Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 8:35

[1] Дар Қайсария Корнилюс ном марде мирисади фавҷи ба ном Итолиявӣ буд

[2] Ва бо тамоми аҳли байташ парҳезгор ва ҳудотарс буда, ба қавм садақоти бисьёре медод ва ҳамеша назди Худо дуо мегуфт.

[3] Рӯзе, тақрибан соати нӯҳ, фариштаи Худоро ошкоро дар рӯъё дид, ки назди ӯ омада, гуфт: «Эй Корнилюс!»

[4] Ӯ бар вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт: «Худовандо, чӣ мефармоӣ?» Ба ҷавоби ӯ гуфт: «Дуоҳо ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфтаанд;

[5] Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо:

[6] Ӯ назди Шимъӯн ном даббоғе ки хонааш дар соҳили баҳр аст, меҳмон аст; ӯ ба ту хоҳад гуфт, ки туро чӣ бояд кард».

[7] Чун он фариштае ки бо Корнилюс сухан гуфт, нопадид шуд, ӯ ду нафар аз навкарони худ ва як сарбози парҳезгорро, аз онҳое ки дар хизматаш буданд, даъват намуд

[8] Ва тамоми ҳодисаро ба онҳо нақл карда, онҳоро ба Ёфо фиристод.

[9] Фардои он, ки онҳо роҳ паймуда, ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус тақрибан соати шаш ба боми хона баромад, то ки дуо гӯяд.

[10] Дар он ҷо гурусна монда, хост чизе бихӯрад, ва ҳангоме ки барои ӯ муҳайё мекарданд, ҳолати бехудӣ ӯро фаро гирифт,

[11] Ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сӯи ӯ нозил мешуд, монанди суфраи калоне ки аз чор гӯшааш овезон ба замин мефуромада бошад;

[12] Дар дохили он ҳар гуна чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳазандагон ва мурғони ҳаво буданд.

[13] Хитобе ба гӯшаш расид, ки мегуфт: «Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихӯр!»

[14] Аммо Петрус гуфт: «Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид нахӯрдаам».

[15] Бори дигар хитобе ба гӯшаш расид, ки мегуфт: «Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нахон».

[16] Ин ҳодиса се бор такрор ёфт, ва он зарф ба осмон баромад.

[17] Чун Петрус бисьёр мутаҳайир шуда, фикр мекард, ки ин рӯъё чӣ маънӣ дошта бошад, фиристодагони Корнилюс ҳонаи Шимъӯнро суроғ карда, назди дарвозаи он омаданд

[18] Ва нидо карда, пурсиданд: «Оё Шимъӯне ки лақабаш Петрус аст, дар ин ҷост?»

[19] Дар сурате ки Петрус ҳанӯз дар бораи рӯъё андеша мекард, Рӯҳ ба ӯ гуфт: «Инак, се мард туро суроғ мекунанд;

[20] Пас, барҳоста, фуруд ой ва ҳеҷ шубҳа накарда, ҳамроҳи онҳо бирав, зеро ки Ман онҳоро фиристодаам».

[21] Петрус назди одамоне ки аз ҷониби Корнилюс сӯи ӯ фиристода шуда буданд, фуромада, гуфт: «Манам он касе ки суроғ мекунед; ба чӣ кор омадаед?»

[22] Гуфтанд: «Корнилюси мирисад, ки марди некӯкор ва худотарс ва назди тамоми қавми яҳудӣ некном аст, аз фариштаи муқаддас фармон гирифтааст, ки туро ба хонаи худ даъват намояд ва суханонатро бишнавад».

[23] Онҳоро ба хона таклиф карда, зиёфат дод, ва рӯзи дигар бархоста, ҳамроҳашон равона шуд, ва чанд нафар аз бародарон, ки аҳли Ёфо буданд, бо ӯ рафтанд.

[24] Фардои он ба Қайсария расиданд. Корнилюс, ки хешу табор ва дӯстони наздикашро даъват карда буд, ба онҳо интизорӣ дошт.

[25] Вақте ки Петрус дохили хона мешуд, Корнилюс ӯро пешвоз гирифт ва бар пойҳояш афтода, таъзим кард.

