[1] Ва ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гӯяд ва маъюс нашавад,
[2] Ва гуфт: «Дар шаҳре қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум.
[3] Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ӯ омада, мегуфт: „Маро аз душманонам муҳофизат намо“.
[4] Муддати дуру дарозе қозӣ беэътиноӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт: „Гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум,
[5] Лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат хоҳам кард, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад“».
[6] Ва Худованд гуфт: «Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегӯяд?
[7] Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд?
[8] Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имонро бар замин ҳоҳад ёфт?»
[9] Ҳамчунин барои касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт:
[10] «Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд.
[11] Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам:
[12] Ҳафтае ду карат рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, ушр медиҳам“.
[13] Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: „Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун“.
[14] Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад».
[15] Кӯдаконро низ назди Ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад; шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ мешуданд.
[16] Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро ки Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад;
[17] Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Малакути Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
[18] Ва сардоре аз Ӯ пурсид: «Эй Устоди некӯ! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?»
[19] Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона.
[20] Аҳкомро медони: зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун».
[21] Гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам».
[22] Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе ҳоҳӣ ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун».
[23] Лекин вай, чун инро шунид, андӯҳгин шуд, зеро ки бағоят сарватдор буд.
[24] Исо андӯҳи вайро дида, гуфт: «Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!
[25] Зеро ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад».
[26] Шунавандагон гуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?»
[27] Гуфт: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст».
[28] Петрус гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем».
[29] Ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона, ё падару модар, ё бародарон, ё хоҳарон, ё зан, ё фарзандонро аз баҳри Малакути Худо тарк кунаду
[30] Дар ин замон ҳеле зиёдтар ва дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад».
[31] Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва ҳар он чи бо забони анбиё дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал хоҳад омад:
[32] Зеро ки Ӯ ба дасти гайрияҳудиён таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро тамасхур кунанд, ҳақорат диҳанд, туфборон кунанд,
[33] Ва тозиёна зананд, бикушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ зҳьё шавад».
[34] Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пӯшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд.
[35] Вақте ки Ӯ ба Ериҳӯ наздик мешуд, кӯре дар канори роҳ нишаста, садақа мепурсид;
[36] Ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид: «Ин чист?»
[37] Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирӣ меояд.
[38] Дарҳол фарьёд карда, гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».
[39] Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба хомӯш шуданводор карданд; лекин вай боз ҳам бештар фарьёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».
[40] Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ӯ биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид:
[41] «Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту бикунам?» Гуфт: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам».
[42] Исо ба вай гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо бахшид».
[43] Вай дарҳол бино гашт ва, Худоро ситоишкунон, аз ақиби ӯ равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано хонданд.