[1] Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
[2] «Эй писари одам! Дарахти ток аз ҳар дарахт чӣ бартарӣ дорад, ва навдаи он, ки дар миёни дарахтони ҷангал бошад?
[3] Оё чӯбе аз он барои кардани коре гирифта мешавад? Оё мехе аз он мегиранд, то ки чизе бар он биовезанд?
[4] Инак, онро барои сӯзонидан дар оташ меандозанд, ва оташ ду нӯгашро месӯзонад, ва миёнаи он нимсӯз мешавад; оё он барои коре боб аст?
[5] Инак, вақте ки он том буд, барои коре боб набуд, алалхусус баъд аз он ки оташ онро сӯзонидааст, ва он нимсӯз шудааст, оё он барои коре боб аст?
[6] Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: чунон ки дарахти токро дар миёни дарахтони ҷангал Ман барои сӯзонидан ба оташ гирифтор кардаам, ончунон сокинони Ерусалимро гирифтор хоҳам кард.
[7] Ва рӯи Худро ба зидди онҳо хоҳам нигаронид: онҳо аз як оташ берун омадаанд, вале оташи дигар онҳоро хоҳад сӯзонид. Ва чун рӯи Худро ба зидди онҳо нигаронам, хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.
[8] Ва ба сабаби хиёнате ки онҳо кардаанд, Ман ин заминро харобазор хоҳам сохт, мегӯяд Худованд Худо».