Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 2:06

[1] Дар бораи қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш мағрур мегардонад, аммо муҳаббат обод мекунад.

[2] Агар касе гумон кунад, ки ягон чизро медонад, ӯ ҳанӯз ҳеҷ чизро ончунон ки донистанаш лозим аст, намедонад;

[3] Аммо касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст.

[4] Пас, дар бораи хӯрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ва ҷуз Худои Ягона худои дигаре нест.

[5] Зеро, ҳар чанд ба ном худоён чи дар осмон, чи дар замин ҳастанд, — чунки худоёни бисьёр ва худовандони бисьёр ҳастанд, —

[6] Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем.

[7] Аммо ҳама дорои ин дониш нестанд: баъзе касон то алҳол, аз рӯи одати деринаи бутпарастӣ, ин хӯрокро чун қурбонии бут мехӯранд, ва виҷдони онҳо, ки нотавон аст, наҷис мешавад.

[8] Хӯрок моро ба Худо наздик намекунад: зеро ки на аз хӯрдан манфиате мебинем, на аз наҳӯрдан зиёне.

[9] Аммо боҳабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби васвасаи нотавонон нашавад.

[10] Зеро, агар касе туро, ки соҳиби дониш ҳастӣ, бубинад, ки дар сари суфраи бутхона нишастаӣ, оё виҷдони ӯ, ки нотавон аст, ӯро низ ба хӯрдани қурбониҳои бутҳо моил намекунад?

[11] Ва аз дониши ту он бародари нотавон, ки Масеҳ барои ӯ мурд, нобуд мешавад.

[12] Ва ба ин тариқа бар зидди бародарон гуноҳ карда ва ба виҷдони нотавони онҳо осеб расонда, шумо бар зидди Масеҳ гуноҳ мекунед.

[13] Бинобар ин, агар хӯрок бародари маро ба васваса меандохта бошад, ҳаргиз гӯшт намехӯрам, то ки бародари худро ба васваса наандозам.

Номаи якуми Павлус ба Қӯринтиён — Chapters