Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 2:12

[1] Агар ба забонҳои одамон ва фариштагон сухан ронам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ман миси ҷарангосзанандае ё санҷи садодиҳандае гардидаам.

[2] Агар бахшоиши нубувват дошта бошам, ва тамоми асрорро донам, ва дорои ҳар гуна дониш ва тамоми имон бошам, ба тавре ки кӯҳҳоро кӯчонида тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ман ҳеҷ ҳастам.

[3] Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми ҳудро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ҳеҷ манфиате намебинам.

[4] Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад,

[5] Бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад,

[6] Аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад;

[7] Ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад.

[8] Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад, гарчанде ки нубувватҳо хотима хоҳад ёфт, забонҳо хомӯш хоҳад шуд ва дониш ботил хоҳад гашт.

[9] Зеро ки мо ба таври ҷузъӣ медонем ва ба таври ҷузъӣ нубувват мекунем;

[10] Аммо вақте ки камол меояд, он чи ҷузъӣ буд, хотима меёбад.

[11] Вақте ки кӯдак будам, кӯдаквор гап мезадам, кӯдаквор фикр мекардам, кӯдаквор муҳокима мерондам; аммо вақте ки мард шудам, кӯдакиро тарк кардам.

[12] Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ хоҳем дид; ҳоло ман ба таври ҷузъӣ медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.

[13] Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост.

Номаи якуми Павлус ба Қӯринтиён — Chapters