Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва қавми мамлакат Еҳӯоҳоз ибни Йӯшиёҳуро гирифтанд, ва ӯро ба ҷои падараш дар Ерусалим подшоҳ карданд.

[2] Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯоҳоз бисту сесола буд, ва се моҳ дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

[3] Ва подшоҳи Миср ӯро дар Ерусалим сарнагун кард, ва бар мамлакат сад киккар нуқра ва як киккар тилло ҷарима надохт.

[4] Ва подшоҳи Миср бародари ӯ Эльёқимро дар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ карда, номи ӯро ба Еҳӯёқим мубаддал намуд; ва Йӯоҳоз бародари ӯро гирифта, ба Миср бурд.

[5] Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёқим бисту панҷсола буд, ва ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва он чи дар назари Худованд Худояш бад буд, ба амал овард.

[6] Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба муқобили ӯ лашкар кашид, ва ӯро занҷирбанд кард, то ки ӯро ба Бобил барад.

[7] Ва аз колои хонаи Худованд Набукаднесар ба Бобил овард, ва онро дар ибодатхонаи худ дар Бобил гузошт.

[8] Ва бақияи аъмоли Еҳӯёқим, ва корҳои зиште ки ӯ кард, ва он чи дар ӯ ёфт шуд, дар китоби подшоҳони Исроил ва Яҳудо навишта шудааст; ва писараш Еҳӯёкин ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

[9] Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёкин ҳаштсола буд, ва се моҳу даҳ рӯз дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард.

[10] Ва баъд аз интиҳои сол, подшоҳ Набукаднесар фиристод, ва ӯро бо колои нафисаи хонаи Худованд ба Бобил овард; ва бародари ӯ Сидқиёҳуро бар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ кард.

[11] Дар вақти подшоҳ шуданаш Сидқиёҳу бисту яксола буд, ва ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

[12] Ва он чи дар назари Худованд Худояш бад буд, ба амал овард; пеши Ирмиёй набӣ, ки аз забони Худованд сухан гуфт, гардан нафуровард.

[13] Ва низ ба муқобили подшоҳ Набукаднесар, ки ӯро ба Худо қасам дода буд, исьён бардошт; ва гарданкашӣ намуда ва дили худро сахт гардонида, сӯи Худованд Худои Исроил руҷӯъ накард.

[14] Ҳамчунин ҳамаи сарварони коҳинон ва қавм, ба тақлиди ҳамаи корҳои зишти халқҳо, хиёнати зиёде ба амал оварданд, ва хонаи Худовандро, ки Ӯ дар Ерусалим такдис намуда буд, палид карданд.

[15] Ва Худованд Худои падаронашон назди онҳо ба воситаи расулони Худ фиристод, ҳар субҳидам гаштаю баргашта равона кард, зеро ки бар қавми Худ ва бар маскани Худ шафқат намуд.

[16] Вале онҳо расулони Худоро тамасҳур карданд, ва аз суханони Ӯ нафрат доштанд, ва анбиёи Ӯро хорӣ доданд, то ба ҳадде ки оташи ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга гирифт, ба тавре ки он илоҷнопазир буд.

[17] Ва Ӯ подшоҳи калдониёнро бар онҳо овард, ки вай ҷавонони онҳоро дар хонаи муқаддасашон бо шамшер кушт, ва бар ҷавонон ва дӯшизагон ва пирон ва мӯйсафедон шафқат нанамуд: Ӯ ҳамаро ба дасти вай супурд.

[18] Ва вай тамоми колои хонаи Худоро, — хоҳ калон хоҳ хурд, — ва хазоини хонаи Худованд ва ҳазоини подшоҳ ва сарваронашро комилан ба Бобил бурд.

[19] Ва хонаи Худоро сӯзониданд, ва ҳисори Ерусалимро хароб карданд, ва ҳамаи қасрҳои онро ба оташ сӯзониданд, ва тамоми колои нафисаи онро несту нобуд карданд.

[20] Ва онҳоеро, ки аз шамшер боқӣ монда буданд, вай ба Бобил ба асирӣ бурд, ва онҳо ғуломони вай ва писаронаш буданд, то вақте ки салтанати подшоҳи Форс барқарор гардид,

[21] То ба амал ояд каломи Худованд, ки бо забони Ирмиё гуфта буд, яъне то вақте ки замин дамгирии шанбеҳои худро талофӣ намуд: он дар тамоми айёми харобӣ дам гирифт, то даме ки ҳафтод сол пур шуд.

[22] Ва дар соли якуми Куруш, подшоҳи Форс, барои он ки каломи Худованд аз забони Ирмиё иҷро шавад, Худованд рӯҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт, ва ӯ дар тамоми мамлакати худ ҷор андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:

[23] «Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: „Ҳамаи мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, хонае барои Ӯ бино намоям. Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста биравад“».

Китоби Дуюми Вақоеънома — Chapters