[1] Ман намехоҳам, эй бародарон, ки шумо бехабар бошед аз он ки падарони мо ҳама дар зери абр буданд, ва ҳама аз баҳр убур карданд;
[2] Ва ҳама дар абр ва дар баҳр ба Мусо таъмид ёфтанд;
[3] Ва ҳама айни як ғизои рӯҳониро мехӯрданд;
[4] Ва ҳама айни як нӯшокии рӯҳониро менӯшиданд, зеро аз сахраи рӯҳоние менӯшиданд, ки аз ақибашон меомад; ва он сахра Масеҳ буд.
[5] Лекин бар аксари онҳо ҳусни таваҷҷӯҳи Худо набуд; зеро ки онҳо дар биёбон ба ҳалокат расиданд.
[6] Ва инҳо барои мо тимсоле буданд, то ки мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд.
[7] Ҳамчунин, монанди баъзеи онҳо, бутпараст набошед, чунон ки навишта шудааст: «Қавм ба хӯрдану нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд».
[8] Зинокорӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо зинокорӣ карданд, ва дар як рӯз бисту се ҳазор нафарашон нобуд шуданд.
[9] Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз неши морҳо ба ҳалокат расиданд.
[10] Шиква накунед, чунон ки баъзеи онҳо шиква карданд ва аз дасти қиркунанда нобуд шуданд.
[11] Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст.
[12] Бинобар ин ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад.
[13] Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.
[14] Хуллас, эй маҳбубонам, аз бутпарастӣ бигрезед.
[15] Ба мулоҳизакорон сухан мегӯям: дар бораи он чи мегӯям, худатон мулоҳиза кунед;
[16] Оё косаи баракат, ки онро баракат медиҳем, шарик шудан ба Хуни Масеҳ нест? Оё ноне ки пора мекунем, шарик шудан ба Бадани Масеҳ нест?
[17] Чунон ки нон яктост, мо низ, ки бисьёрем, як тан ҳастем, зеро ки ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем.
[18] Ба Исроил ба ҳасби ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехӯранд, шарики қурбонгоҳ нестанд?
[19] Пас ман чӣ бигӯям? Оё ин ки дар қурбонии бут ё худи бут чизе хаст?
[20] Не, балки он чи онҳо қурбонӣ мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам, ки шумо бо девҳо шарик бошед.
[21] Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро бинӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам дар суфраи Худованд иштирок кунед, ҳам дар суфраи девҳо.
[22] Наҳод ки мо Худовандро ба хашм меоварем? Магар мо аз Ӯ пурзӯртарем?
[23] Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз обод мекунад.
[24] Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро.
[25] Ҳар он чи дар бозор фурӯхта мешавад, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед;
[26] Зеро ки замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худованд аст.
[27] Агар касе аз беимонон шуморо даъват намояд, ва шумо мехоҳед биравед, — аз ҳар чизе ки пешатон монанд, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед.
[28] Лекин агар касе ба шумо гӯяд, ки «ин қурбонии бут аст», — ба хотири касе ки хабар дод, ва ба хотири виҷдон нахӯред; зеро ки замин ва ҳар чи дар он аст, аз они Худованд аст.
[29] Аммо на виҷдони худро, балки виҷдони он каси дигарро дар назар дорам; зеро чаро виҷдони каси дигар бар озодии ман доварӣ кунад?
[30] Агар ман бо шукргузорӣ мехӯрда бошам, чаро маро барои он чизе ки ман барояш шукргузорӣ мекунам, мазаммат намоянд?
[31] Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.
[32] На яҳудиёнро ба васваса андозед, на юнониёнро, на калисои Худоро,
[33] Чунки ман низ дар ҳар бобат дили ҳамаро меёбам, ва толиби нафъи худ не, балки нафъи касони бисьёр ҳастам, то ки онҳо наҷот ёбанд.