Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:30

[1] Ва ман, эй бародарон, натавонистам бо шумо, ҳамчун касони рӯҳонӣ, сухан ронам, балки ҳамчун касони ҷисмонӣ, ё кӯдакон дар Масеҳ.

[2] Ва шуморо шир хӯрондам, на ғизои сахт, зеро ки шумо ҳанӯз омодагӣ барои он надоштед ва ҳоло низ надоред,

[3] Чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилофот ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?

[4] Зеро, вақте ки яке: «Ман аз они Павлус ҳастам» ва дигаре: «Ман аз они Апӯллӯс» мегӯяд, — оё шумо ҷисмонӣ нестед?

[5] Пас, Павлус кист? Ва Апӯллӯс кист? Онҳо фақат ходимоне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед, ва ҳар яке ба андозае ки Худованд ба вай ато кардааст.

[6] Ман кишт кардам, Апӯллӯс об дод, лекин Худо сабзонид;

[7] Бинобар ки на кишткунанда аҳамияте дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда.

[8] Кишткунанда ва обдиҳанда баробаранд, лекин ҳар яке музди худро мувофиқи меҳнати худ хоҳад гирифт.

[9] Зеро ки мо хизматгорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед.

[10] Аз рӯи файзи Худо, ки ба ман ато шудааст, ман, чун меъмори доно, таҳкурсӣ ниҳодам, ва дигаре бар он иморат месозад; лекин ҳар кас бохабар бошад, ки чӣ гуна месозад.

[11] Зеро ҳеҷ кас таҳкурсии дигаре ниҳода наметавонад, ҷуз он ки ниҳода шудааст, ки он Исои Масеҳ аст.

[12] Ва агар касе бар ин таҳкурсӣ иморате аз тилло, нуқра, ҷавоҳирот, ё чӯб, хасбеда, пахол бино кунад, —

[13] Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рӯз нишон хоҳад дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст.

[14] Агар амали касе ки бар он сохтааст, пойдор бимонад, вай музд хоҳад гирифт;

[15] Ва агар амали касе бисӯзад, вай зиён хоҳад дид; валекин худаш наҷот хоҳад ёфт, аммо тавре ки гӯё аз даруни оташ гузашта бошад.

[16] Оё шумо намедонед, ки маъбади Худо ҳастед, ва Рӯҳи Худо дар шумо сокин аст?

[17] Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонавайрон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед.

[18] Зинҳор касе худро фирефта накунад: агар касе аз шумо худро дар ин ҷаҳон ҳаким медониста бошад, бигзор ҷоҳил шавад, то ки ҳаким гардад.

[19] Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо ҷаҳолат аст, чунон ки навишта шудааст: «Ҳакимонро ба макри худашон гирифтор мекунад».

[20] Ва боз: «Худованд афкори ҳакимонро медонад, ки ботил аст».

[21] Хуллас, ҳеҷ кас ба одамон фахр накунад, зеро ки ҳамааш аз они шумост:

[22] Хоҳ Павлус, хоҳ Апӯллӯс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда — ҳамааш аз они шумост;

[23] Ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ — аз они Худо.

Номаи якуми Павлус ба Қӯринтиён — Chapters