[1] Дар он замон подшоҳ Ҳиродус дасти тааддӣ бар баъзе аз аҳли калисо дароз кард, то ки онҳоро азоб диҳад.
[2] Ва Яъқуб, бародари Юҳанноро ба шамшер кушт;
[3] Чун дид, ки ин ба яҳудиён писанд афтод, Петрусро низ дастгир кард, ки ин дар айёми иди фатир буд,
[4] Ва ӯро гирифта, ба зиндон андохт ва ба чор дастаи чоргонаи сарбозон супурд, ки ӯро посбонӣ кунанд, зеро ният дошт, ки баъд аз иди фисҳ ӯро назди қавм берун оварад.
[5] Пас, Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аммо аҳли калисо барои ӯ назди Худо пайваста дуо мегуфтанд.
[6] Дар ҳамон шабе ки Ҳиродус касди берун овардани ӯро дошт, Петрус, бастаи ду занҷир, дар миёни ду сарбоз ҳобида буд, ва дарбонон зиндонро посбонӣ мекарданд.
[7] Ва инак, фариштаи Худованд назди ӯ ҳозир шуд, ва рӯшноӣ дар он ҳона дурахшид; ба паҳлуи Петрус зада, ӯро бедор кард ва гуфт: «Зуд барҳез». Дарҳол занҷирҳо аз дастҳояш афтод.
[8] Фаришта ба ӯ гуфт: «Камари худро бибанд ва кафш бар пой кун». Ва чунин кард. Сонӣ ба ӯ гуфт: «Ҷомаи худро бипӯш ва аз қафои ман биё».
[9] Берун омада, аз қафои вай равона шуд, ва надонист, ки он чи аз фаришта содир шуд, воқеист, балки гумон мекард, ки ин рӯъёест.
[10] Аз пеши посбонони аввал ва дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине ки ба сӯи шаҳр мебурд, расиданд, ва он худ аз худ пеши рӯи онҳо кушода шуд; онҳо берун рафта, аз як кӯча гузаштанд, ки ногаҳон фаришта аз пеши ӯ нопадид шуд.
[11] Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худованд фариштаи Худро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус ва аз он чи қавми яҳудӣ чашм доштанд, раҳо кард».
[12] Инро аз фикри худ гузаронда, ба ҳонаи Марьям, модари Юҳанно, ки лақабаш Марқӯс буд, омад, ки дар он ҷо касони бисьёре ҷамъ шуда, дуо мегуфтанд.
[13] Вақте ки дарвозаро кӯфт, Рудо ном канизе баромад, то ки воз кунад,
[14] Ва овози Петрусро шиноҳта, ба ҷои он ки дарвозаро кушояд, аз шодӣ ба ҳона давида даромад ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст.
[15] Ба вай гуфтанд: «Магар девона шудаӣ?» Аммо вай ба гапаш исрор кард. Гуфтанд: «Ин фариштаи ӯст».
[16] Аммо Петрус пайваста тақ‐тақ мекард; вақте ки кушоданд, ӯро дида, дар ҳайрат афтоданд.
[17] Ӯ бо дасташ ишорат кард, ки хомӯш бошанд, ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худованд ӯро аз зиндон берун овард; ва гуфт: «Инро ба Яъқуб ва ба бародарон ҳабар диҳед». Сонӣ берун баромада, ба ҷои дигар рафт.
[18] Чун субҳ дамид, изтироби бузурге дар байни сарбозон афтод, ки Петрусро чӣ шуд,
[19] Ва Ҳиродус, чун ӯро талабида наёфт, посбононро истинтоқ карда, фармуд, ки онҳоро ба қатл расонанд, ва худаш аз Яҳудо ба Қайсария рафта, дар он ҷо иқомат кард.
[20] Ҳиродус ба мардуми Сӯр ва Сидӯн бисьёр ҳашмгин буд, ва онҳо, маслиҳатро ба як ҷо монда, назди ӯ омаданд ва Блостусро, ки нозири ҳобгоҳи подшоҳ буд, ба тарафи худ кашида, талаби сулҳ карданд, чунки диёрашон аз кишвари подшоҳ асбоби маишат меёфт.
[21] Дар рӯзи таъиншуда Ҳиродус либоси шоҳона дар бар кард ва бар маснади хукумат нишаста, ба онҳо нутқ кард,
[22] Ва мардум нидо карда гуфтанд, ки ин овози Худост, на овози инсон.
[23] Лекин баногоҳ фариштаи Худованд ӯро зад, зеро ки ӯ Худоро ҷалол надод, ва кирмҳо ӯро хӯрданд, ва ӯ мурд.
[24] Аммо каломи Худо торафт бештар интишор меёфт.
[25] Барнаббо ва Шоул, баъд аз иҷрои хизматашон, аз Ерусалим баргаштанд, ва Юҳанноро, ки лақабаш Марқӯс буд, ҳамроҳи худ оварданд.