Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Бар пойҳои худ биист, ва Ман бо ту сухан хоҳам ронд».

[2] Ва ҳангоме ки ба ман сухан меронд, Рӯҳи Худо ба ман дохил шуда, маро бар пойҳоям бархезонид, ва ман Ӯро, ки ба ман сухан меронд, шунидам.

[3] Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ман туро назди банӣ‐Исроил мефиристам, назди сибтҳои исьёнгаре ки ба Ман осӣ шудаанд; онҳо ва падаронашон пеши Ман то худи имрӯз гуноҳкор мебошанд,

[4] Ва ин мардум рӯйнатан ва сахтдил ҳастанд, ва Ман туро назди онҳо мефиристам, то ки ба онҳо бигӯӣ: „Худованд Худо чунин мегӯяд“!

[5] Ва онҳо хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, — зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд, — вале хоҳанд донист, ки набие дар миёни онҳо буд.

[6] Ва ту, эй писари одам, аз онҳо натарс ва аз суханони онҳо ҳаросон нашав, зеро ки хорҳо ва нешҳо дар гирди ту ҳастанд, ва ту дар миёни каждумон нишастаӣ; лекин аз суханони онҳо ҳаросон нашав ва аз рӯйҳои онҳо натарс, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.

[7] Ва суханони Маро ба онҳо бигӯй, хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, зеро ки онҳо исьёнгар мебошанд.

[8] Вале ту, эй писари одам, он чиро, ки Ман ба ту мегӯям, бишнав; мисли ин хонадони исьёнгар осӣ нашав; даҳони худро бикшо ва он чиро, ки Ман ба ту медиҳам, бихӯр».

[9] Ва ман назар кардам, ва инак дасте сӯи ман ёзонида шудааст, ва инак тӯморе дар он мебошад.

[10] Ва онро пеши ман воз кард, ва рӯй ва пушти он навишта шуда буд, ва навҳа ва нола ва оҳу воҳ дар он навишта шуда буд.

Китоби Ҳизқнёли Набӣ — Chapters