Skip to content
Opens in a new window

[1] Дар вақти подшоҳ шуданаш Ютом бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ерушо бинти Содӯқ буд.

[2] Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мувофиқи ҳар он чи падараш Узиё ба амал оварда буд, аммо ба маъбади Худованд дохил нашуд, вале қавм ҳанӯз гуноҳ мекарданд.

[3] Ва ӯ дарвозаи болои хонаи Худовандро бино кард, ва назди ҳисори бурҷи Ӯфал иморати бисьёре сохт.

[4] Ва бар кӯҳистони Яҳудо шаҳрҳо бино кард, ва дар ҷангалистон қалъаҳо ва бурҷҳо сохт.

[5] Ва ӯ бо подшоҳи банӣ‐Аммӯн ҷанг карда, бар онҳо дастболо шуд, ва дар он сол банӣ‐Аммӯн ба ӯ сад киккар нуқра ва даҳ ҳазор кӯр гандум, ва даҳ ҳазор кӯр ҷав доданд. Ва дар соли дуюм ва соли сеюм банӣ‐Аммӯн ҳамин чизҳоро ба ӯ доданд.

[6] Ва Ютом пурзӯр гардид, зеро ки роҳҳои худро пеши Худованд Худои худ дуруст гардонида буд.

[7] Ва бақияи аъмоли Ютом, ва ҳамаи ҷангҳояш ва рафтораш дар китоби подшоҳони Исроил ва Яҳудо навишта шудааст.

[8] Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

[9] Ва Ютом бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд, ва писараш Оҳоз ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Китоби Дуюми Вақоеънома — Chapters