[1] Дар Иқуния бо ҳам ба куништи яҳудиён даромада, тавре сухан гуфтанд, ки шумораи зиёде аз яҳудиён ва юнониён имон оварданд.
[2] Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, дилҳои гайрияҳудиёнро шӯронида, ба муқобили бародарон барангехтанд.
[3] Муддати дарозе дар он ҷо монда, дар бораи Худованд далерона сухан мегуфтанд, ва Ӯ ба каломи файзи Худ шаҳодат дода, ба василаи онҳо аломоту мӯъҷизот ато мекард.
[4] Дар ин миён мардуми шаҳр ду тақсим шуданд, ки як қисмашон тарафдори яҳудиён ва қисми дигарашон тарафдори ҳаввориён буданд.
[5] Вақте ки гайрияҳудиён ва яҳудиён бо сардорони худ ба онҳо ҳуҷум оварданд, то ки онҳоро тамасхур ва сангсор кунанд,
[6] Онҳо огоҳӣ ёфта, ба Лустра ва Дарба, шаҳрҳои Лекония ва атрофи он фирор карданд,
[7] Ва дар он чо башорат медоданд.
[8] Дар Лустра марде нишаста буд, ки пойҳояш беҳаракат буд ва аз шиками модар ланг буда, ҳаргиз роҳ нарафта буд.
[9] Вай сухани Павлусро мешунид; Павлус ба вай нигарист ва чун дид, ки имон ба шифо дорад,
[10] Бо овози баланд ба вай гуфт: «Бар пойхои худ рост биист». Вай дарҳол ҷаста хесту ба роҳ рафтан даромад.
[11] Вақте ки мардум ин амали Павлусро диданд, овози худро баланд карда, ба забони леконӣ гуфтанд: «Худоён ба сурати инсон назди мо фуромадаанд».
[12] Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, зеро ки ӯ сарвари нотиқон буд.
[13] Коҳини маъбади Зевс, ки дар беруни шаҳр воқеъ буд, барзаговон ва тоҷҳои гул назди дарвозаи шаҳр овард ва мехост бо якҷоягии мардум қурбонӣ кунад.
[14] Ҳамин ки ҳаввориён Барнаббо ва Павлус инро фаҳмиданд, ҷомаҳои худро дарронида, ба миёни мардум давида даромаданд ва фарьёд зада гуфтанд:
[15] «Эй мардон! Чаро чунин мекунед? Мо низ мисли шумо одамони ноқис ҳастем ва ба шумо башорат медиҳем, ки аз бутҳои худ гашта, ба Худои Ҳай руҷӯъ намоед, ки Ӯ осмон ва замин ва баҳр ва он чиро, ки дар онҳост, офаридааст,
[16] Ва дар наслҳои пешина ҳамаи халқҳоро гузоштааст, ки мувофиқи тариқати худ рафтор кунанд,
[17] Гарчанде ки ҳамеша бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад».
[18] Бо ин суханон мардумро аз қурбонӣ кардан барояшон базӯр боздоштанд.
[19] Дар ин миён аз Антиёхия ва Иқуния яҳудиён расида омаданд ва мардумро барангехта, Павлусро сангсор карданд ва, ба гумони он ки мурдааст, аз шаҳр берун кашиданд.
[20] Вақте ки шогирдон дар гирди ӯ ҷамъ омаданд, бархоста, ба шаҳр даромад ва фардои он бо Барнаббо сӯи Дарба равона шуд.
[21] Дар ин шаҳр низ башорат дода, шогирдони зиёде пайдо карданд ва боз ба Лустра, Иқуния ва Антиёхия ворид шуданд.
[22] Ва дилҳои шогирдонро тақвият дода, панд мегуфтанд, ки «дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисьёр дохили Малакути Худо гардем».
[23] Дар ҳар калисо барои онҳо пиронро таъин карданд ва бо дуо ва рӯза онҳоро ба Худованде ки ба Ӯ имон оварда буданд, супурданд.
[24] Аз Писидия гузашта, ба Памфилия омаданд
[25] Ва дар Пирҷа каломи Худовандро мавъиза намуда, ба Аттолия фуромаданд;
[26] Боз ба киштӣ савор шуда, ба Антиёхия рафтанд, ки дар ҳамон ҷо онҳо, ба хотири хизмате ки ба ҷо оварданд, ба файзи Худо супурда шуда буданд.
[27] Чун расиданд, аҳли калисоро ҷамъ оварда, аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд ва чӣ гуна Ӯ дарвозаи имонро ба рӯи гайрияҳудиён кушода буд, нақл карданд;
[28] Ва муддати дарозе дар он ҷо бо шогирдон монданд.