Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва маро ба саҳни берунӣ бо роҳи самти шимолӣ баровард; ва маро назди утоқҳое ки дар рӯ ба рӯи ялангӣ ва дар рӯ ба рӯи бино ба тарафи шимол буд, овард, —

[2] Ба тарафи пеши иморате ки сад зироъ дарозӣ дошта, дар ҷониби дари даромади шимолӣ воқеъ буд, ва панҷоҳ зироъ фарохӣ дошт.

[3] Рӯ ба рӯи бист зирое ки аз они саҳни дохилӣ буд, ва рӯ ба рӯи сангфарше ки аз они саҳни берунӣ буд, айвоне рӯ ба рӯи айвоне дар қабатҳои сеюм буд.

[4] Ва дар пеши утоқҳо роҳе ба тарафи саҳни дарунӣ буд, ки даҳ зироъ фарохӣ дошт, ва роҳраве ки як зироъ буд, ва дарҳои онҳо ба тарафи шимолӣ буд.

[5] Ва утоқҳои боло тангтар буданд, зеро ки айвонҳо аз онҳо, назар ба утоқҳои поён ва миёнаи бино, бештар мегирифтанд.

[6] Зеро ки онҳо сеқабата буданд, ва сутунҳо мисли сутунҳои саҳнҳо надоштанд; бинобар ин аз заминашон, назар ба утоқҳои поён ва миёна, бештар гирифта шуда буд.

[7] Ва деворе ки ба берун рӯ ба рӯи утоқҳо, сӯи саҳни берунӣ, ба тарафи пеши утоқҳо буд, панҷоҳ зироъ дарозӣ дошт,

[8] Зеро дарозии утоқҳое ки дар саҳни берунӣ буд, панҷоҳ зироъ буд; ва инак тарафи пеши толори маъбад сад зироъ буд.

[9] Ва дар поёни ин утоқҳо аз тарафи шарқӣ даромадгоҳе буд, ки аз он ба онҳо аз саҳни берунӣ омада дохил мешуданд;

[10] Он баробари фарохии девори саҳн буда, аз пеши ялангӣ мегузашт ва пеши бинои утоқҳо мерафт.

[11] Ва роҳи тарафи пеши онҳо мисли намуди роҳи утоқҳои самти шимолӣ буд, ҳам дарозияшон ва ҳам фарохияшон; ва ҳамаи баромадгоҳҳои онҳо, ва сохти онҳо, ва дарҳои даромади онҳо ҳамон хел буд.

[12] Ва мисли дарҳои даромади утоқҳои самти ҷанубӣ даре бар сари роҳ буд, бар сари роҳе ки пеши девори сарбастаи шарқӣ буд, ва мардум бо ин роҳ омада дохил мешуданд.

[13] Ва ба ман гуфт: «Утоқҳои шимолӣ ва утоқҳои ҷанубӣ, ки пеши ялангӣ мебошанд, утоқҳои муқаддасанд, ва коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, қурбониҳои муқаддасро дар онҳо мехӯранд; қурбониҳои муқаддасро, яъне ҳадияи ордӣ, қурбонии гуноҳ ва курбонии ҷурмро дар он ҷо мегузоранд, зеро ки ин макон муқаддас аст.

[14] Ҳангоме ки коҳинон меоянд, аз ин қудс ба саҳни берунӣ намебароянд, балки либосҳои худро, ки бо онҳо хизмат мекунанд, дар он ҷо мегузоранд, зеро ки онҳо муқаддас мебошанд; ва либосҳои дигар пӯшида, ба маконе ки аз они қавм аст, наздик мешаванд».

[15] Ва баъд аз он ки андоза кардани маъбад ва саҳни дохилиро анҷом дод, маро аз дарвозае ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, берун овард, ва онро гирдогирд андоза кард.

[16] Тарафи шарқиро бо наи андоза андоза кард; бо наи андоза панҷсад най гирдогирд андоза кард.

[17] Тарафи шимолиро бо наи андоза панҷсад най гирдогирд андоза кард.

[18] Тарафи ҷанубиро бо наи андоза панҷсад най андоза кард.

[19] Ба тарафи ғарбӣ гашта, бо наи андоза панҷсад най андоза кард.

[20] Ҳар чор тарафи онро андоза кард; ҳисоре гирдогирди он буд, ки дарозияш панҷсад ва фарохияш панҷсад най буд, то ки чизи муқаддасро аз ғайримуқаддас ҷудо кунад.

Китоби Ҳизқнёли Набӣ — Chapters