[1] Шоул, ки ҳанӯз таҳдид ва қатл бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт
[2] Ва аз ӯ номаҳо барои куништҳои Димишқ пурсида гирифт, то ки агар марде ё занеро аз пайравони ин тариқат биёбад, бандӣ карда, ба Ерусалим оварад.
[3] Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ӯ дурахшид;
[4] Ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?»
[5] Гуфт: «Худовандо, Ту кистӣ?» Худованд гуфт: «Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; лагад заданат ба сихак душвор аст».
[6] Ва ӯ ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт: «Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ба ҷо оварам?» Ва Худованд дар ҷавоб гуфт: «Бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ».
[7] Аммо онҳое ки ҳамсафари ӯ буданд, моту мабҳут меистоданд, зеро ки он садоро шуниданд, лекин ҳеҷ касро надиданд.
[8] Шоул аз замин бархост, ва чашмонаш кушода бошад ҳам, ҳеҷ касро намедид; аз дасташ гирифта, ӯро ба Димишқ бурданд;
[9] Дар он ҷо се рӯз нобино монд, ва чизе нахӯрд ва нанӯшид.
[10] Дар Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд; Худованд дар рӯъё ба ӯ гуфт: «Эй Ханониё!» Ҷавоб дод: «Лаббай, Худовандо!»
[11] Худованд ба ӯ гуфт: «Бархез ва ба кӯчае ки Рост ном дорад, бирав ва Шоул ном тарсусиро дар ҳонаи Яҳудо суроғ кун, ки ӯ ҳоло ба дуо машғул аст
[12] Ва Ханониё ном шахсеро дар рӯъё дидааст, ки омада, бар ӯ даст гузоштааст, то ки бино шавад».
[13] Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисьёр касон шунидаам, ки дар Ерусалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст;
[14] Дар ин ҷо низ аз саркоҳинон изн дорад, ки ҳамаи касонеро, ки исми Туро мехонанд, бандӣ кунад».
[15] Аммо Худованд ба вай гуфт: «Ту бояд биравӣ, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқхо ва подшоҳон ва банӣ‐Исроил эълон намояд;
[16] Зеро ки Ман ба ӯ нишон хоҳам дод, ки барои исми Ман ӯ чӣ қадар азобу уқубат бояд бикашад».
[17] Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ».
[18] Дарҳол аз чашмони ӯ чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархоста, таъмид гирифт
[19] Ва ҳӯрок ҳӯрда, қувват гирифт. Якчанд рӯз Шоул бо шогирдон дар Димишқ монд;
[20] Дарҳол дар куништҳо дар ҳаққи Исо мавъиза кардан гирифт ва гуфт, ки Ӯ Писари Худост.
[21] Ҳар кӣ суханонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт: «Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомада буд, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинон барад?»
[22] Аммо Шоул дар мавъизаи худ торафт бештар қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро дар ҳайрат андохта, исбот мекард, ки Ҳамин Исо Масеҳ аст.
[23] Баъд аз гузаштани якчанд вақт яҳудиён қасд карданд, ки ӯро бикушанд.
[24] Шоул аз қасди онҳо хабардор шуд; вале онҳо шабу рӯз назди дарвозаи шахр поида меистоданд, то ки ӯро бикушанд.
[25] Шогирдон ӯро шабона гирифта, дар сабаде гузоштанд ва аз девори шаҳр поён фуроварданд.
[26] Вақте ки Шоул ба Ерусалим расид, ҳост ба шогирдон ҳамроҳ шавад, лекин ҳама аз ӯ метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ӯ шогирд аст.
[27] Он гоҳ Барнаббо ӯро гирифта, назди ҳаввориён овард ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худовандро дар роҳ дидааст, ва Худованд ба ӯ сухан гуфтааст, ва чӣ гуна ӯ дар Димишқ ба исми Исо далерона мавъиза намудааст.
[28] Пас аз он ӯ дар Ерусалим бо онҳо омаду рафт мекард ва ба исми Исои Худованд далерона мавъиза менамуд.
[29] Бо яҳудиёни юнонизабон низ гуфтугӯ ва мубоҳиса мекард, ва онҳо қасд карданд, ки ӯро бикушанд.
[30] Чун бародарон аз ин хабардор шуданд, ӯро ба Қайсария фиристоданд ва аз он ҷо ба Тарсус гусел карданд.
[31] Он вақт аҳли калисоҳо дар сар то сари Яҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рӯҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд.
[32] Ва воқеъ шуд, ки Петрус дар тамоми ноҳия гашта, назди муқаддасони сокини Лидда низ омад;
[33] Дар он ҷо Аниёс ном шаҳсеро дид, ки ҳашт сол боз фалаҷ шуда, болои бистар хобида буд.
[34] Петрус ба ӯ гуфт: «Эй Аниёс! Исои Масеҳ туро шифо медиҳад; аз бистарат бархез». Ӯ дарҳол бархост,
[35] Ва ҳамаи сокинони Лидда ва Сорӯн ӯро дида, ба Худованд рӯй оварданд.
[36] Дар Ёфо шогирде буд, зане ба номи Тобито, ки маънояш Ғизол аст, ва ӯ хеле некӯкор буд ва садақоти бисьёре медод.
[37] Ва воқеъ шуд дар он айём, ки ӯ касал шуда, мурд, ва ӯро ғусл дода, дар болоҳонае гузоштанд.
[38] Азбаски Лидда ба Ёфо наздик буд, ва шогирдон шунида буданд, ки Петрус дар он ҷост, ду касро назди ӯ фиристода, хоҳиш карданд, ки бо зудӣ назди онҳо биёяд.
[39] Петрус бархоста, бо онҳо рафт, ва чун расид, ӯро ба он болоҳона бароварданд, ва ҳамаи бевазанон гирьякунон назди ӯ меистоданд ва куртаю ҷомаҳоеро, ки Ғизол дар зиндагии худ дӯхта буд, ба ӯ нишон медоданд.
[40] Петрус ҳамаро берун карда, зону зад ва дуо гуфт ва ба ҷасад рӯй оварда, гуфт: «Эй Тобито! Барҳез!» Вай дарҳол чашмонашро кушод ва Петрусро дида, бинишаст.
[41] Аз дасташ гирифта, ба по хезонд ва муқаддасону бевазанонро даъват намуда, ӯро ба онҳо зинда супурд.
[42] Ин ҳодиса дар тамоми Ёфо овоза шуд, ва бисьёр касон ба Худованд имон оварданд.
[43] Чандин рӯз ӯ дар Ёфо назди Шимъӯн ном даббоғе монд.