[1] Ва ман дидам, ва инак бар фалаке ки болои сари каррубиён буд, чизе мисли санги ёқути кабуд, мисли намуди сурати тахт бар онҳо намудор шуд.
[2] Ва Худо ба марде ки либоси катон дар тан дошт, муроҷиат намуда, гуфт: «Дар миёни чархҳои зери каррубиён дохил шав ва муштҳоятро аз ахгарҳои оташе ки дар миёни каррубиён аст, пур карда, бар шаҳр парто». Ва ӯ дар пеши назари ман дохил шуд.
[3] Ва ҳангоме ки он мард дохил шуд, каррубиён ба тарафи рости маъбад истода буданд, ва абр саҳни дохилиро пур кард.
[4] Ва ҷалоли Худованд аз болои каррубӣ ба остонаи маъбад баромад, ва абр хонаро пур кард, ва саҳн аз дурахши ҷалоли Худованд пур шуд.
[5] Ва садои болҳои каррубиён то саҳни берунӣ шунида шуд, ба монанди овози Худои Қодир, вақте ки Ӯ сухан меронад.
[6] Ва ҳангоме ки Ӯ ба марди катонпӯш амр фармуда гуфт: «Оташро аз миёни чархҳо, аз миёни каррубиён бигир», он мард дохил шуда, назди чарх истод,
[7] Ва каррубие дасти худро аз миёни каррубиён ба оташе ки дар миёни каррубиён буд, дароз кард, ва онро бардошта, ба ҳавучҳои марди катонпӯш дод, ва ӯ онро гирифта, берун рафт.
[8] Ва дидам, ки дар зери болҳои каррубиён тарҳи дасти одам намудор шуд.
[9] Ва ман дидам, ва инак чор чарх назди каррубиён, яъне як чарх назди як каррубӣ, ва чархи дигар назди каррубии дигар намудор шуд, ва намуди чархҳо мисли санги забарҷад буд.
[10] Ва намудашон тавре буд, ки ҳар чорашон як сурат доштанд, гӯё ки чархе тақотӯи чарх бошад.
[11] Онҳо чун роҳ мерафтанд, ба чор самти худ мерафтанд, дар вақти рафтанашон рӯй намегардониданд, зеро ба самте ки сар сӯи он менигарист, мерафтанд, ва дар вақти рафтанашон рӯй намегардониданд.
[12] Ва тамоми ҷисмашон, ва пуштҳошон, ва дастҳошон, ва болҳошон, ва чархҳо, — чархҳои ҳар чорашон, — гирдогирд пур аз чашмон буд.
[13] Ин чархҳо, чунон ки ба гӯши ман расид, ғилдирак номида шуданд.
[14] Ва ҳар якеро чор рӯй буд: як рӯяш — рӯи каррубӣ, ва рӯи дуюмаш — рӯи одам, ва сеюмаш — рӯи шер, ва чорумаш — рӯи уқоб.
[15] Ва каррубиён сууд карданд. Ин ҳамон ҳайвоне буд, ки назди наҳри Кабар дида будам.
[16] Ва ҳангоме ки каррубиён роҳ мерафтанд, чархҳо низ назди онҳо роҳ мерафтанд; ва ҳангоме ки каррубиён болҳои худро бармеафроштанд, то аз болои замин сууд намоянд, чархҳо низ аз назди онҳо рӯй намегардониданд:
[17] Ҳангоми истоданашон меистоданд, ва ҳангоми сууд карданашон бо онҳо сууд мекарданд, зеро ки рӯҳи ҳайвон дар онҳо буд.
[18] Ва ҷалоли Худованд аз болои остонаи маъбад берун омад, ва бар каррубиён истод,
[19] Ва каррубиён болҳои худро барафроштанд, ва дар пеши назари ман аз замин сууд карда, берун рафтанд, ва чархҳо назди онҳо буданд; ва дар даҳани дарвозаи шарқии хонаи Худованд истоданд, ва ҷалоли Худои Исроил аз боло бар онҳо буд.
[20] Ин ҳамои ҳайвоне буд, ки зери пои Худои Исроил назди наҳри Кабар дида будам, ва ман донистам, ки инҳо каррубиёнанд.
[21] Ҳар якеро чор рӯй буд, ва ҳар яке чор бол дошт; ва сурати дастҳои одам зери болҳошон буд.
[22] Ва сурати рӯйҳошон ҳамон рӯйҳое буд, ки назди наҳри Кабар дида будам; намуди онҳо айни ҳамон буд; ҳар кадомашон ба самти рӯи худ мерафтанд.