Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва ту дар ҳаққи раисони Исроил навҳа намо, ва бигӯй:

[2] «Модарат чӣ модашере буд! Дар миёни шерон мехобид, андаруни шерони ҷавон бачаҳояшро мепарварид.

[3] Ва яке аз бачаҳояшро калон кард, ки вай шери ҷавон шуд, ва даридани нахҷирро ёд гирифт; одамонро мехӯрд.

[4] Ва халқҳо овозаи варо шуниданд; вай дар чоҳи онҳо афтод; ва дар бинияш ҳалқа зада, варо ба замини Миср бурданд.

[5] Ва модараш, ки дар интизор буд, чун дид, ки умедаш барбод рафт, як бачаи дигарашро гирифта, онро шери ҷавон гардонид.

[6] Ва он андаруни шерон мегашт, шери ҷавоне шуд, ва даридани нахҷирро ёд гирифт; одамонро мехӯрд.

[7] Ва қасрҳои онҳоро хароб, ва шаҳрҳошонро вайрон мекард; ва замин ва ҳар чи дар он буд, аз овози наъраи он валангор гардид.

[8] Ва халқҳо аз кишварҳои гирду атроф ба вай ҳуҷум карданд, ва тӯри худро бар вай партофтанд: вай дар чоҳи онҳо дастгир шуд;

[9] Ва дар бинияш ҳалқа зада, онро дар қафас ҷойгир карданд, ва онро назди подшоҳи Бобил бурданд; онро дар тӯр андохта бурданд, то ки овозаш дигар бар кӯҳҳои Исроил шунида нашавад.

[10] Модарат, ту барин, мисли ток назди обҳо шинонида шуда буд, аз обҳои фаровон сермева ва сершоха буд;

[11] Ва шохаҳои бақувват барои чӯбдастҳои султонон дошт, ва қадаш дар миёни навдаҳои пурбарг бағоят баланд шуд, бо баландии худ ва бо шохаҳои бисьёри худ ба назар намоён буд.

[12] Вале бо ғазаб решакан карда бар замин андохта шуд, ва боди шарқӣ онро хушконид; шохаҳои бақуввати он шикаста, хушк шуд, ва оташ онҳоро сӯзонид.

[13] Ва алҳол он дар биёбон, дар замини хушк ва ташна шинонида шудааст.

[14] Ва аз танаи навдаҳояш оташ берун омада, меваи онро сӯзонид, ва як шохаи бақувват барои чӯбдасти султон боқӣ намондааст». Ин суруди навҳа аст, ва суруди навҳа хоҳад буд.

Китоби Ҳизқнёли Набӣ — Chapters