[1] Ва сокинони Ерусалим писари хурдии ӯ Аҳазьёҳуро ба ҷои ӯ подшоҳ карданд, зеро фавҷе ки бо арабҳо ба ӯрдугоҳ даромада буданд, ҳамаи писарони калониро кушта буданд; ва Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.
[2] Дар вақти подшоҳ шуданаш Аҳазьёҳу чилу дусола буд, ва як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Атальё бинти Омрӣ буд.
[3] Ӯ низ бо роҳҳои хонадони Аҳъоб рафтор намуд, зеро ки модараш машваратчии ӯ буд, то ки корҳои шарирона бикунад.
[4] Ва мисли хонадони Аҳъоб, он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, зеро ки онҳо, баъд аз фавти падараш, машваратчиёни ӯ буданд, то ки ба ҳалокат бирасад.
[5] Бар тибқи машварати онҳо рафтор карда, ӯ бо Йӯром ибни Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ба ҷанги зидди Ҳазоил, подшоҳи Арам, ба Ромӯт‐Ҷилъод рафт, ва арамиён Йӯромро захмдор карданд.
[6] Ва ӯ ба Изреъил баргашт, то аз захмҳое ки ба ӯ дар Ромо расонида буданд, вақте ки бо Ҳазоил, подшоҳи Арам, меҷангид, шифо ёбад; ва Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, барои дидани Йӯром ибни Аҳъоб ба Изреъил фурӯд омад, чунки вай бемор буд.
[7] Ва ҳалокати Аҳазьёҳу аз ҷониби Худо буд, ки ӯ назди Йӯром омад, ва омадан замон бо Йӯром ба Еҳу ибни Нимшӣ муқобил баромад, ки варо Худованд барои нест кардани хонадони Аҳъоб тадҳин намуда буд.
[8] Ва ҳангоме ки Еҳу аз хонадони Аҳъоб қасос мегирифт, сарварони Яҳудо ва писарони бародарони Аҳазьёҳуро, ки ба Аҳазьёҳу хизмат мекарданд, ёфта, онҳоро ба қатл расонид.
[9] Ва Аҳазьёҳуро талаб кард, ва ӯро дар ҳолате ки дар Сомария пинҳон шуда буд, дастгир карда, назди Еҳу оварданд, ва ӯро кушта, дафн карданд, зеро ки гуфтанд: «Ӯ писари Еҳӯшофот аст, ки вай бо тамоми дили худ Худовандро ҷӯё шуда буд». Ва аз хонадони Аҳазьёҳу касе боқӣ намонд, ки қувват дошта бошад салтанат ронад.
[10] Ва Атальё, модари Аҳазьёҳу, чун дид, ки писараш мурд, бархоста, тамоми насли подшоҳони хонадони Яҳудоро несту нобуд кард.
[11] Вале Еҳӯшобаъ, духтари подшоҳ, Еҳӯош ибни Аҳазьёҳуро гирифт, ва ӯро аз миёни писарони подшоҳ, ки кушта мешуданд, дуздид, ва ӯро бо ширдораш ба хонаи хобгоҳ бурда ҷойгир кард; ва Еҳӯшобаъ, духтари подшоҳ Еҳӯром, ки зани Еҳӯёдои коҳин буд, — зеро ки вай хоҳари Аҳазьёҳу буд, — ӯро аз Атальё пинҳон кард, ва вай ӯро накушт.
[12] Ва ӯ бо онҳо дар хонаи Худо шаш сол пинҳон буд; ва Атальё дар мамлакат подшоҳӣ мекард.