Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 7:50

[1] Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд;

[2] Баногоҳ ғулғулае, мисли садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми ҳонаро пур кард,

[3] Ва забонаҳои аз ҳам чудое, мисли забонаҳои оташ, ба онҳо зоҳир шуда, якто‐якто бар ҳар яке аз онҳо қарор гирифт.

[4] Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати такаллум баҳшид, ба забонҳои дигар‐дигар ба сухан гуфтан шурӯъ карданд.

[5] Дар Ерусалим яҳудиён, одамони худотарсе ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сукунат доштанд.

[6] Ҳангоме ки он ғулғула баланд шуд, мардуми бисьёре ҷамъ омада, дар ҳайрат афтоданд, зеро ки ҳар кас ба забони ҳудаш сухани онҳоро мешунид.

[7] Ва ҳама моту мабҳут ва мутааҷҷиб шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилӣ нестанд?

[8] Пас чӣ гуна ҳар яке аз мо сухани онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем?

[9] Мо, ки портиён ва модиён ва эломиён, ва сокинони байнаннаҳрайн, Яҳудо ва Қаппадукия, Понтус ва вилояти Осиё,

[10] Фриҷия ва Памфилия, Миср ва ноҳияи Либия, ки дар наздикии Қурин аст, ва зиёратчиёни румӣ, ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул кардаанд,

[11] Ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз кибриёи Худо ба забонҳои худамон мешунавем».

[12] Ҳама мутааҷҷиб шуда ва дар ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ маъно дорад?»

[13] Вале баъзе касон истеҳзокунон мегуфтанд: «Инҳо май хӯрда, маст шудаанд».

[14] Он гоҳ Петрус, бо он ёздаҳ нафар, бархоста ва овози худро баланд карда, ба онҳо гуфт: «Эй мардони Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим! Инро бидонед ва суханони маро гӯш кунед:

[15] Инҳо маст нестанд, чунон ки шумо гумон мекунед, зеро ки ҳоло соати сеи рӯз аст,

[16] Балки ин ҳамон чиз аст, ки Юили набӣ гуфтааст:

[17] „Ва дар рӯзҳои охир, мегӯяд Худо, чунин хоҳам кард: Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарону духтарони шумо нубувват хоҳанд кард, ва ҷавонони шумо рӯъёҳо ва пирони шумо хобҳо хоҳанд дид;

[18] Ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ дар он рӯзҳо Рӯҳи Худро хоҳам рехт, ва онҳо нубувват хоҳанд кард;

[19] Ва аз боло дар осмон мӯъҷизот ва аз поён дар замин аломот: хун ва оташ ва буҳороти дуд ба зуҳур ҳоҳам овард:

[20] Пеш аз он ки рӯзи азиму пуршукӯҳи Худованд фаро расад, офтоб ба зулмот ва моҳ ба хун мубаддал ҳоҳад шуд;

[21] Ва чунин ҳоҳад шуд, ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот ҳоҳад ёфт“.

[22] Эй мардони Исроил! Ба ин суханон гӯш диҳед: Исои Носирӣ Марде буд, ки назди шумо аз ҷониби Худо бо кувваҳо ва мӯъҷизот ва аломоте ки Худо дар миёни шумо ба василаи Ӯ содир кард, ба субут расид, чунон ки ҳудатон низ медонед;

[23] Ӯро, ки аз рӯи маслиҳати муайян ва огоҳии пешакии Худо таслим карда шуд, шумо бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкӯб карда, куштед;

[24] Вале Худо завлонаи маргро шикаста, Ӯро эҳьё кард, зеро ғайриимкон буд, ки марг Ӯро дар қайдаш нигоҳ дорад.

[25] Зеро ки Довуд дар ҳаққи Ӯ мегӯяд: „Худовандро ҳамеша пеши назари худ медидам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст, то ки фурӯ нағалтам;

[26] Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва забонам ба ваҷд омад; ҳатто ҷисмам дар умед сокин хоҳад шуд,

[27] Зеро ки ҷони маро дар дӯзах нахоҳӣ андохт, ва нахоҳӣ гузошт, ки қуддуси Ту фаноро бубинад.

[28] Тариқи ҳаётро ба ман омӯхтаӣ ва бо хузури Худ маро аз шодӣ пур хоҳӣ кард“.

[29] Эй бародарон! Изн мехоҳам, то ки ҷуръат намуда, ба шумо дар бораи падари мо Довуд бигӯям, ки ӯ вафот ёфта, дафн карда шудааст, ва қабраш то имрӯз дар миёни мо боқист;

[30] Азбаски ӯ пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ӯ қасам ёд кардааст, ки аз насли ӯ Масеҳро ба миён оварад, то ки бар тахти ӯ бинишонад,

[31] Бинобар ин дар бораи эҳьёи Масеҳ пешбинӣ карда, гуфт, ки ҷони Ӯ дар дӯзах намонд, ва ҷисми Ӯ фаноро надид.

[32] Ҳамин Исоро Худо эҳьё кард, ва ҳамаи мо шоҳидони он ҳастем.

[33] Акнун, ки Ӯ ба ямини Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рӯҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурӯ рехтааст.

[34] Зеро ки Довуд ба осмон набаромад, вале худаш мегӯяд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин,

[35] То ки душманонатро зери пои Ту андозам“.

[36] Пас, эй тамоми хонадони Исроил, яқинан бидонед, ки Худо Ҳамин Исоро, ки шумо маслуб кардед, Худованд ва Масеҳ гардондааст».

[37] Чун шуниданд, дилреш шуда, ба Петрус ва ҳаввориёни дигар гуфтанд: «Эй бародарон, мо акнун чӣ кунем?»

[38] Петрус ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, ва хар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ барои омурзиши гуноҳҳо таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт;

[39] Зеро ки ин ваъда барои шумо ва фарзандони шумо ва барои ҳамаи онҳоест, ки дур ҳастанд, яъне барои ҳар касе ки Худованд Худои мо ӯро бихонад».

[40] Ӯ бо бисьёр суханони дигар ба онҳо шаҳодат медод ва мавъиза намуда, мегуфт: «Худро аз ин насли каҷрав раҳо кунед!»

[41] Пас онҳое ки каломи ӯро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд,

[42] Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд.

[43] Ҳама саросар ба ҳарос афтода буданд, ва бисьёр мӯъҷизот ва аломот аз дасти ҳаввориён дар Ерусалим ба амал омад.

[44] Ҳамаи имондорон бо ҳам муттаҳид ва дар ҳама чиз шарик буданд:

[45] Молу мулки худро мефурӯхтанд ва ба ҳама, мувофиқи эҳтиёҷоти ҳар кас, тақсим мекарданд;

[46] Ҳар рӯз якдилона дар маъбад ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон шикаста, бо дилхушӣ ва самимият бо ҳам хӯрок мехӯрданд,

[47] Худоро ҳамду сано мехонданд ва дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд, ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд.

Аъмоли Ҳаввориён — Chapters