[1] Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Он чиро, ки меёбӣ, бихӯр; ин тӯморро бихӯр, ва рафта, ба хонадони Исроил бигӯй».
[2] Ва ман даҳони худро кушодам, ва он тӯморро Ӯ ба ман хӯронид.
[3] Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Шиками худро бихӯрон ва амъои худро аз ин тӯморе ки Ман ба ту медиҳам, пур кун». Ва ман хӯрдам, ва дар даҳонам мисли асал ширин буд.
[4] Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Бархоста, назди хонадони Исроил бирав ва суханони Маро ба онҳо баён намо;
[5] Зеро назди қавме ки нутқаш муғлақ ва забонаш душворфаҳм бошад, фиристода намешавӣ, балки назди хонадони Исроил;
[6] На назди қавмҳои бисьёри нутқашон муғлақ ва забонашон душворфаҳм, ки суханонашонро наметавонӣ бифаҳмӣ; агар ҳатто назди онҳо туро мефиристодам, онҳо ба ту гӯш меандохтанд;
[7] Валекин хонадони Исроил намехоҳанд ба ту гӯш андозанд, чунки намехоҳанд ба Ман гӯш андозанд, зеро ки тамоми хонадони Исроил пешонии сахт ва дили сангин доранд.
[8] Инак Ман рӯи туро ба муқобили рӯи онҳо сахт, ва пешонии туро ба муқобили пешонии онҳо сахт гардонидаам.
[9] Пешонии туро мисли алмосе ки аз санги хоро сахттар аст, гардонидаам; аз онҳо натарс ва аз рӯйҳошон ҳаросон нашав, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд».
[10] Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ҳамаи суханони Маро, ки ба ту мегӯям, дар дили худ ҷой деҳ ва бо гӯшҳои худ бишнав,
[11] Ва бархоста, назди ҷалои ватан шудагон, назди писарони қавми худ бирав, ва ба онҳо сухан ронда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд“! — хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд».
[12] Ва маро Рӯҳи Худо боло бардошт, ва аз ақиби худ садои ғулғулаи азиме шунидам: «Муборак аст ҷалоли Худованд аз макони Ӯ!»
[13] Ва садои болҳои ҳайвонҳоро, ки ба ҳамдигар бармехӯрд, ва садои чархҳоро, ки назди онҳо буд, ва садои ғулғулаи азиме.
[14] Ва Рӯҳи Худо маро бардошта бурд, ва ман бо талхӣ ва изтироби рӯҳи худ мерафтам, ва дасти Худованд бар ман қавӣ буд.
[15] Ва назди ҷалои ватан шудагони Тал‐Абиб, ки дар соҳили наҳри Кабар сокин буданд, ва ба ҷойҳое ки онҳо менишастанд, омадам; ва он ҷо дар миёни онҳо ҳафт рӯз нишастам, дар ҳолате ки моту мабҳут будам.
[16] Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз гузаштани ҳафт рӯз каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:
[17] «Эй писари одам! Ман туро барои хонадони Исроил дидбон таъин намудаам, ва ту каломро аз даҳони Ман шунида, онҳоро аз Ман огоҳ хоҳӣ намуд.
[18] Ҳангоме ки Ман ба шарире бигӯям: „Албатта хоҳӣ мурд!“ — вале ту ӯро огоҳ накунӣ, ва сухане нагӯӣ барои он ки шарирро аз роҳи шариронаи ӯ огоҳ намоӣ, то ки ӯ зинда монад, он шарир дар гуноҳи худ хоҳад мурд, аммо хуни ӯро Ман аз дасти ту талаб хоҳам кард.
[19] Валекин агар ту шариреро огоҳ намоӣ, ва ӯ аз шарорати худ ва аз роҳи шариронаи худ тавба накунад, ӯ дар гуноҳи худ хоҳад мурд, ва ту ҷони худро наҷот додаӣ.
[20] Ва агар одиле аз адолати худ даст кашида, ноинсофона амал намояд, ва Ман санги пешпое пеши ӯ бигузорам, то ки ӯ бимирад, — азбаски ту ӯро огоҳ нанамудаӣ, ӯ дар гуноҳи худ хоҳад мурд, ва аъмоли одилонае ки ӯ ба ҷо овардааст, ба ёд оварда нахоҳад шуд, валекин хуни ӯро Ман аз дасти ту талаб хоҳам кард.
[21] Ва ту агар одилеро огоҳ намоӣ, то ки он одил гуноҳ накунад, ва ӯ гуноҳ накарда бошад, ӯ албатта зинда хоҳад монд, чунки огоҳиро қабул кардааст, ва ту ҷони худро наҷот додаӣ».
[22] Ва дар он ҷо дасти Худованд бар ман ниҳода шуд, ва Ӯ ба ман гуфт: «Бархоста, сӯи даштрӯя бирав, ва дар он ҷо Ман бо ту сухан хоҳам ронд».
[23] Ва ман бархоста, сӯи даштрӯя равона шудам, ва инак дар он ҷо ҷалоли Худованд, мисли ҷалоле ки назди наҳри Кабар дида будам, истодааст, ва ман бар рӯи худ афтодам.
[24] Ва Рӯҳи Худо дар ман дохил шуда, маро ба поҳоям бархезонид, ва бо ман сухан ронда, ба ман гуфт: «Рафта, худро андаруни хонаи худ бибанд.
[25] Ва ту, эй писари одам, — инак танобҳо бар ту ниҳода, туро бо онҳо бандубаст хоҳанд кард, ва ту ба миёни онҳо нахоҳӣ рафт.
[26] Ва Ман забони туро ба комат хоҳам часпонид, ва ту лол гардида, барои онҳо носеҳ нахоҳӣ буд, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.
[27] Ва ҳангоме ки бо ту сухан ронам, даҳони туро воз хоҳам кард, ва ту ба онҳо хоҳӣ гуфт: „Худованд Худо чунин мегӯяд!“ Ҳар кӣ шунидан хоҳад — бишнавад, ва ҳар кӣ рӯй тофтан хоҳад — рӯй тобад, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.