳоло фақат дар сари роҳ дидорбинӣ кунам, балки умедворам, ки агар Худованд изн диҳад, якчанд вақт назди шумо бимонам.

[8] Аммо то иди пантикост ман дар Эфсӯс хоҳам монд,

[9] Зеро ки дарвозаи бузургу фарохе барои ман кушода аст, ва мухолифон бисьёранд.

[10] Агар Тимотиюс ояд, бохабар бошед, ки ӯ назди шумо аз хатар эмин бошад, зеро ки ӯ кори Худовандро ба ҷо меоварад, чунон ки ман низ;

[11] Бинобар ин ҳеҷ кас ба ӯ беэътиноӣ накунад, балки ӯро ба саломатӣ гусел кунед, то ки назди ман биёяд, зеро ки ӯро бо бародарон мунтазирам.

[12] Дар хусуси бародари мо Апӯллӯс бошад, ман аз ӯ бисьёр хоҳиш кардам, ки бо бародарон назди шумо биёяд, вале ӯ ҳеҷ розигӣ надод, ки алҳол биёяд, балки ҳар гоҳ фурсат ёбад, хоҳад омад.

[13] Ҳушьёр бошед, дар имон устувор бошед, мардвор ва матин бошед;

[14] Бигзор ҳамаи корҳои шумо бо муҳаббат ба ҷо оварда шавад.

[15] Аз шумо, эй бародарон, илтимосе дорам: шумо хонаводаи Истефанусро мешиносед, ки навбари Охоия ҳастанд ва худро ба хизмати муқаддасон супурдаанд;

[16] Шумо низ нисбат ба ин гуна шахсон ва нисбат ба ҳар касе ки ба онҳо кӯмак мерасонад ва меҳнат мекунад, эҳтиромкор бошед.

[17] Аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Охойқӯс хурсандам: онҳо камии шуморо барои ман пур карданд,

[18] Зеро ки рӯҳи ману шуморо ором карданд. Чунин одамонро иззату ҳурмат кунед.

[19] Калисоҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд; Акило ва Прискила бо калисое ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисьёре дар Худованд мерасонанд.

[20] Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед.

[21] Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам.

[22] Ҳар кӣ Исои Масеҳи Худовандро дӯст надорад, малъун бод; мороното .

[23] Файзи Исои Масеҳи Худованд бо шумо бод,

[24] Ва муҳаббати ман бо ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ бод. Омин.

Номаи якуми Павлус ба Қӯринтиён — Chapters