Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 8:12

[1] Дар он айём аз ҷониби қайсар Авғустус фармоне баромад, ки дар тамоми рӯи замин саршуморӣ гузаронанд.

[2] Дар замоне ки Кириниюс дар Сурия хукмронӣ мекард, ин саршуморӣ аввалин буд.

[3] Ва ҳама барои нависондани худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд.

[4] Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудо, ба шаҳри Довуд, ки Байт‐Лаҳм ном дорад, равона шуд, чунки ӯ аз хонадон ва авлоди Довуд буд,

[5] То худро бо Марьям, ки номзади ӯ ва ҳомиладор буд, нависонад.

[6] Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид;

[7] Ва Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобонид, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.

[8] Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд.

[9] Ва фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо бағоят ҳаросон шуданд.

[10] Фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед; зеро ки муждаи бузурге ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм ҳоҳад буд:

[11] Имрӯз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст;

[12] Ва ин аст аломат барои шумо: Кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида хоҳед ёфт».

[13] Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:

[14] «Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагӣ бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод».

[15] Вақте ки фариштагон аз пеши онҳо ба осмон сууд карданд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед, ба Байт‐Лаҳм биравем ва он чиро, ки дар он ҷо воқеъ шудааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бубинем».

[16] Ва бо шитоб омаданд, ва Марьям ва Юсуф ва Кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.

[17] Ва чун диданд, он суханеро, ки ба онҳо дар бораи Ин Кӯдак гуфта шуда буд, нақл карданд.

[18] Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чӯпонон ба онҳо нақл карданд, мутааҷҷиб шуданд.

[19] Ва Марьям ҳамаи ин суханонро дар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт.

[20] Ва чӯпонон баргашта, Худоро ҳамду сано меҳонаданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд.

[21] Вақте ки дар ҳаштрӯзагӣ Ӯро хатна карданд, ба Ӯ Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ӯро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд.

[22] Ва ҳангоме ки айёми татҳири онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ӯро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешниҳод кунанд,

[23] Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар махлуқи наринае ки батни модарро мекушояд , муқаддаси Худованд хонда мешавад»;

[24] Ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар курбонӣ кунанд.

[25] Ва инак, дар Ерусалим Шимъӯн ном марде буд, ки марди одил ва парҳезгор ва мунтазири тасаллои Исроил буд, ва Рӯҳулқудс бар ӯ буд.

[26] Ва аз Рӯҳулқудс ба ӯ маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, фавтро нахоҳад дид.

[27] Ва ӯ ба ҳидояти Рӯҳ ба маъбад омад. Ва ҳангоме ки Исои Кӯдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ӯ ба ҷо оваранд,

[28] Ӯро ба дасти худ гирифта, Худоро муборак хонд ва гуфт:

[29] «Акнун, Эй Парвардигор, бандаи Худро, мувофиқи ваъдаи Худ, ба саломатӣ ҷавоб медиҳӣ;

[30] Зеро ки чашмони ман наҷоти Туро дид,

[31] Ки онро Ту пеши ҳамаи қавмҳо муҳайё сохтӣ:

[32] Нурест, ки чашми халқҳоро кушояд, ва ҷалоли қавми Исроили Ту бошад».

[33] Ва Юсуф ва модари Ӯ аз он чи дар бораи Ӯ гуфта шуд, мутааҷҷиб гардиданд.

[34] Ва Шимъӯн онҳоро баракат дода, ба Марьям, модари Ӯ, гуфт: «Инак, Ӯ барои ғалтидан ва бархостани бисьёр касон дар Исроил ва барои аломати муноқишот таъин шудааст, —

[35] Дар ҷони Ту низ шамшере фурӯ хоҳад рафт, — то ки андешаҳои дилҳои бисьёр ошкор шавад».

[36] Дар он ҷо низ набияе, Ҳано духтари Фануил, аз сибти Ошер буд, ки хеле солхӯрда буд, ва аз давраи бакораташ ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагӣ карда буд,

[37] Ва то ҳаштоду чорсолагӣ бева буд. Вай аз маъбад дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард.

[38] Вай низ дар ҳамон соат пеш омада, Худовандро ҳамду сано хонд ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Ерусалим буданд, дар бораи Ӯ сухан ронд.

[39] Баъд аз он ки тамоми маросимро мувофиқи шариати Худованд ба анҷом расонданд, ба Ҷалил, ба шаҳри худ Носира баргаштанд.

[40] Ва Кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ӯ буд.

[41] Ҳар сол падару модари ӯ барои иди фисҳ ба Ерусалим мерафтанд.

[42] Инчунин вақте ки Ӯ дувоздаҳсола буд, онҳо аз рӯи таомули ид ба Ерусалим омаданд,

[43] Ва ҳангоме ки баъд аз итмоми айёми ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Ерусалим монд; ва инро Юсуф ва модари Ӯ пайхас нарафтанд,

[44] Ба гумони он ки Ӯ бо аҳли қофила меояд; ва як рӯз роҳ паймуда, дар миёни хешон ва ошноён ба ҷустуҷӯи Ӯ шурӯъ карданд;

[45] Ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтани Ӯ ба Ерусалим баргаштанд.

[46] Баъд аз се рӯз Ӯро дар маъбад ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод;

[47] Ва ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ мутааҷҷиб мешуданд.

[48] Чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модари Ӯ ба Ӯ гуфт: «Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунин рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман хеле ғусса хӯрда, Туро ҷустуҷӯ кардем».

[49] Ба онҳо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?»

[50] Вале онҳо ба суханоне ки Ӯ гуфт, сарфаҳм нарафтанд.

[51] Ва Ӯ бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва дар итоати онҳо буд. Ва модари Ӯ ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт.

[52] Ва Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард.

Инҷили Луқо — Chapters