Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

[2] «Эй писари одам! Нубувват намуда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: зор‐зор гириста, бигӯед: «Вой бар он рӯз!»

[3] Зеро ки он рӯз наздик аст, ва рӯзи Худованд наздик аст; рӯзи тира, замони халқҳо фаро мерасад.

[4] Ва шамшер бар Миср меояд, ва Ҳабашро тарсу бим фаро хоҳад гирифт, вақте ки дар Миср шаҳидон фурӯ ғалтанд, ва дороии онро бигиранд, ва асосҳои он хароб гардад.

[5] Ҳабаш ва Фут ва Луд ва тамоми омезиши қабилаҳо ва Куб, ва аҳли замини аҳд ҳамроҳи онҳо аз шамшер хоҳанд афтод.

[6] Худованд чунин мегӯяд: ва мададгорони Миср фурӯ хоҳанд ғалтид, ва кибриёи қуввати он аз Миҷдӯл то Асвон паст хоҳад шуд; дар он аз шамшер хоҳанд афтод, мегӯяд Худованд Худо.

[7] Ва он андаруни кишварҳои вайронаю валангор, валангор хоҳад шуд, ва шаҳрҳои он андаруни шаҳрҳои хароба хоҳад буд.

[8] Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам; ҳангоме ки Ман бар Миср оташ занам, ҳамаи ёваронаш шикаст хоҳанд хӯрд.

[9] Дар он рӯз аз ҳузури Ман қосидон бо киштиҳо берун хоҳанд рафт, то ки ҳабашиёни бепарворо ба ҳарос андозанд; ва онҳоро, мисли рӯзи Миср, тарсу бим фаро хоҳад гирифт, зеро ки инак он фаро мерасад.

[10] Худованд Худо чунин мегӯяд: ва Ман ба анбӯҳи Миср ба воситаи Набукаднесар подшоҳи Бобил хотима хоҳам дод.

[11] Ӯ ва қавми ӯ бо ӯ, золимтарини халқҳо, барои несту нобуд кардани ин замин оварда хоҳанд шуд, ва онҳо шамшери худро бар Миср кашида, заминро аз мақтулон пур хоҳанд кард.

[12] Ва Ман наҳрҳоро хоҳам хушконид, ва заминро ба дасти шарирон хоҳам супурд; ва заминро бо ҳар чи дар он аст, бо дасти аҷнабиён валангор хоҳам кард; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам.

[13] Худованд Худо чунин мегӯяд: ва Ман бутҳоро нест хоҳам кард, ва санамҳоро аз Нӯф барҳам хоҳам дод, ва раисе аз замини Миср дигар нахоҳад буд, ва Ман замини Мисрро ба ҳарос хоҳам андохт.

[14] Ва Фатрусро ба харобазор табдил хоҳам дод, ва оташ бар Суан хоҳам зад, ва доварӣ бар Нӯ хоҳам кард.

[15] Ва ғазаби Худро бар Син, ки истеҳкоми Миср аст, фурӯ хоҳам рехт, ва анбӯҳи Нӯро маҳв хоҳам кард.

[16] Ва ҳангоме ки бар Миср оташ занам, Син ба ларза хоҳад омад, ва Нӯ рахнадор хоҳад шуд, ва Нӯф ҳамеша ба ҳуҷуми душманон дучор хоҳад гардид.

[17] Ҷавонони Ӯн ва Фибаст аз шамшер хоҳанд афтод, ва бақияи онҳо ба асирӣ хоҳанд рафт.

[18] Ва дар Таҳфанаҳес рӯз торик хоҳад шуд, вақте ки Ман юғи Мисрро дарҳам шиканам, ва кибриёи қуввати он хотима ёбад; абрҳо онро хоҳад пӯшонид, ва деҳоти атрофи он ба асирӣ хоҳанд рафт.

[19] Ва ҳангоме ки бар Миср доварӣ намоям, хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“».

[20] Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли ёздаҳум, дар рӯзи ҳафтуми моҳи якум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

[21] «Эй писари одам! Ман бозуи фиръавн подшоҳи Мисрро дарҳам шикастаам; ва инак он ҷароҳатбандӣ карда нашудааст, то ки шифо ёбад, ва тахтабанде бар он гузошта нашудааст, то ки барои нигоҳ доштани шамшер пайванд ва қавӣ гардад.

[22] Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба фиръавн подшоҳи Миср зид ҳастам, ва бозуҳои ӯро, ҳам сиҳҳаташ ва ҳам шикастаашро, дарҳам хоҳам шикаст, ва шамшерро аз дасти ӯ хоҳам ғалтонид.

[23] Ва аҳли Мисрро дар миёни халқҳо пароканда хоҳам сохт, ва онҳоро дар кишварҳо парешон хоҳам кард.

[24] Ва бозуҳои подшоҳи Бобилро боқувват хоҳам кард, ва шамшери худро ба дасти ӯ хоҳам дод, ва бозуҳои фиръавнро дарҳам хоҳам шикаст, то ки ба ҳузури душман бо оҳу нолаи шаҳидон оҳу нола кунад.

[25] Ва бозуҳои подшоҳи Бобилро тақвият хоҳам дод, вале бозуҳои фиръавн фурӯ хоҳад ғалтид; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки шамшери Худро ба дасти подшоҳи Бобил бидиҳам, ва ӯ онро бар замини Миср дароз кунад.

[26] Ва аҳли Мисрро дар миёни халқҳо пароканда хоҳам сохт, ва онҳоро дар кишварҳо парешон хоҳам кард; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».

Китоби Ҳизқнёли Набӣ — Chapters