Skip to content
Opens in a new window

[1] Дар соли сию шашуми подшоҳии Осо Баъшо, подшоҳи Исроил, ба муқобили Яҳудо баромада, Роморо бино кард, то ки касе натавонад назди Осо, подшоҳи Яҳудо, рафтуомад кунад.

[2] Ва Осо нуқра ва тиллоро аз хазоини хонаи Худованд ва хонаи подшоҳ баровард, ва ба Бин‐Ҳадад, подшоҳи Арам, ки дар Димишқ сокин буд, фиристода, гуфт:

[3] «Дар миёни ман ва ту, ва дар миёни падари ман ва падари ту аҳд буд; пас, аҳдеро, ки бо Баъшо, подшоҳи Исроил, дорӣ, бишкан, то ки вай аз пеши ман ақиб гардад».

[4] Ва Бин‐Ҳадад ба подшоҳ Осо гӯш дода, сипаҳдорони худро ба муқобили шаҳрҳои Исроил фиристод, ва онҳо Ийюн ва Дон ва Обил‐Мойим ва ҳамаи шаҳрҳои захираи Нафтолиро зарба заданд.

[5] Ва ҳамин ки Баъшо инро шунид, аз бино кардани Ромо даст кашида, кори худро хобонид.

[6] Ва подшоҳ Осо тамоми аҳли Яҳудоро ҷамъ кард, ва онҳо сангҳои Ромо ва чӯбҳояшро, ки Баъшо бо онҳо бино карда буд, бардошта бароварданд; ва ӯ Ҷобаъ ва Мисфоро бо онҳо бино намуд.

[7] Ва дар он замон Ҳанонии пешбин назди Осо, подшоҳи Яҳудо, омада, ба ӯ гуфт: «Азбаски ту ба подшоҳи Арам таваккал кардӣ, валекин ба Худованд Худои худ таваккал накардӣ, бинобар ин лашкари подшоҳи Арам аз дасти ту раҳо шуд.

[8] Ҳабашиён ва лубиён, охир, соҳиби лашкари бузурге буда, аробаҳо ва саворагони бағоят зиёде доштанд, вале азбаски ту ба Худованд таваккал кардӣ, Ӯ онҳоро ба дасти ту супурд.

[9] Зеро ки чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд; ту дар ин бобат аблаҳӣ кардӣ, бинобар ин минбаъд ба ҷангҳо мубтало хоҳӣ шуд».

[10] Ва Осо ба пешбин ғазаб карда, варо дар зиндон андохт, зеро ки бар вай барои ин хашмгин шуд; ва дар он замон Осо баъзеро аз миёни қавм ба танг меовард.

[11] Ва инак, аъмоли Осо, аз аввал то охир, дар китоби подшоҳони Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.

[12] Ва Осо дар соли сию нӯҳуми подшоҳии худ гирифтори дарди по гардид, ва дардаш торафт сахт шуд, вале дар бемории худ низ Худовандро ҷӯё нашуд, балки табибонро.

[13] Ва Осо бо падарони худ хобид, ва дар соли чилу якуми подшоҳии худ вафот кард,

[14] Ва ӯро дар мақбарае ки барои худ дар шаҳри Довуд канда буд, дафн карданд; ва ӯро дар қабре ки аз атриёт ва моддаҳои хушбӯи сунъӣ пур буд, гузоштанд, ва барои ӯ оташи ниҳоятдараҷа бузурге барафрӯхтанд.

Китоби Дуюми Вақоеънома — Chapters