Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:25

[1] Павлус ба шӯрои пирон назар дӯхта, гуфт: «Эй бародарон! Ман то имрӯз дар хузури Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам».

[2] Саркоҳин Ҳанониё ба онҳое ки назди ӯ истода буданд, фармон дод, ки ба даҳонаш як торсакӣ зананд.

[3] Павлус ба вай гуфт: «Худо туро хоҳад зад, эй девори сафедшуда! Ту нишастаӣ, ки маро аз рӯи шариат доварӣ кунӣ, вале бар хилофи шариат амр медиҳӣ, ки маро бизананд».

[4] Онҳое ки назди ӯ истода буданд, гуфтанд: «Саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?»

[5] Павлус гуфт: «Эй бародарон, ман надонистам, ки вай саркоҳин аст; зеро ки навишта шудааст: „Ба пешвои қавми худ носазо нагӯй“».

[6] Вақте ки Павлус фаҳмид, ки як қисми онҳо саддуқиён ва қисми дигарашон фарисиён мебошанд, дар шӯрои пирон нидокунон гуфт: «Эй бародарон! Ман фарисӣ ва фарзанди фарисӣ ҳастам, ва аз барои умеди эҳьёи мурдагон дар ин ҷо муҳокима карда мешавам».

[7] Ҳамин ки ин суханонро гуфт, дар миёни фарисиён ва саддуқиён низоъ афтод, ва аҳли ҷамъомад ду тақсим шуданд;

[8] Зеро саддуқиён мегӯянд, ки на эҳьё вуҷуд дорад, на фаришта ё рӯҳ, аммо фарисиён ин ҳар дуро зътироф менамоянд.

[9] Ғавғои азиме ба амал омад, ва китобдонони фирқаи фарисиён бархоста, баҳскунон гуфтанд: «Мо дар ин шахс ҳеҷ бадӣ намебинем; ва агар рӯҳе ё фариштае ба вай сухан гуфта бошад, ба Худо муқобилат нахоҳем кард».

[10] Аммо азбаски ихтилофот қувват гирифт, мириҳазор аз хавфи он ки Павлусро тикка‐тикка кунанд, ба сарбозон фармон дод, ки ӯро аз миёни онҳо гирифта, ба қалъа дароранд.

[11] Ҳамон шаб Худованд ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Устувор бош, Павлус, ва чӣ тавре ки дар Ерусалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр шаҳодат диҳӣ».

[12] Чун чашми рӯз кушода шуд, баъзе аз яҳудиён забон як карда, қасам хӯрданд, ки то Павлусро накушанд, ба ҳеҷ хӯрданӣ ва нӯшиданӣ лаб назананд;

[13] Шумораи онҳое ки чунин аҳд карда буданд, бештар аз чиҳил нафар буд;

[14] Онҳо назди саркоҳинон ва пирон рафта, гуфтанд: «Мо савганд ёд кардем, ки то Павлусро накушем, чизе начашем;

[15] Акнун шумо ва шӯрои пирон ба мириҳазор ҳабар диҳед, ки фардо ӯро назди шумо бароварад, гӯё ки меҳоҳед кори ӯро аниқтар дида бароед; ва мо тайёр ҳастем, ки ӯро, пеш аз наздик омаданаш, бикушем».

[16] Аммо ҳоҳарзодаи Павлус аз қасди онхо воқиф шуд ва рафта, ба қалъа даромад ва Павлусро хабардор кард.

[17] Павлус яке аз мирисадҳоро даъват намуда, гуфт: «Ин ҷавонро назди мириҳазор бибар, зеро чизе дорад, ки ба ӯ бигӯяд».

[18] Вайро гирифта, назди мириҳазор бурд ва гуфт: «Павлуси бандӣ маро даъват намуда, ҳоҳиш кард, ки ин ҷавонро назди ту биёрам, зеро чизе дорад, ки ба ту бигӯяд».

[19] Мириҳазор дасти вайро гирифта, ба ҳилватгоҳе бурд ва пурсид: «Чӣ чиз аст, ки меҳоҳӣ ба ман бигӯӣ?»

[20] Гуфт: «Яҳудиён маслиҳатро ба як ҷо мондаанд, ки аз ту хоҳиш кунанд, то Павлусро фардо назди шӯрои пирон барорӣ, гӯё ки онҳо меҳоҳанд кори ӯро аниқтар тафтиш намоянд;

[21] Аммо ту ба онҳо гӯш надеҳ, зеро ки бештар аз чиҳил нафарашон дар сари роҳи ӯ камин сохтаанд ва савганд ёд кардаанд, ки то ӯро накушанд, чизе нахӯранд ва нанӯшанд; ва ҳоло онҳо тайёр шуда, мунтазири фармоиши ту истодаанд».

[22] Мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода, гуфт: «Ба ҳеҷ кас нагӯ, ки маро аз ин роз ҳабардор кардаӣ».

[23] Сонӣ ду мирисадро даъват намуда, гуфт: «Дусад сарбоз ва ҳафтод савора ва дусад найзаандозро омода кунед, то ки имшаб соати сеюм ба Қайсария бираванд.

[24] Инчунин маркабҳо ҳозир созед, то ки Павлусро савор карда, ба саломатӣ назди Феликси ҳоким равона намоед».

[25] Ӯ номае ба ин мазмун навишт:

[26] «Клавдиюс Лисиёс ба мӯҳтарам Феликси ҳоким салом мерасонад;

[27] Ин одамро яҳудиён дастгир карда буданд ва қасди куштани ӯро доштанд; чун фаҳмидам, ки фуқарои Рум аст, бо сарбозон рафта, аз дасташон раҳонидам;

[28] Азбаски ҳостам бидонам, ки бар ӯ чӣ даъво доранд, ӯро ба шӯрои пирони онҳо овардам

[29] Ва донистам, ки ӯро дар ақидаҳои баҳсноки оид ба шариаташон айбдор мекунанд, вале ӯ ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад;

[30] Чун ба гӯшам расид, ки яҳудиён қасди ҷони ин одам доранд, фавран ӯро назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш низ амр фармудам, ки даъвоҳои худро дар ҳаққи ӯ дар ҳузури ту баён кунанд; вассалом».

[31] Сарбозон мувофиқи дастуре ки ба онҳо дода шуд, Павлусро гирифта, шабона ба Антипотрис бурданд.

[32] Ва рӯзи дигар ба саворон вогузор карданд, ки бо ӯ бираванд, ва худашон ба қалъа баргаштанд.

[33] Ҳамин ки онҳо ба Қайсария расиданд, номаро ба дасти ҳоким супурда, Павлусро низ назди ӯ ҳозир сохтанд.

[34] Ҳоким номаро ҳонда, пурсид, ки ӯ аз кадом вилоят аст, ва чун фаҳмид, ки аз Қилиқия аст, гуфт:

[35] «Вақте ки даъвогарони ту ҳозир шаванд, сухани туро ҳоҳам шунид». Ва амр фармуд, ки ӯро дар сарбозхонаи Ҳиродус нигоҳ доранд.

Аъмоли Ҳаввориён — Chapters