[1] Рӯзе дар соати нӯҳуми вақти ибодат Петрус ва Юҳанно ба маъбад мерафтанд.
[2] Марди ланги модарзоде буд, ки ҳар рӯз ӯро бардошта оварда, назди он дарвозаи маъбад, ки Ҷамил ном дошт, мегузоштанд, то аз касоне ки ба маъбад меомаданд, садақа бигирад;
[3] Вақте ки ӯ Петрус ва Юҳанноро назди даромадгоҳи маъбад дид, аз онҳо садақа пурсид.
[4] Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ӯ синчакунон нигариста, гуфт: «Ба мо нигоҳ кун».
[5] Ӯ ба онҳо назар дӯхт ба умеди он ки аз онҳо чизе бигирад.
[6] Аммо Петрус гуфт: «Ман нуқра ва тилло надорам; лекин он чи дорам, ба ту медиҳам: ба исми Исои Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав».
[7] Аз дасти росташ гирифта, ӯро ба по хезонд; баногоҳ пойҳо ва шитолингҳои ӯ қувват гирифт,
[8] Ва аз ҷои худ ҷаста хеста, ба роҳравӣ даромад ва роҳравону ҷастухезкунон ва Худоро ҳамдгӯён ҳамроҳи онҳо вориди маъбад шуд.
[9] Тамоми мардум ӯро роҳравон ва Худоро ҳамдгӯён диданд
[10] Ва ӯро шинохтанд, ки ҳамон касест, ки назди дарвозаи Ҷамили маъбад нишаста, садақа мепурсид, ва аз он чи ба ӯ рӯй дода буд, дар даҳшат ва дар ҳайрат афтоданд.
[11] Азбаски ӯ ба Петрус ва Юҳанно часпида буд, тамоми мардум дар равоқи Сулаймон бо ҳайрат сӯи онҳо шитофтанд.
[12] Петрус, чун дид, ба он ҷамоат рӯ оварда, гуфт: «Эй мардони Исроил! Чаро аз дидани ин дар ҳайрат афтодаед ва чаро ба мо чашм дӯхтаед, гӯё ки мо бо кувват ё парҳезгории худ сабаби роҳ рафтани ин шахс шуда бошем?
[13] Худои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо, Писари Худ Исоро ҷалолат бахшид. Шумо Ӯро таслим кардед ва дар ҳузури Пилотус, ки мехост Ӯро озод кунад, Ӯро рад намудед;
[14] Лекин шумо Қуддус ва Одилро рад намуда, хоҳиш кардед, ки як шахси одамкуш барои шумо озод карда шавад,
[15] Вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, ва мо шоҳидони он ҳастем.
[16] Ба хотири имон ба исми Ӯ ин шаҳсе ки мебинед ва мешиносед, қувват ёфтааст, бале, исми Ӯ ва имоне ки дар мо аз Ӯст, дар ҳузури ҳамаи шумо ба вай ин шифоро баҳшидааст.
[17] Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо, мисли сардорони худ, ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед;
[18] Аммо Худо он чиро, ки бо забони тамоми анбиёяш пешакӣ гуфта буд, ки Масеҳ бояд азобу уқубат кашад, ҳамин тавр анҷом дод.
[19] Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад,
[20] Ва айёми фароғат аз ҳузури Худованд фаро расад, ва Ӯ Исои Масеҳро, ки бароятон аз аввал баргузида буд, бифиристад,
[21] То замони таҷдид кардани ҳама чиз мутобиқи он чи Худо бо забони анбиёи муқаддаси Худ аз азал гуфтааст, мебоист осмон Ӯро қабул мекард.
[22] Чунончи, Мусо ба падарони мо гуфта буд: „Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард; бояд ба он чи Ӯ ба шумо мегӯяд, гӯш диҳед,
[23] Ва ҳар кӣ ба суханони Он Пайғамбар гӯш надиҳад, бояд аз байни қавми худ решакан шавад“.
[24] Ҳамчунин тамоми анбиё, аз Самуил гирифта то онҳое ки баъд аз ӯ нубувват кардаанд, ҳамаашон ин айёмро пешгӯӣ кардаанд.
[25] Шумо фарзандони он анбиё ҳастед ва дар он аҳде ки Худо бо падарони мо баст, насибе доред, чунон ки Ӯ ба Иброҳим гуфтааст: „Ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост“.
[26] Худо Писари Худ Исоро муваккал карда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ӯ ҳар якеро аз роҳҳои шароратомези шумо баргардонида, шуморо баракат диҳад».