Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 11:04

[1] Баъд аз ин Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Малакути Худоро башорат медод, ва бо Ӯ он дувоздаҳ буданд,

[2] Ва ҳамчунин баъзе заноне ки Ӯ аз арвоҳи палид ва касалиҳо шифо дода буд: Марьям, ки Маҷдалия номида мешуд, ва аз вай ҳафт дев берун рафта буд,

[3] Ва Юҳона, ҳамсари Кузо, ки девонбегии Ҳиродус буд, ва Сусан, ва бисьёри дигарон, ки бо дороии худ ба Ӯ хизмат мекарданд.

[4] Вақте ки мардуми бисьёре ҷамъ шуданд, ва аз ҳамаи шаҳрҳо назди Ӯ омадан гирифтанд, Ӯ масале оварда, гуфт:

[5] «Корандае барои коридани тухм берун рафт; ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод ва поймол шуд, ва мурғони ҳаво онро хӯрданд;

[6] Қадаре бар санглох афтод ва сабзида, хушк шуд, чунки рутубате набуд;

[7] Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо кад кашида, онро пахш карданд;

[8] Қадаре дар хоки нағз афтод ва сабзида, сад баробар бор овард». Инро гуфта, нидо кард: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»

[9] Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Маънои ин масал чист?»

[10] Гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба дигарон бо масалҳо сухан мегӯям, ба тавре ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намефаҳманд.

[11] Инак маънои ин масал: тухм каломи Худост.

[12] Афтода дар канори роҳ касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, лекин баъд иблис омада, онро аз дили онҳо мерабояд, мабодо онҳо имон оварда, наҷот ёбанд;

[13] Афтода бар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, бо шодӣ кабул мекунанд, лекин реша надоранд, ва муддате имон доранд, ва дар вақти озмоиш ақиб мераванд;

[14] Афтода дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале андешаҳо, сарват ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад, ва онҳо самаре намеоваранд;

[15] Ва афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дили нек ва пок нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд.

[16] Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, бо зарфе онро намепӯшад, ё зери кате намегузорад, балки бар шамъдон мемонад, то ҳар кӣ дарояд, рӯшноиро бубинад.

[17] Зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки маълум ва зоҳир нашавад.

[18] Пас, эҳтиёт кунед, ки чӣ тавр мешунавед; зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ, ки гумон мекунад дошта бошад, гирифта шавад».

[19] Ва модар ва бародаронаш назди Ӯ омаданд, вале ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд.

[20] Ва ба Ӯ хабар дода, гуфтанд: «Модарат ва бародаронат дар берун истодаанд, ва мехоҳанд Туро бубинанд».

[21] Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд».

[22] Рӯзе Ӯ бо шогирдони Худ ба қаиқ савор шуд ва ба онҳо гуфт: «Ба он канори кӯл мегузарем». Ва қаиқро ронданд.

[23] Дар аснои роҳ Ӯро хоб рабуд. Ва ногоҳ тундбоди шадиде бар кӯл бархост, ва қаиқи онҳо аз об пур мешуд, ва онҳо дар хатар буданд.

[24] Ва пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Устод! Устод! Ҳалок мешавем». Ӯ бархоста, бод ва ғалаёни обро манъ кард, ва онҳо қатъ гардиданд, ва оромӣ барқарор шуд.

[25] Ба онҳо гуфт: «Имони шумо куҷост?» Онҳо бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки ба бодҳо ва об низ амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»

[26] Ва онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи Ҷалил аст, расиданд.

[27] Вақте ки Ӯ ба соҳил баромад, марде аз аҳли он шаҳр ба Ӯ рӯ ба рӯ шуд, ки гирифтори девҳо буд, дер вақт боз либосе намепӯшид, ва на дар хона, балки дар миёни қабрҳо зиндагӣ мекард.

[28] Ҳамин ки Исоро дид, фарьёд зада, пеши Ӯ афтод ва бо овози баланд гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз Ту илтимос мекунам, ки маро азоб надиҳӣ!»

[29] Зеро Ӯ ба рӯҳи палид амр фармуда буд, ки аз ин мард берун равад; чунки вай муддати дуру дарозе ӯро азоб медод, ба тавре ки ӯро бо завлона ва занҷирхо баста, нигоҳ медоштанд, лекин ӯ он бандҳоро пора мекард, ва дев ӯро ба биёбонҳо меронд.

