[1] Касе аз шумо, вақте ки ба дигаре даъво дорад, оё ҷуръат мекунад, ки мурофиаи худро назди гуноҳкорон барад, на назди муқаддасон?
[2] Магар намедонед, ки муқаддасон ҷаҳонро доварӣ ҳоҳанд кард? Ва агар шумо ҷаҳонро доварӣ мекарда бошед, наход ки сазовори он нестед, ки корҳои хурдтарро доварӣ кунед?
[3] Магар намедонед, ки мо фариштагонро доварӣ хоҳем кард? Пас чӣ қадар зиёдтар корҳои маишатро!
[4] Лекин шумо, вақте ки мурофиаи маишӣ доред, онҳоеро, ки дар калисо ҳеҷ эътиборе надоранд, ба доварӣ мешинонед.
[5] Барои хиҷил шуданатон мегӯям: наход ки дар байни шумо як нафар ҳам боҳираде нест, ки дар миёни бародарони худ доварӣ карда тавонад?
[6] Аммо бародар бо бародар мурофиа мекунад, он ҳам дар пеши беимонон.
[7] Худи ҳамин ҳам барои шумо зиллатовар аст, ки байни худ мурофиа доред. Чаро барои худ мазлумиятро афзал намедонед? Чаро ба маҳрумият тоб оварданро афзал намедонед?
[8] Лекин худатон мазлум ва маҳрум мекунед, он ҳам бародарони худро.
[9] Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон,
[10] На дуздон, на ҳаромризқон, на бадмастон, на бадзабонон, на ғоратгарон — вориси Малакути Худо намешаванд.
[11] Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.
[12] Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин набояд ки чизе маро бандаи худ гардонад.
[13] Хӯрок барои шикам аст, ва шикам барои хӯрок; аммо Худо инро ва онро нест мекунад; лекин ҷисм на барои зино, балки барои Худованд аст, ва Худованд барои ҷисм аст.
[14] Чунон ки Худо Худовандро бо қуввати Худ эҳьё кард, моро низ эҳьё хоҳад кард.
[15] Магар намедонед, ки ҷисмҳои шумо узвҳои Масеҳанд? Пас оё узвҳои Масеҳро мегирам, то ки онҳоро узвҳои фоҳишае гардонам? Ҳошо ва калло!
[16] Оё намедонед, ки ҳар кӣ бо фоҳиша ҷимоъ кунад, бо вай як тан мешавад? Зеро ки гуфта шудааст: «Ҳар ду як ҷисм хоҳанд буд».
[17] Аммо ҳар кӣ бо Худованд пайванд шавад, бо Ӯ як рӯҳ аст.
[18] Аз зино бигрезед. Ҳар гуноҳе ки одамизод мекунад, аз ҷисм берун аст, лекин зинокор бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад.
[19] Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед?
[20] Зеро ки шумо ба нархи гарон ҳарида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд.