Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 7:01

[1] Шоул низ ба қатли ӯ розӣ буд. Дар он рӯз таъқиботи шадиде бар зидди аҳли калисои Ерусалим ба амал омад, ва ҳама, ғайр аз ҳаввориён, ба ноҳияи Яҳудо ва Сомария пароканда шуданд;

[2] Мардуми некӯкор Истефанусро дафн карда, барои ӯ мотами азиме гирифтанд.

[3] Аммо Шоул аҳли калисоро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду дар зиндон меандохт.

[4] Дар ин миён онҳое ки пароканда шуда буданд, ба ҳар ҷое ки мерафтанд, аз калом башорат медоданд.

[5] Чунончи, Филиппус ба як шаҳри Сомария омада, ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард;

[6] Мардум ба суҳанони Филиппус якдилона гӯш медоданд ва мӯъҷизотеро, ки ба амал меовард, мешуниданд ва медиданд;

[7] Зеро ки арвоҳи палид аз бисьёр мубталоён наъра кашида берун мешуданд, ва мафлуҷону лангони бисьёре шифо меёфтанд,

[8] Ва шодии азиме дар он шаҳр падид омад.

[9] Шимъӯн ном марде дар он шаҳр буд, ки пештар ҷодугарӣ мекард ва мардуми Сомарияро дар ҳайрат меандохт ва худро шахси бузурге вонамуд месохт;

[10] Ҳама, аз хурд то калон, ба ӯ гӯш андохта, мегуфтанд: «Ин шахс қуввати азими Худост».

[11] Аз он сабаб ба ӯ гӯш меандохтанд, ки ӯ муддати дарозе онҳоро бо ҷодугарии худ ба ҳайрат меовард.

[12] Лекин вақте ки ба башорати Филиппус дар бораи Малакути Худо ва исми Исои Масеҳ имон оварданд, мардон ва занон таъмид гирифтанд.

[13] Худи Шимъӯн низ имон овард ва таъмид гирифт ва ҳамеша ҳамроҳи Филиппус буд; ва аз дидани аломот ва мӯъҷизоти азиме ки ба амал меомад, дар ҳайрат мемонд.

[14] Ҳаввориёне ки дар Ерусалим буданд, чун шуниданд, ки аҳли Сомария каломи Худоро қабул кардаанд, Петрус ва Юҳанноро назди онҳо фиристоданд,

[15] Ва чун омаданд, барои онҳо дуо гуфтанд, то ки Рӯҳулқудсро қабул кунанд:

[16] Зеро ки Рӯҳ ҳанӯз бар ҳеҷ кадоме аз онҳо нозил нашуда буд, балки фақат ба исми Исои Худованд таъмид ёфта буданд;

[17] Пас, дастҳои худро бар сари онҳо гузоштанд, ва онҳо Рӯҳулқудсро қабул карданд.

[18] Шимъӯн, чун дид, ки бо дастгузории ҳаввориён Рӯҳулқудс ато мешавад, ба онҳо пул овард

[19] Ва гуфт: «Ин қудратро ба ман низ бидиҳед, то ки ба ҳар кас даст гузорам, Рӯҳулқудсро қабул кунад».

[20] Аммо Петрус ба вай гуфт: «Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро ба бадали пул биҳарӣ;

[21] Туро аз ин чиз насибе ва баҳрае нест, зеро ки дилат дар ҳузури Худо рост намебошад;

[22] Акнун аз ин шарорати ҳуд тавба кун ва ба Худо дуо гӯй: шояд, ин қасди дилат омурзида шавад;

[23] Зеро мебинам, ки пур аз заҳраи талх ва гирифтори қайди шарорат ҳастӣ».

[24] Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Шумо барои ман ба Худованд дуо гӯед, то ки чизе аз он чи гуфтед, ба ман рӯй надиҳад».

[25] Онҳо, пас аз он ки шаҳодат доданд ва каломи Худовандро мавъиза карданд, ба Ерусалим баргаштанд ва дар бисьёре аз деҳоти Сомария аз Инҷил башорат доданд.

[26] Фариштаи Худованд ба Филиппус гуфт: «Бархез ва ба тарафи ҷануб, ба роҳе ки аз Ерусалим сӯи Ғазза меравад, ва роҳи биёбон аст, равона шав».

[27] Бархост ва равона шуд. Ва инак, шаҳси ҳабашӣ, хоҷасаро ва кабири Кандока маликаи Ҳабаш, нигаҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Ерусалим барои ибодат омада буд,

[28] Ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи набиро мехонд.

[29] Рӯҳ ба Филиппус гуфт: «Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳ шав».

[30] Филиппус ба он ҷо давида, шунид, ки китоби Ишаъёи набиро меҳонад. Гуфт: «Оё мефаҳмӣ он чиро, ки мехонӣ?»

[31] Гуфт: «Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?» Ва аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ӯ бинишинад.

[32] Порчае ки аз Навиштаҳо мехонд, ин буд: «Мисли гӯсфанде Ӯро ба забҳ бурданд, ва мисли баррае ки назди пашмтарошаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард;

[33] Дар таҳқири Ӯ инсофро аз Ӯ гирифтанд, ва насли Ӯро кӣ шарҳ хоҳад дод? Зеро ки ҳаёти Ӯ аз замин қатъ карда шуд».

[34] Он хоҷасаро ба Филиппус гуфт: «Аз ту саволе дорам, ки набӣ инро дар ҳаққи кӣ мегӯяд? Оё дар ҳаққи худаш ё дар ҳаққи каси дигаре?»

[35] Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон Навишта сар карда, ба ӯ аз Исо башорат дод.

[36] Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: «Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?»

[37] Филиппус гуфт: «Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ, ҷоиз аст». Вай дар ҷавоб гуфт: «Имон дорам, ки Исои Масеҳ Писари Худост».

[38] Сонӣ фармон дод, ки аробаро нигоҳ дорад, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод.

[39] Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро даррабуд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод.

[40] Аммо Филиппус дар Ашдӯд пайдо шуд ва дар ҳамаи шаҳрҳо гашта, башорат медод, то даме ки ба Қайсария расид.

Аъмоли Ҳаввориён — Chapters