Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:22

[1] Дар ҳамин вақт баъзеҳо омада, ба Ӯ дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки хуни онҳоро Пилотус бо қурбониҳои онҳо омехтааст.

[2] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё гумон мекунед, ки ин ҷалилиён аз ҳамаи ҷалилиён зиёдтар гуноҳкор будаанд, ки чунин азоб кашидаанд?

[3] Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд.

[4] Ва оё гумон мекунед, ки он ҳаждаҳ одам, ки бурҷи Шилӯаҳ ба болояшон афтода, онҳоро нобуд карда буд, аз ҳамаи сокинони Ерусалим зиёдтар айбдор буданд?

[5] Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд».

[6] Ва чунин масале гуфт: «Шахсе дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд, ва омад, то ки мевае аз он пайдо кунад, вале чизе наёфт.

[7] Ва ба токдор гуфт: „Инак, се сол боз ман меоям, то ки аз ин дарахти анҷир мевае пайдо кунам, вале чизе намеёбам; онро бибур: барои чӣ заминро беҳуда банд кунад?“

[8] Аммо вай дар ҷавоб гуфт: „Эй оғо! Имсол ҳам онро бимон, то ки гирдашро канда, нурӣ андозам:

[9] Шояд, бор оварад; ва агар наоварад, соли оянда онро мебурӣ“».

[10] Дар яке аз куништҳо Ӯ рӯзи шанбе таълим медод;

[11] Ва инак, зане ҳаждаҳ сол боз гирифтори рӯҳи заъф буд: вай қадхамида буд, ва қоматашро рост карда наметавонист.

[12] Исо чун вайро дид, вайро садо карда, гуфт: «Эй зан! Аз ранҷурии худ халос мешавӣ».

[13] Ва дастҳои Худро бар вай гузошт; вай дарҳол қомат рост кард ва Худоро ҳамду сано хонд.

[14] Сардори куништ чун дид, ки Исо дар рӯзи шанбе шифо дод, дарғазаб шуда, ба мардум гуфт: «Шаш рӯз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на ин ки дар рӯзи шанбе».

[15] Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Эй риёкор! Оё ҳар яке аз шумо гов ё хари худро дар рӯзи шанбе аз охур воз карда, барои об додан намебарад?

[16] Ва ин духтари Иброҳимро, ки шайтон ҳаждаҳ сол боз баста буд, оё дар рӯзи шанбе аз он бандҳояш халос кардан лозим набуд?»

[17] Вақте ки Ӯ ин суханонро гуфт, ҳамаи мухолифонаш дар хиҷолат монданд; ва тамоми мардум аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ шод буданд.

[18] Ва Ӯ гуфт: «Малакути Худо ба чӣ монанд аст, ва онро ба чӣ монанд кунам?

[19] Он мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар боғи худ партофт: ва он нумӯ карда, дарахти калоне шуд, ва мурғони ҳаво дар шохаҳояш ошьёна сохтанд».

[20] Боз гуфт: «Малакути Худоро ба чӣ монанд кунам?

[21] Он монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид».

[22] Ва Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, таълим медод, дар ҳолате ки роҳи Ерусалимро пеш гирифта буд.

[23] Касе ба Ӯ савол дода, гуфт: «Худовандо! Наход ки шумораи наҷотьёбандагон кам аст?» Ба онҳо гуфт:

[24] «Саъю кӯшиш кунед, ки аз дари танг дохил шавед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон ба дохил шудан ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард, лекин нахоҳанд тавонист.

[25] Вақте ки Соҳиби хона бархоста, дарро бандад, шумо дар берун истода, дарро мекӯбеду мегӯед: „Худовандо! Худовандо! Ба мо воз кун“. Вале Ӯ дар ҷавоби шумо хоҳад гуфт: „Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед“.

[26] Он гоҳ хоҳед гуфт: „Мо пеши Ту хӯрдем ва нӯшидем, ва дар кӯчаҳои мо Ту таълим медодӣ“.

[27] Лекин Ӯ хоҳад гуфт: „Ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед; ҳама аз Ман дур шавед, эй бадкорон“.

[28] Дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд, чун Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ва тамоми анбиёро дар Малакути Худо бубинед, вале худатон бадар ронда шуда бошед.

[29] Ва аз шарқ ва ғарб ва шимол ва ҷануб омада, дар Малакути Худо хоҳанд нишаст.

[30] Ва инак, охиринҳо ҳастанд, ки аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо ҳастанд, ки охирин хоҳанд шуд».

[31] Дар ҳамон рӯз баъзе аз фарисиён омада, ба Ӯ гуфтанд: «Баро ва аз ин ҷо бирав, зеро ки Ҳиродус мехоҳад Туро ба қатл расонад».

[32] Ба онҳо гуфт: «Биравед ва ба он рӯбоҳ бигӯед: „Инак, имрӯз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рӯзи сеюм саранҷом хоҳам ёфт“;

[33] Лекин Маро лозим аст, ки имрӯз, фардо ва пасфардо роҳ равам, зеро мумкин нест, ки набӣ берун аз Ерусалим бимирад.

[34] Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!

[35] Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. Ба шумо мегӯям, ки Маро дигар нахоҳед дид, то даме ки бигӯед: „Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!“»

Инҷили Луқо — Chapters