[1] Ва Исои пур аз Рӯҳулқудс аз Урдун баргашт, ва Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд,
[2] Ва чиҳил рӯз Ӯро иблис меозмуд, ва дар он рӯзҳо Ӯ чизе нахӯрд; ва баъд аз тамом шудани онҳо гурусна монд.
[3] Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин санг бигӯй, ки нон шавад».
[4] Исо ба вай, ҷавоб дод: «Навишта шудааст, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар каломи Худо».
[5] Ва Ӯро ба кӯҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ӯ нишон дод,
[6] Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Тамоми салтанат ва ҷалоли онҳоро ба Ту медиҳам, зеро ки он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам;
[7] Пас, агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ҳамааш аз они Ту мешавад».
[8] Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки: „Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо“».
[9] Ва Ӯро ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбад гузошт, ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз;
[10] Зеро ки навишта шудааст: „Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр хоҳад дод, ки Туро нигоҳдорӣ кунанд;
[11] Ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанӣ“».
[12] Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Гуфта шудааст, ки: „Худованд Худои худро наозмой“».
[13] Ва иблис тамоми озмоишро ба итмом расонда, то муддате аз Ӯ дур шуд.
[14] Ва Исо бо куввати рӯҳ ба Ҷалил баргашт, ва овозаи Ӯ дар тамоми кишвар паҳн шуд.
[15] Ва Ӯ дар куништҳои онҳо таълим медод, ва ҳама Ӯро ситоиш мекарданд.
[16] Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбият ёфта буд, омад ва, аз рӯи одати Худ, рӯзи шанбе ба куништ даромад ва барои кироат бархост.
[17] Ба Ӯ китоби Ишаъёи набиро доданд; ва Ӯ китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:
[18] «Рӯҳи Худованд бар Ман аст; зеро ки Ӯ Маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам
[19] Ва соли таваҷҷӯҳи Худовандро мавъиза намоям».
[20] Ва китобро пӯшонда, ба ходим дод ва нишаст; ва чашмони ҳама дар куништ ба Ӯ дӯхта шуда буд.
[21] Ва Ӯ ба сухан оғоз намуда, ба онҳо гуфт: «Имрӯз ин навишта, ки шумо гӯш кардед, ба иҷро расидааст».
[22] Ва ҳама ба Ӯ шаҳодат медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад, мутааҷҷиб шуда, мегуфтанд: «Оё Ӯ писари Юсуф нест?»
[23] Ба онҳо гуфт: «Албатта, шумо ба Ман ин мақолро хоҳед гуфт: „Эй табиб! Худатро шифо бидеҳ; ҳар он чи шунидаем, ки дар Кафарнаҳум воқеъ шудааст, ин ҷо низ, дар ватани Худ бикун“».
[24] Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ пайғамбаре дар зодгоҳи худ мақбул нест.
[25] Аз рӯи ҳақиқат ба шумо мегӯям: бисьёр бевазанон дар Исроил дар айёми Ильёс буданд, ки он вақт осмон се солу шаш моҳ баста шуда буд, ба тавре ки дар тамоми рӯи замин қаҳтии сахте рӯй дод,
[26] Вале Ильёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд, балки фақат назди бевазане ба Сорфатои Сидӯн;
[27] Ва бисьёр махавиён дар Исроил дар айёми Элишои набӣ буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки фақат Наамони сурьёнӣ».
[28] Тамоми аҳли куништ инро шунида, пур аз ғазаб шуданд,
[29] Ва бархоста, Ӯро аз шаҳр бадар карданд ва бар қуллаи кӯҳе ки шаҳрашон бар он сохта шуда буд, бурданд, то ки Ӯро ба зер афкананд;
[30] Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, ба роҳи Худ рафт.
[31] Ва ба Кафарнаҳум, шаҳри Ҷалил, омад, ва дар рӯзҳои шанбе онҳоро таълим медод.
[32] Ва онҳо аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки каломи Ӯ боқудрат буд.
[33] Дар куништ касе буд, ки рӯҳи деви палид дошт, ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт:
[34] «Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Қуддуси Худо!»
[35] Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!» Ва дев ӯро дар миёна афтонда, аз ӯ берун шуд, ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонд.
[36] Ҳама ба воҳима афтоданд, ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ гапест, ки Ӯ бо қудрат ва қувват ба арвоҳи палид амр мефармояд, ва онҳо берун меоянд?»
[37] Ва овозаи Ӯ дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.
[38] Ӯ аз куништ баромада, ба хонаи Шимъӯн омад; модарарӯси Шимъӯн ба табларзаи сахте гирифтор буд; ва дар хусуси вай аз Ӯ илтимос карданд.
[39] Ва Ӯ наздики вай омада, табларзаро манъ кард; ва он нест шуд. Вай дарҳол бархоста, ба парастории онҳо машғул гашт.
[40] Дар вақти фурӯ рафтани офтоб ҳамаи онҳое ки беморони гирифтори касалиҳои гуногун доштанд, онҳоро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ ба ҳар яке аз онҳо даст гузошта, онҳоро шифо медод.
[41] Девҳо низ аз бисъёр касон берун омада, бо фарёд мегуфтанд: «Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ». Аммо Ӯ онҳоро манъ карда, намегузошт сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонистанд.
[42] Чун субҳ дамид, Ӯ берун омада, ба хилватгоҳе рафт, вале мардум Ӯро кофта ёфтанд ва назди Ӯ омаданд, ва Ӯро нигоҳ медоштанд, ки аз пешашон наравад.
[43] Ба онҳо гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам».
[44] Ва дар куништҳои Ҷалил мавъиза мекард.