[1] Ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба хонаи худ ба Ерусалим ба саломатӣ баргашт.
[2] Ва Еҳу ибни Ҳанонии ғайбгӯй ба истиқболи ӯ берун омад, ва ба подшоҳ Еҳӯшофот гуфт: «Оё туро сазад, ки ба шарире ёварӣ намоӣ, ва душманони Худовандро дӯст дорӣ? Аз ин сабаб бар ту ғазабе аз ҷониби Худованд ба вуҷуд омадааст.
[3] Аммо дар ту аъмоли нек низ ёфт шудааст, чунки Ашераҳоро аз замин нест кардаӣ, ва дили худро моили он гардонидаӣ, ки Худоро ҷӯё бошӣ».
[4] Ва Еҳӯшофот дар Ерусалим сокин гардида, аз нав назди қавм аз Беэр‐Шобаъ то кӯҳи Эфроим берун омад, ва онҳоро сӯи Худованд Худои падаронашон баргардонид.
[5] Ва доваронро дар мамлакат, дар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, шаҳр ба шаҳр, гузошт.
[6] Ва ба доварон гуфт: «Диққат диҳед, ки шумо чӣ гуна амал мекунед, зеро ки на барои одам доварӣ менамоед, балки барои Худованд; ва дар амали доварӣ Ӯ бо шумо хоҳад буд.
[7] Ва алҳол, бигзор тарси Худованд бар шумо бошад. Эҳтиёткорона амал намоед, зеро ки назди Худованд Худои мо беинсофӣ ва рӯбинӣ ва ришвахӯрӣ нест».
[8] Ва дар Ерусалим низ Еҳӯшофот аз левизодагон ва коҳинон ва аз сардорони хонаводаҳои Исроил баҳри доварии Худованд ва муҳокимаи даъвоҳо гузошт; ва ба Ерусалим баргаштанд.
[9] Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Дар тарси Худованд, бо имон ва дили комил чунин амал кунед,
[10] Ва дар ҳар даъвое ки аз ҷониби бародарони шумо, ки дар шаҳрҳои худ сукунат доранд, пеши шумо меояд, — хоҳ оид ба хунрезӣ, хоҳ оид ба шариат, ва аҳком, ва фароиз, ва дастурҳо бошад, — онҳоро огоҳ намоед, то ки пеши Худованд гуноҳкор нашаванд, ва бар шумо ва бар бародарони шумо ғазаб наояд; чунин амал кунед, ва шумо гуноҳкор нахоҳед шуд.
[11] Ва инак, Амарьёҳуи саркоҳин бар сари шумо дар ҳар кори Худованд аст, ва Забадьёҳу ибни Исмоил, ки раиси хонадони Яҳудо мебошад, — дар ҳар кори подшоҳ аст, ва нозирони левизода пеши шумоянд; пас, қавӣ бошед ва амал кунед, ва Худованд бо некон хоҳад буд».