Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва маро ба толори маъбад овард; ва арконро андоза кард, ки шаш зироъ фарохӣ аз ин тараф ва шаш зироъ фарохӣ аз он тараф дошт, ва ин фарохии хайма буд.

[2] Ва фарохии дари даромад даҳ зироъ, ва паҳлуҳои дари даромад панҷ зироъ аз ин тараф ва панҷ зироъ аз он тараф буд; ва дарозияшро чил зироъ, ва фарохияшро бист зироъ андоза кард.

[3] Ва ба хонаи дарун даромада, рукни дари даромадро ду зироъ андоза кард; ва дари даромад шаш зироъ, ва фарохии дари даромад ҳафт зироъ буд.

[4] Ва дарозияшро бист зироъ, ва фарохияшро бист зироъ, рӯ ба ҷониби толори маъбад, андоза кард; ва ба ман гуфт: ин қудси қудсҳост.

[5] Ва девори маъбадро шаш зироъ андоза кард; ва фарохии хоначаҳое ки дар гирдогирди маъбад буданд, чор зироъ буд.

[6] Ва хоначаҳо, — хонача бар хонача, — се қабат, ва дар ҳар қабат сӣ адад буд, ва дар деворе ки барои хоначаҳо гирдогирди маъбад буд, дохил мешуд, то ки дар он ҷойгир шавад, валекин дар девори худи маъбад ҷойгир нашавад.

[7] Ва хоначаҳо болотар ва болотар торафт фарох мешуд, зеро ки сатҳи маъбад болотар ва болотар гирдогирди маъбад афзоиш меёфт, бинобар ин фарохии маъбад дар боло зиёд буд; ва ба ҳамин тариқ аз қабати поён ба қабати миёна ва аз он ба қабати боло мебаромаданд.

[8] Ва гирдогирди маъбад суфаи баланде дидам; таҳкурсии хоначаҳо як наи пурра, яъне шаш зирои калон буд.

[9] Фарохии деворе ки аз берун барои хоначаҳо буд, панҷ зироъ буд; ва ҳамчунин барои фосилае ки дар миёни хоначаҳои маъбад буд.

[10] Ва дар миёни утоқҳо гирдогирди маъбад аз ҳар тараф бист зироъ масофат буд.

[11] Ва дарҳои даромади хоначаҳо рӯ ба ҷониби он фосила буд, як дари даромад рӯ ба ҷониби шимол, ва дари дигар рӯ ба ҷониби ҷануб; ва фарохии он ҷои фосила гирдогирд панҷ зироъ буд.

[12] Ва биное ки дар пеши ялангӣ аз ҷониби ғарб буд, ҳафтод зироъ фарохӣ дошт, ва девори бино гирдогирд панҷ зироъ фарохӣ дошт: ва дарозии он навад зироъ буд.

[13] Ва маъбадро андоза кард, ки дарозияш сад зироъ буд, ва дарозии ялангӣ ва бино ва деворҳояш низ сад зироъ буд.

[14] Ва фарохии тарафи шарқии маъбад бо ялангии назди он сад зироъ буд.

[15] Ва дарозии биноро то пеши ялангие ки дар ақибаш буд, бо айвонҳояш аз ин тараф ва аз он тараф сад зироъ андоза кард; ва толори дохилии маъбад ва равоқҳои саҳнро низ.

[16] Остонаҳо, ва тирезаҳои шабакадор, ва айвонҳо гирдогирд — дар се қисми маъбад дар рӯ ба рӯи остона — аз замин то тирезаҳо гирдогирд рӯйбасти чӯбин дошт; ва тирезаҳо тахтапӯш буд.

[17] То болои дари даромад ва то маъбади дохилӣ ва берунӣ, ва бар ҳамаи деворҳо гирдогирд, аз дарун ва аз берун, тахтаҳои калон‐калон буд.

[18] Ва нақши каррубиён ва нахлҳо бар онҳо ҳак карда шуда буд, ва дар мобайни ҳар ду каррубӣ нахле буд, ва ҳар каррубӣ ду рӯй дошт.

[19] Ва рӯи одам ба ҷониби нахл аз ин тараф, ва рӯи шер ба ҷониби нахл аз он тараф буд; дар тамоми маъбад гирдогирд ҳамин тавр сохта шуда буд.

[20] Аз замин то болои дари даромад каррубиён ва нахлҳо бар девори толори маъбад ҳак карда шуда буд.

[21] Паҳлударии толори маъбад мураббаъ буд, ва намуди даромадгоҳи қудс мисли намуди он буд.

[22] Курбонгоҳи чӯбине буд, ки се зироъ баландӣ ва ду зироъ дарозӣ дошт; ва гӯшаҳояш, ва дарозияш ва деворҳояш аз чӯб буд. Ва ба ман гуфт: ин мизест, ки дар ҳузури Худованд мебошад.

[23] Ва толори маъбад, ва қудс ду дар дошт.

[24] Ва ҳар дар ду табақа дошт; ин ду табақа мутаҳаррик буд, дуто дар як дар, ва дуто дар дари дигар.

[25] Ва бар онҳо, яъне бар дарҳои толори маъбад, каррубиён ва нахлҳо ҳак карда шуда буд, ончунон ки бар деворҳо ҳак карда шуда буд; ва соябони чӯбин дар пеши равоқ аз берун буд.

[26] Ва тирезаҳои шабакадор, бо нақши нахлҳо аз ин тараф ва аз он тараф, бар паҳлуҳои равоқ буд, ва ҳамчунин бар хоначаҳои маъбад ва бар соябонҳо.

Китоби Ҳизқнёли Набӣ — Chapters