[1] Ва Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Хеҷ мумкин нест, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд:
[2] Бар гардани вай санги осиёе овехта, вайро дар баҳр афкананд, барои вай беҳтар аст аз он ки вай яке аз ин тифлонро ба васваса андозад.
[3] Ба худ назорат кунед. Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, ба ӯ гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ӯро афв намо;
[4] Ва агар рӯзе ҳафт карат ба ту гуноҳ кунад ва рӯзе ҳафт карат руҷӯъ намуда, гӯяд: „Тавба кардам“, — ӯро афв намо».
[5] Ва ҳаввориён ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун».
[6] Худованд гуфт: «Агар шумо ба андозаи донаи хардал имон медоштед ва ба ин дарахти тут мегуфтед: „Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав“, — он ба шумо итоат мекард.
[7] Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чӯпонӣ машғул бошад ва ҳангоми аз саҳро баргаштанаш ба вай гӯяд: „Зуд омада, назди суфра бинишин“?
[8] Баръакс, оё ӯ ба вай намегӯяд: „Барои ман хӯроки бегоҳӣ тайёр кун ва камари худро баста, ба ман хизмат кун, то даме ки бихӯрам ва бинӯшам, ва баъд аз он худат бихӯр ва бинӯш“?
[9] Оё ӯ ба он ғулом барои он ки фармонҳои ӯро ба ҷо овард, миннатдорӣ баён мекунад? Гумон намекунам.
[10] Ҳамчунин шумо низ, вақте ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, бигӯед: „Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон лозим буд, кардем“».
[11] Дар аснои роҳи Ерусалим Ӯ аз ҳудуди байни Сомария ва Ҷалил мегузашт.
[12] Ва ҳангоме ки Ӯ ба қасабае дохил мешуд, даҳ шаҳси махавӣ аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода,
[13] Бо овози баланд мегуфтанд: «Эй Исои Устод, ба мо марҳамат кун!»
[14] Ва Ӯ, чун дид, ба онҳо гуфт: «Биравед ва худро ба коҳинон нишон диҳед». Ва онҳо дар вақти рафтанашон пок шуданд.
[15] Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд,
[16] Ва пеши пойҳои Ӯ рӯй ба замин афтода, ба Ӯ ташаккур гуфт; ва ӯ марди сомарӣ буд.
[17] Исо гуфт: «Оё даҳ нафар пок нашуданд? Пас он нӯҳ нафар куҷоянд?
[18] Оё, ғайр аз ин аҷнабӣ, касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано ҳонад?»
[19] Ва ба вай гуфт: «Бархоста, бирав; имонат туро наҷот дод».
[20] Чун фарисиён ба Ӯ савол доданд, ки Малакути Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Малакути Худо тавре намеояд, ки ба назар намоён шавад,
[21] Ва намегӯянд: „Инак, он дар ин ҷост“, ё: „Инак, дар он ҷост“; зеро инак, Малакути Худо дар дохили шумост».
[22] Ва ба шогирдон гуфт: «Айёме меояд, ки дидани фақат як рӯзи Писари Одамро орзу ҳоҳед кард, ва нахоҳед дид;
[23] Ва ба шумо хоҳанд гуфт: „Инак, дар ин ҷост“, ё: „Инак, дар он ҷост“, — наравед ва аз ақиби онҳо надавед;
[24] Зеро, чӣ тавре ки барқ аз як канори осмон дурахшида, то канори дигари осмон нур мепошад, Писари Одам дар рӯзи Худ ҳамин тавр хоҳад буд.
[25] Лекин аввал Ӯро лозим аст, ки бисьёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад карда шавад.
[26] Ва чӣ тавре ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд:
[27] Мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд, ба шавҳар мерафтанд — то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ва тӯфон омада, ҳамаро нобуд кард.
[28] Ва чӣ тавре ки дар айёми Лут буд: мехӯрданд, менӯшиданд, мехариданд, мефурӯхтанд, мекоштанд, иморат мекарданд;
[29] Лекин дар рӯзе ки Лут аз Садӯм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро маҳв кард.
[30] Дар рӯзи зоҳир шудани Писари Одам низ ҳамон тавр хоҳад буд.
[31] Дар он рӯз ҳар кӣ бар бом буда, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад:
[32] Зани Лутро ба хотир оваред.
[33] Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ онро барбод дихад, онро зинда хоҳад кард.
[34] Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
[35] Аз ду зане ки якҷоя бо дастос машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд;
[36] Аз ду нафаре ки дар киштзор бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта хоҳад шуд».
[37] Дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Куҷо, эй Худованд?» Ба онҳо гуфт: «Ҳар куҷо лоша бошад, каргасон низ дар он ҷо ҷамъ мешаванд».