[1] Ва тамоми аҳли маҷлисашон бархоста, Ӯро назди Пилотус бурданд.
[2] Ва ба айбдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо ёфтаем, ки Ӯ қавми моро фосид мекунад, ба қайсар ҷизья додан намемонад ва Худро Подшоҳ Масеҳ меномад».
[3] Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Ту мегӯӣ».
[4] Пилотус ба саркоҳинон ва ба мардум гуфт: «Дар Ин Одам ҳеҷ айбе намеёбам».
[5] Лекин онҳо исрор намуда, мегуфтанд, ки Ӯ қавмро ба ошӯб меоварад ва дар тамоми Яҳудо, аз Ҷалил гирифта то ин ҷо, таълим медиҳад.
[6] Вақте ки Пилотус инро шунид, савол дод: «Магар Ӯ ҷалилист?»
[7] Ва чун донист, ки Ӯ аз вилояти Ҳиродус аст, Ӯро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рӯзҳо дар Ерусалим буд.
[8] Ҳиродус Исоро дида, хеле хурсанд шуд, зеро ки кайҳо боз Ӯро дидан мехост, чунки овозаи Ӯро шунида буд ва умед дошт, ки аз Ӯ мӯъҷизе бубинад.
[9] Ва ба Ӯ саволҳои бисьёре дод; аммо Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод.
[10] Саркоҳинон ва китобдонон истода, бо тамоми ҷидду ҷаҳд Ӯро айбдор мекарданд.
[11] Ва Ҳиродус бо сарбозони худ Ӯро басо таҳқир ва тамасхур карда ва либоси дурахшоне бар Ӯ пӯшонда, назди Пилотус гардонда фиристод.
[12] Дар ҳамон рӯз Пилотус ва Ҳиродус бо ҳамдигар дӯст шуданд, зеро ки пештар онҳо ба якдигар адоват доштанд.
[13] Пилотус саркоҳинон, сардорон ва мардумро хонда,
[14] Ба онҳо гуфт: «Ин Одамро ҳамчун фосидкунандаи қавм назди ман овардед; ва инак, ман дар пеши назари шумо тафтиш кардам ва дар Ин Одам аз он айбҳое ки шумо ба гардани Ӯ мепартоед, чизе наёфтам;
[15] Ҳамчунин Ҳиродус наёфтааст: зеро ки ман Ӯро назди вай фиристода будам, ва дар Ӯ ҳеҷ гуноҳи сазовори марг ёфт нашудааст;
[16] Пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам».
[17] Ва вай лозим буд, ба муносибати ид, касеро барои онҳо озод кунад.
[18] Аммо мардум саросар фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро қатл кун! Барои мо Бараббосро озод кун».
[19] Бараббос барои исьён ва қатле ки дар шаҳр рӯй дода буд, дар зиндон андохта шуда буд.
[20] Боз Пилотус ба онҳо сухан ронд, зеро ки мехост Исоро озод кунад.
[21] Лекин онҳо фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро маслуб кун, маслуб кун!»
[22] Бори сеюм вай ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ӯ наёфтам; пас, Ӯро ҷазо дода, озод мекунам».
[23] Вале онҳо бо фарьёди баланд исрор намуда, талаб карданд, ки Ӯ маслуб шавад; ва фарьёди онҳо ва саркоҳинон ғолиб омад.
[24] Ва Пилотус қарор дод, ки аз рӯи талаби онҳо амал кунад,
[25] Ва шахсеро, ки барои исьён ва қатл дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба иҳтиёри онҳо супурд.
[26] Вақте ки Ӯро бурданд, Шимъӯн ном шахсеро, ки аз Қурин буд ва аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то ки аз ақиби Исо бардошта барад.
[27] Ва шумораи азими мардум ва заноне ки барои Ӯ гирья ва навҳа мекарданд, аз ақиби Ӯ равона шуданд.
[28] Ва Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Эй дуҳтарони Ерусалим! Барои Ман гирья накунед, балки барои худатон ва фарзандонатон гирья кунед;
[29] Зеро айёме меояд, ки хоҳанд гуфт: „Хушо нозоён, ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд!“
[30] Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Бар мо биафтед!“ ва ба теппаҳо: „Моро бипӯшонед!“
[31] Зеро, агар бо дарахти сарсабз чунин кунанд, бо дараҳти хушк чиҳо хоҳанд кард?»
[32] Ду ҷинояткорро низ бо Ӯ барои куштан мебурданд.
[33] Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро, ва он ҷинояткоронро — яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш — маслуб карданд.
[34] Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд.
[35] Ва мардум истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо якҷоягии онҳо масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи баргузидаи Худо бошад».
[36] Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ӯ сирко медоданд
[37] Ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи Яҳудиён бошӣ, Худро наҷот деҳ».
[38] Дар болои сари Ӯ ба забонҳои юнонӣ, румӣ ва ибронӣ чунин лавҳае навишта овехта буданд:«Ин аст Подшоҳи Яҳудиён».
[39] Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ».
[40] Аммо дигаре, баръакс, вайро мазаммат намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ?
[41] Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст».
[42] Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!»
[43] Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».
[44] Тақрибан соати шашуми рӯз буд, ва тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт:
[45] Офтоб тира шуд, ва пардаи маъбад ду пора шуд.
[46] Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод.
[47] Мирисад ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Ҳақиқатан Ин Одам Одил буд».
[48] Ва тамоми мардуме ки барои ин тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин моҷаро синазанон гашта рафтанд.
[49] Вале ҳамаи шиносҳои Ӯ ва заноне ки аз Ҷалил Ӯро пайравӣ намуда омада буданд, аз дур истода, инро медиданд.
[50] Ва инак, Юсуф ном шахс, узви шӯро, марди нек ва одил,
[51] Ки бо қарор ва кори онҳо розӣ набуд, ва аз Ҳаромот ном шаҳри Яҳудо буда, худаш низ интизори Малакути Худо буд,
[52] Назди Пилотус омада, Ҷасади Исоро талаб кард;
[53] Ва онро поён фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ниҳод, ки аз санг тарошида шуда буд, ва то ҳол ҳеҷ кас дар он гузошта нашуда буд.
[54] Он рӯз рӯзи ҷумъа буд ва шанбе фаро мерасид.
[55] Ва заноне ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, аз дунболи вай рафтанд ва қабрро, ва чӣ гуна дар он Ҷасади Ӯ гузошта шуд, диданд;
[56] Ва чун баргаштанд, ҳанут ва равғани атрафшон тайёр карданд; ва рӯзи шанбе, мувофиқи ҳукми шариат, истироҳат карданд.