[26] Аммо Петрус ӯро ба по хезонда, гуфт: «Бархез, зеро ки ман низ инсон ҳастам».

[27] Бо ӯ сӯҳбаткунон ба хона даромада, дид, ки мардуми бисьёре ҷамъ омадаанд;

[28] Ба онҳо гуфт: «Шумо ҳуб медонед, ки ба яҳудӣ бо шахси бегона муошират доштан ё наздик шудан мамнӯъ аст, вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё наҷис надонам;

[29] Бинобар ин, вақте ки даъват шудам, бечуну чаро омадам, ва акнун мепурсам: аз барои чӣ маро даъват намудаед?»

[30] Корнилюс гуфт: «Чор рӯз пеш аз ин ман то ҳамин соат рӯза доштам ва дар соати нӯҳум дар хонаи худ дуо мегуфтам, ки ногоҳ шахсе бо либоси нуронӣ пеши ман пайдо шуд

[31] Ва гуфт: „Эй Корнилюс! Дуоҳои ту мустаҷоб шуд ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфт;

[32] Акнун ба Ёфо фиристода, Шимъӯнро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо: ӯ дар хонаи Шимъӯн ном даббоғе дар соҳили баҳр меҳмон аст; ӯ чун биёяд, бо ту сухан хоҳад ронд“.

[33] Дарҳол назди ту фиристодам, ва ту ҳуб кардӣ, ки омадӣ; алҳол ҳамаамон дар ҳузури Худо ҳозирем, то ҳар он чиро, ки Худо ба ту фармудааст, бишнавем».

[34] Петрус ба сухан оғоз карда, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад.

[35] Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст.

[36] Ӯ каломи Худро ба банӣ‐Исроил фиристода, ба василаи Исои Масеҳ, ки Худованди ҳама аст, башорати сулҳу осоиштагӣ дод.

[37] Шумо аз воқеае ки дар сар то сари Яҳудо рӯй дод, хабардор ҳастед, ки он баъд аз таъмиде ки Яҳьё мавъиза намуд, аз Ҷалил оғоз шуда буд:

[38] Исои Носириро Худо бо Рӯҳулқудс ва қуввати Худ тадҳин кард, ва Ӯ ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар қайди иблис буданд, шифо мебахшид, зеро ки Худо бо Ӯ буд;

[39] Мо шоҳидони ҳамаи он корҳое ҳастем, ки Ӯ дар кишвари яҳудиён ва дар Ерусалим ба ҷо овард, ва онҳо Ӯро ба салиб овехта, куштанд.

[40] Худо Ӯро дар рӯзи сеюм эҳьё кард, ва Ӯро зоҳир сохт.

[41] Аммо на бар тамоми қавм, балки ба шохидоне ки Худо пешакӣ баргузида буд, яъне ба моён, ки баъд аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, бо Ӯ хӯрдаем ва нӯшидаем,

[42] Ва Ӯ ба мо фармуд, ки ба мардум мавъиза намоем ва шаҳодат диҳем, ки Худо Ӯро Довари зиндагон ва мурдагон таъин кардааст.

[43] Тамоми анбиё бар Ӯ шаҳодат медиҳанд, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ба василаи исми Ӯ гуноҳҳояш омурзида ҳоҳад шуд».

[44] Ин суханон ҳанӯз бар забони Петрус буд, ки Рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони калом нозил шуд,

[45] Ва имондорони махтун, ки ҳамроҳи Петрус омада буданд, дар ҳайрат афтоданд, ки атои Рӯҳулқудс ба гайрияҳудиён низ ҷорӣ шудааст,

[46] Зеро шуниданд, ки онҳо ба забонҳо суҳан ронда, Худоро ҳамду сано мехонанд. Он гоҳ Петрус гуфт:

[47] «Оё касе метавонад ба онҳое ки Рӯҳулқудсро мисли мо низ ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?»

[48] Ва фармуд, ки онҳоро ба исми Исои Масеҳ таъмид диҳанд. Ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки якчанд рӯз назди онҳо бимонад.

Аъмоли Ҳаввориён — Chapters