Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:59

[1] Ҳамаи боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ӯ меомаданд, то ки суханони Ӯро гӯш кунанд.

[2] Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд: «Ӯ гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳо хӯрок мехӯрад».

[3] Ва Ӯ ба онҳо ин масалро гуфт:

[4] «Кист аз шумо, ки сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нӯҳро дар биёбон гузошта, аз ақиби он гумшуда намеравад, то даме ки онро биёбад?

[5] Ва чун ёфт, бо шодӣ онро бар китфи худ мегузорад;

[6] Ва ба хонаи худ омада, дӯстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегӯяд: „Бо ман шодӣ кунед, ки гӯсфанди гумшудаи худро ёфтаам“.

[7] Ба шумо мегӯям, ки дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар хоҳад буд, назар ба наваду нӯҳ одиле ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд.

[8] Ё кадом зан аст, ки даҳ дирҳам дошта бошад ва як дирҳамро гум карда, шамъе дарнагиронад ва хонаро рӯфта, бодиққат ҷустуҷӯ накунад, то даме ки онро биёбад?

[9] Ва чун ёфт, дӯстон ва ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман шодӣ кунед, ки дирҳами гумшудаи худро ёфтам“.

[10] Ба шумо мегӯям, ки дар миёни фариштагони Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад».

[11] Боз гуфт: «Шахсе ду писар дошт;

[12] Ва хурдии онҳо ба падар гуфт: „Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман деҳ“. Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард.

[13] Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии худро дар айшу нӯш исроф намуд.

[14] Вақте ки ҳамаашро сарф кард, қаҳтии сахте дар он кишвар рӯй дод, ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд;

[15] Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ӯро ба саҳрои худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад;

[16] Ва ӯ орзу дошт шиками худро аз харнубе ки хукон мехӯрданд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ӯ намедод.

[17] Оқибат ӯ ба худ омада, гуфт: „Чӣ қадаре аз муздурони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасам!

[18] Бархоста, назди падарам меравам ва ба вай мегӯям: эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам,

[19] Ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам; маро чун яке аз муздуронат қабул кун“.

[20] Ва ӯ бархоста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид.

[21] Ва писар ба вай гуфт: „Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар лоиқи он нестам, ки писари ту хонда шавам“.

[22] Аммо падар ба ғуломони худ гуфт: „Либоси беҳтарине оварда, ба ӯ бипӯшонед, ва ангуштарин ба дасташ ва мӯза ба пойҳояш бидиҳед;

[23] Ва гӯсолаи охуриро оварда, сар буред: бихӯрем ва димоғчоқӣ кунем,

[24] Зеро ки ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд“. Ва ба димоғчоқӣ шурӯъ карданд.

[25] Лекин писари калонии вай дар саҳро буд; ва ҳангоме ки баргашта, ба хона наздик шуд, садоҳои суруду сурур ба гӯшаш расид;

[26] Ва яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки ин чӣ маъно дорад?

[27] Вай ба ӯ гуфт: „Бародарат омад, ва падарат гӯсолаи охуриро сар бурид, чунки ӯро сиҳат саломат дид“.

[28] Ӯ ба хашм омада, нахост ба хона дарояд. Ва падараш баромада, ӯро ҷеғ зад.

[29] Аммо ӯ дар ҷавоби падараш гуфт: „Инак, чандин сол аст, ки ман ба ту хизмат мекунам ва ҳаргиз аз фармони ту гардан натофтаам; вале ту ҳаргиз ба ман як бузғола ҳам надодаӣ, то ки бо дӯстони худ димоғчоқӣ кунам;

[30] Ва чун ин писарат, ки дороии туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гӯсолаи охуриро сар буридаӣ“.

[31] Ба ӯ гуфт: „Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастӣ, ва ҳар он чи ман дорам, аз они туст;

[32] Аммо ба он мебоист шодӣ ва димоғчоқӣ мекардем, ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд“».

Инҷили Луқо — Chapters