[30] Исо аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Гуфт: «Легион», чунки девҳои бисьёр ба дарунаш даромада буданд.

[31] Ва онҳо аз Ӯ илтимос карданд, ки онҳоро амр фармуда ба ҳовия нафиристад.

[32] Дар ҳамон ҷо галаи бузурги хукҳо дар болои кӯҳ мечарид; ва девҳо илтимос карданд, ки иҷозат диҳад ба даруни хукҳо дароянд. Ӯ ба онҳо иҷозат дод.

[33] Ва девҳо аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд; ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст, ва ғарқ шуд.

[34] Хукбонон ин воқеаро дида, давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот нақл карданд.

[35] Мардум барои дидани воқеа берун рафтанд, ва назди Исо омада, он мардро, ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, диданд, ки либос дар тан ва ақлаш солим пеши пойҳои Исо нишастааст; ва ҳаросон шуданд.

[36] Ва касоне ки воқеаро дида буданд, ба онҳо нақл карданд, ки он девона чӣ гуна шифо ёфт.

[37] Ва тамоми мардуми сарзамини ҷадариён аз Ӯ илтимос карданд, ки аз пеши онҳо баромада равад, чунки тарсу ҳароси азиме онҳоро фаро гирифта буд. Ва Ӯ ба қаиқ савор шуда, баргашт.

[38] Он марде ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, аз Ӯ илтимос кард, ки бо Ӯ бошад. Лекин Ӯ вайро ба хонааш фиристода, гуфт:

[39] «Ба ҳонаи худ баргард ва он чиро, ки Худо ба ту кардааст, нақл намо». Вай равона шуда, он чиро, ки Исо ба вай карда буд, дар тамоми шаҳр мавъиза намуд.

[40] Вақте ки Исо баргашт, мардум Ӯро пазироӣ карданд, чунки ҳама мунтазири Ӯ буданд.

[41] Ва инак, марде ки Ёир ном дошт ва сардори куништ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд.

[42] Чунки духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, ба ҳолати назъ расида буд. Вақте ки Ӯ ба он ҷо мерафт, мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд.

[43] Ва зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд, —

[44] Аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд, ва дарҳол хунравии вай қатъ шуд.

[45] Ва Исо гуфт: «Кист, ки Маро ламс кард?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ва онҳое ки бо Ӯ буданд, гуфтанд: «Эй Устод, мардум Туро иҳота намуда, аз ҳар тараф фишор медиҳанд, — ва Ту мегӯӣ: „Кист, ки Маро ламс кард?“»

[46] Аммо Исо гуфт: «Касе Маро ламс кардааст; зеро Ман ҳис кардам, ки қуввате аз Ман берун рафт».

[47] Он зан чун дид, ки натавонист пинҳон монад, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва дар хузури тамоми мардум гуфт, ки аз чӣ сабаб Ӯро ламс намуд, ва чӣ гуна дарҳол шифо ёфт.

[48] Ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав».

[49] Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки касе аз хонаи сардори куништ омада, гуфт: «Духтарат мурд; Устодро дигар ташвиш надеҳ».

[50] Аммо Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Натарс, фақат имон овар, ва ӯ наҷот хоҳад ёфт».

[51] Ва ҳангоме ки ба хона расид, ҷуз Петрус, Юҳанно ва Яъқуб, ва падару модари духтар, ҳеҷ касро даромадан намонд.

[52] Ҳама барои вай гирья ва навҳа мекарданд. Вале Ӯ гуфт: «Гирья накунед; вай намурдааст, балки хуфтааст».

[53] Бар Ӯ хандиданд, зеро медонистанд, ки вай мурдааст.

[54] Аммо Ӯ ҳамаро берун карда ва дасти вайро гирифта, нидо кард: «Эй дуҳтар! Бархез».

[55] Ва рӯҳи вай баргашт; вай дарҳол бархост; ва Ӯ фармуд, ки ба вай хӯроке диҳанд.

[56] Падару модари вай дар ҳайрат монданд. Ва Ӯ ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба ҳеҷ кас нақл накунанд.

Инҷили Луқо — Chapters