[1] Ва Ӯ ба Ериҳӯ ворид шуда, аз он мегузашт.
[2] Ва инак, Заккай ном шахс, ки сардори боҷгирон ва сарватдор буд,
[3] Мехост Исоро бубинад, ки Ӯ кист, лекин ба сабаби бисьёрии мардум натавонист, чунки қадаш паст буд.
[4] Ва давида пеш гузашту болои дарахти анҷире баромад, то ки Ӯро бубинад, чунки Ӯро лозим буд аз пеши он бигзарад.
[5] Вақте ки Исо ба он ҷо расид, назар афканда, вайро дид ва гуфт: «Эй Заккай! Зуд фурӯд ой, зеро ки имрӯз Маро лозим аст дар хонаат бимонам».
[6] Вай зуд фуромада, Ӯро бо хурсандӣ пазироӣ намуд.
[7] Ва ҳама инро дида, шиквакунон гуфтанд, ки Ӯ дар ҳонаи шахси гуноҳкор меҳмон шудааст.
[8] Аммо Заккай бархоста, ба Худованд гуфт: «Худовандо! Нисфи дороии худро ман ба мискинон медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофона гирифта бошам, чор баробар подош медиҳам».
[9] Исо ба вай гуфт: «Имрӯз ба нн ҳона наҷот омадааст, чунки вай низ Писари Иброҳим аст;
[10] Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад ва наҷот днҳад».
[11] Вақте ки онҳо инро гӯш мекарданд, Ӯ боз масале илова намуд: зеро ки Ӯ дар наздикии Ерусалим буд, ва онҳо гумон мекарданд, ки ба зудӣ бояд Малакути Худо ба зуҳур ояд.
[12] Бинобар ин Ӯ гуфт: «Шахсе аз ашроф ба кишвари дурдаст мерафт, то ки салтанате ба даст оварда, баргардад;
[13] Ва даҳ нафар ғуломонашро даъват намуда, ба онҳо даҳ мино дод ва ба онҳо гуфт: „Бо ин пул то вақти гашта омаданам доду муомила кунед“.
[14] Аммо аҳли шаҳраш ба вай адоват доштанд ва аз ақиби вай элчӣ фиристоданд, то бигӯяд: „Намеҳоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад“.
[15] Ва ҳангоме ки вай салтанатро ба даст оварда, баргашт, фармуд, ки ҳамон ғуломонро, ки ба онҳо пул дода буд, ҷеғ зананд, то фаҳмад, ки ҳар яке чӣ қадар фоида кардааст.
[16] Якумин омада, гуфт: „Эй оғо! Як минои ту даҳ мино фоида овард“.
[17] Ба ӯ гуфт: „Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски ба чизи андак мӯътамад будӣ, бар даҳ шаҳр ҳоким шав“.
[18] Дуюмин омада, гуфт: „Эй оғо! Як минои ту панҷ мино фоида овард“.
[19] Ба ӯ низ гуфт: „Ту ҳам бар панҷ шаҳр ҳоким шав“.
[20] Сеюмин омада, гуфт: „Эй оғо! Инак як минои ту, ки онро ба рӯймоле печонда, нигоҳ доштам;
[21] Зеро ки ман аз ту тарсидам, чунки шахси сахтгир ҳастӣ: он чи нагузоштаӣ, мегирӣ, ва он чи накоштаӣ, медаравӣ“.
[22] Ба ӯ гуфт: „Туро аз забони худат маҳкум мекунам, эй ғуломи шарир! Ту медонистӣ, ки ман шахси сахтгир ҳастам, он чи нагузоштаам, мегирам, ва он чи накоштаам, медаравам;
[23] Пас чаро пули маро ба саррофон надодӣ, то ки ман омада, онро бо фоидааш бигирам?“
[24] Ва ба ҳозирон фармуд: „Он миноро аз ӯ гирифта, ба он ки даҳ мино дорад, бидиҳед“.
[25] Ба ӯ гуфтанд: „Эй оғо! Вай даҳ мино дорад“.
[26] „Ба шумо мегӯям, ки ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;
[27] Лекин он душманони маро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо оварда, пеши ман ба қатл расонед“».
[28] Ин суханонро гуфта, Ӯ боз ба роҳ даромад ва сӯи Ерусалим равона шуд.
[29] Ва чун ба Байт‐Фоҷӣ ва Байт‐Ҳинӣ, ки бар кӯҳи Зайтун аст, наздик омад, ду шогирди Худро фиристода,
[30] Ба онҳо гуфт: «Ба он деҳа, ки рӯ ба рӯи мост, биравед; ҳамин ки вориди он шудед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, биёред;
[31] Ва агар касе аз шумо пурсад: „Чаро воз мекунед?“ — ба вай бигӯед: „Худованд ба он зҳтиёч дорад“».
[32] Фиристодагон рафта, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд.
[33] Вақте ки онҳо курраро воз мекарданд, соҳибонаш ба онҳо гуфтанд: «Чаро курраро воз мекунед?»
[34] Гуфтанд: «Худованд ба он эҳтиёҷ дорад».
[35] Ва онро назди Исо оварданд; ва ҷомаҳои худро бар курра афканда, Исоро ба он савор карданд.
[36] Ва ҳангоме ки Ӯ мерафт, ҷомаҳои худро бар роҳ мегустурданд.
[37] Вақте ки Ӯ ба фуромадгоҳи кӯҳи Зайтун наздик шуд, тамоми тӯдаи шогирдонаш шоднкунон бо овози баланд Худоро барои ҳамаи мӯъҷизаҳое ки дида буданд, ҳамду сано карда,
[38] Мегуфтанд: «Муборак аст Подшоҳе ки ба исми Худованд меояд! Осоиштагӣ дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!»
[39] Баъзе фарисиён аз миёни мардум ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Шогирдони Худро манъ кун».
[40] Дар ҷавоб гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш монанд, сангҳо нидо хоҳанд кард».
[41] Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохта, ба ҳоли он гирьён шуд
[42] Ва гуфт: «Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рӯзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сӯи осоиштагии ту мебарад! Аммо ин ҳоло аз чашмони ту ниҳон аст;
[43] Зеро рӯзҳое ба сарат меояд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо хоҳанд сохт ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг хоҳанд овард,
[44] Ва туро, ва фарзандонатро дар дохили ту, ба хок яксон хоҳанд кард, ва дар ту санге бар санге нахоҳанд гузошт, аз барои он ки ту вақти тафаққуди худро надонистӣ».
[45] Ва ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар он харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд,
[46] Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодат аст“, аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».
[47] Ва ҳар рӯз дар маъбад таълим медод. Аммо саркоҳинон ва китобдонон ва пирони қавм қасд доштанд, ки Ӯро нобуд кунанд,
[48] Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, зеро ки тамоми мардум пайваста ба сузанони Ӯ гӯш медоданд.