[1] Ба Дарба ва Лустра омад. Ва инак, Тимотиюс ном шогирде дар он ҷо буд, ки модараш яҳудизани имондор, лекин падараш юнонӣ буд,
[2] Ва бародарони сокини Лустра ва Иқуния ӯро таъриф мекарданд.
[3] Павлус майл дошт ӯро ҳамроҳи худ бибарад, ва ӯро гирифта, ба хотири яҳудиёне ки дар он ноҳия буданд, хатна кард, зеро ки ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонӣ буд.
[4] Онҳо дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки ҳаввориён ва пирон дар Ерусалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то ки аз рӯи он дастурҳо амал кунанд.
[5] Калисоҳо дар имон мустаҳкам мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд.
[6] Вақте ки аз Фриҷия ва кишвари Ғалотия мегузаштанд, Рӯҳулқудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза намоянд.
[7] Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанӣ шуданд, лекин Рӯҳ ба онҳо иҷозат надод.
[8] Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трӯос фуромаданд.
[9] Ҳамон шаб ба Павлус рӯъёе аён шуд, ки инак шахсе аз аҳли Мақдуния назди ӯ истода буд ва илтимос карда, мегуфт: «Ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон».
[10] Ҳамин ки ӯ ин рӯъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанӣ шудем, зеро яқин донистем, ки Худованд моро даъват намудааст, ки дар он ҷо башорат диҳем.
[11] Аз Трӯос бо киштӣ рафта, рост ба Сомӯтрокӣ расидем ва рӯзи дигар ба Ниёпӯлис равона шудем;
[12] Аз он ҷо ба Филиппӣ рафтем, ки шаҳри аввали вилояти Мақдуния, қасабаи муҳоҷирнишин буд; дар он шаҳр якчанд рӯз истодем.
[13] Рӯзи шанбе аз шаҳр берун шуда, дар соҳили дарьё, ки он ҷо одатан ибодатгоҳ буд, нишастем ва бо заноне ки дар он ҷо ҷамъ омада буданд, гуфтугӯ кардем.
[14] Лидия ном занаки худопарасти арғувонфурӯш, ки аз шаҳри Тиётира буд, гуфтугӯи моро гӯш мекард; Худованд дили ӯро кушода буд, то ки суҳанони Павлусро бишнавад.
[15] Вақте ки ӯ ва аҳли байташ таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар шумо яқин дониста бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, иқомат кунед». Ӯ он қадар исрор кард, ки мо розӣ шудем.
[16] Як рӯз, ки мо ба ибодатгоҳ мерафтем, ба мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯӣ ба оғоёни худ даромади калоне меовард.
[17] Вай аз қафон мо ва Павлус омада, фарьёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд.
[18] Азбаски чандин рӯз вай ҳамин тавр рафтор кард, Павлус дарғазаб шуд ва ба вай рӯ гардонда, ба он рӯҳ гуфт: «Ба исми Исои Масеҳ туро амр мефармоям, ки аз вай берун баро». Ва дарҳол аз вай берун омад.
[19] Чун оғоёни вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд;
[20] Вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд: «Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шӯр овардаанд
[21] Ва расму таомулеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардани он ба мо, румиён, чоиз нест».
[22] Мардум низ бар онҳо қиём карданд, ва волиён ҷомаҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд;
[23] Пас аз задани шаттаи бисьёр, онҳоро дар зиндон андохтанд ва ба зиндонбон амр фармуданд, ки онҳоро дурустакак нигаҳбонӣ кунад;
[24] Чун вай ин тавр амре гирифт, онҳоро дар зиндони дохилӣ маҳбус кард ва ба пойҳошон кунда зад.
[25] Дар қарибии нисфи шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро ҳамду сано мехонданд, ва бандиён онҳоро мешуниданд.
[26] Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуд, ва ҳама завлонаҳо ба замин афтод.
[27] Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро бикушад, ба гумони он ки бандиён гурехта рафтаанд.
[28] Аммо Павлус бо овози баланд гуфт: «Ба худ осебе нарасон, зеро ки ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем».
[29] Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод;
[30] Сонӣ онҳоро берун оварда, гуфт: «Эй оғоён! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?»
[31] Гуфтанд: «Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳӣ ёфт».
[32] Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли байташ мавъиза карданд.
[33] Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро берун оварда, захмҳошонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли байташ таъмид гирифтанд,
[34] Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хӯрок монд, ва бо тамоми аҳли байти худ шод шуд, ки ба Худо имон овард.
[35] Вақте ки субҳ дамид, волиён мулозимонро фиристоданд, ки бигӯянд: «Он шахсонро ҷавоб деҳ».
[36] Зиндонбон инро ба Павлус хабар дода, гуфт: «Волиён кас фиристодаанд, ки шуморо ҷавоб диҳам; пас, берун омада, ба саломатӣ биравед».
[37] Вале Павлус ба онҳо гуфт: «Моро, ки румӣ ҳастем, бе муҳокима дар пеши назари тамоми мардум калтаккорӣ карда, дар зиндон андохтанд, ва акнун мехоҳанд пинҳонӣ ҷавоб диҳанд? Не, бигзор худашон омада, моро берун оваранд».
[38] Мулозимон ин суханонро ба волиён расонданд, ва чун шуниданд, ки румӣ ҳастанд, ба ҳарос афтоданд
[39] Ва омада, аз онҳо узр пурсиданд ва берун оварда, хоҳиш карданд, ки аз шаҳр бираванд.
[40] Онҳо аз зиндон берун омада, ба хонаи Лидия шитофтанд ва бо бародарон вохӯрда ва онҳоро насиҳат карда, равона шуданд.