[1] Ба ман тақлид кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам.
[2] Шуморо, эй бародарон, барои он таҳсин менамоям, ки дар ҳар хусус маро дар хотир доред ва ривоятҳоро, ончунон ки ба шумо супурдаам, нигоҳ доштаед.
[3] Ҳамчунин мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост.
[4] Ҳар марде ки сари пӯшида дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад;
[5] Ва ҳар зане ки сари луч дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад, зеро ин мисли он аст, ки мӯйсараш тарошида шуда бошад;
[6] Зеро, агар зан нахоҳад, ки сари худро пӯшонад, бигзор мӯяшро қайчӣ кунад; ва агар зан аз қайчӣ кардан ё тарошидани мӯяш шарм дошта бошад, бигзор сари худро пӯшонад.
[7] Хуллас, мард набояд сари худро пӯшонад, чунки ӯ сурат ва ҷалоли Худост; аммо зан ҷалоли мард аст.
[8] Зеро ки на мард аз зан аст, балки зан аз мард;
[9] Ва на мард барои зан офарида шудааст, балки зан барои мард.
[10] Бинобар ин зан бояд бар сараш нишонаи ихтиёрро ба хотири фариштагон дошта бошад.
[11] Лекин дар Худованд на мард бе зан аст, на зан бе мард аст:
[12] Зеро, чунон ки зан аз мард аст, ончунон мард низ ба воситаи зан аст; ва ҳамаи ин аз Худост.
[13] Худатон мулоҳиза кунед, ки оё аз рӯи одоб аст, ки зан сари нопӯшида пеши Худо дуо гӯяд?
[14] Оё худи табиат шуморо таълим намедиҳад, ки агар мард мӯяшро дароз кунад, ин барои ӯ нанг аст,
[15] Аммо агар зан мӯяшро дароз кунад, ин барои вай шаъну шараф аст, чунки мӯй ба вай ба ҷои ҳиҷоб дода шудааст?
[16] Ва агар касе мунозира карданӣ бошад, мо ва калисоҳои Худо чунин одат надорем.
[17] Лекин, ин дастурро дода, шуморо барои он таҳсин намекунам, ки на аз барои некӣ, балки аз барои бадӣ ҷамъ мешавед.
[18] Зеро, аввалан, шунидам, ки дар миёни шумо, вақте ки дар калисо ҷамъ мешавед, ихтилофот рӯй медиҳад, ки ба ин ман як қадар бовар мекунам.
[19] Зеро ки дар миёни шумо гуногунии ақидаҳо низ бояд бошад, то ки корозмудагон дар миёни шумо зоҳир гарданд.
[20] Сонӣ, дар як ҷо ҷамъ шуданатон барои хӯрдани таоми шоми Худованд нест;
[21] Зеро ҳар кас аз дигарон пештар хӯроки худро гирифта мехӯрад, ва яке гурусна мемонад, ва дигаре маст мешавад.
[22] Магар шумо хона надоред, ки дар он бихӯред ва бинӯшед? Ё ки ба калисои Худо беэътиноӣ мекунед ва нодоронро хиҷолат медиҳед? Ба шумо чӣ гӯям? Оё барои ин шуморо таҳсин кунам? Таҳсин намекунам.
[23] Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд дар он шабе ки Ӯро таслим карданд, нонро гирифт
[24] Ва баракат дода, пора кард ва гуфт: «Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред».
[25] Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман; инро, ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред.»
[26] Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин косаро менӯшед, мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ӯ биёяд.
[27] Бинобар ин ҳар кӣ ба таври ношоиста ин нонро бихӯрад ё косаи Худовандро бинӯшад, бар зидди Бадан ва Хуни Худованд айбдор хоҳад шуд.
[28] Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад.
[29] Зеро, кас агар дар бораи Бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихӯрад ва бинӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад.
[30] Ба ҳамин сабаб бисьёре аз шумо оҷиз ва бемор ҳастанд, ва бисьёре мурдаанд.
[31] Зеро, агар худамон худро доварӣ мекардем, ба доварӣ дучор намешудем.
[32] Модоме ки ба доварӣ дучор шудаем, аз ҷониби Худодованд ҷазо мебинем, то ки бо аҳли ҷаҳон маҳкум нагардем.
[33] Бинобар ин, эй бародаронам, вақте ки барои таоми шом ҷамъ мешавед, мунтазири якдигар бошед.
[34] Ва агар касе гурусна бошад, дар хонааш бихӯрад, то ки ҷамъ шуданатон сабаби маҳкумияти шумо нагардад. Чизҳои дигарро пас аз омаданам дуруст хоҳам кард.