Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Еҳӯшофот бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Еҳӯром ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

[2] Ва бародарони ӯ, писарони Еҳӯшофот, инҳо буданд: Азарьё ва Яҳиил ва Закарьёҳу ва Азарьёҳу ва Микоил ва Шафатьёҳу; ҳамаи инҳо писарони Еҳӯшофот, подшоҳи Исроил, буданд.

[3] Ва падарашон ба онҳо инъомҳои зиёде аз нуқра ва тилло ва чизҳои гаронбаҳо, бо шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо, бахшид; валекин салтанатро ба Еҳӯром дод, зеро ки ӯ нахустзода буд.

[4] Ва ҳангоме ки Еҳӯром салтанати падарашро соҳиб шуда, қувват гирифт, ҳамаи бародарони худ, ва низ баъзеро аз сарварони Исроил бо шамшер кушт.

[5] Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯром сию дусола буд, ва ҳашт сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

[6] Ва ӯ бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор кард, чунон ки хонадони Аҳъоб рафтор карда буданд, зеро ки духтари Аҳъоб зани ӯ буд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард.

[7] Вале Худованд ба хотири аҳде ки бо Довуд баста буд, нахост хонадони Довудро ба ҳалокат расонад, зеро ба ӯ ваъда дода буд, ки барои ӯ ва фарзандони ӯ умрбод чароғе бидиҳад.

[8] Дар айёми ӯ Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ва онҳо бар худ подшоҳе гузоштанд.

[9] Ва Еҳӯром бо сардорони худ убур намуд, ва ҳамаи аробаҳояш бо ӯ буд; ва шабона ӯ бархост ва сафҳои адӯмиёнро, ки ӯ ва сардорони аробаҳоро иҳота карда буданд, рахна намуда, ақиб нишаст.

[10] Ва Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ки то имрӯз чунин аст; дар он замон Либно аз зери дасти ӯ исьён бардошт, зеро ки ӯ Худованд Худои падарони худро тарк кард.

[11] Ҳамчунин ӯ баландиҳо дар кӯҳҳои Яҳудо барпо намуд, ва сокинони Ерусалимро зинокор гардонид, ва аҳли Яҳудоро ба васваса андохт.

[12] Ва мактубе аз Ильёси набӣ ба ӯ расид, ки дар он гуфта шуда буд: «Худованд Худои падарат Довуд чунин мегӯяд: „Азбаски ту бо роҳҳои падарат Еҳӯшофот ва бо роҳҳои Осо, подшоҳи Яҳудо, рафтор накардӣ,

[13] Балки бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор намуда, аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалимро зинокор гардондӣ, чунон ки хонадони Аҳъоб зинокор гардонида буданд; ва низ бародарони худро аз хонадони падарат, ки аз ту беҳтар буданд, ба қатл расондӣ, —

[14] Инак, Худованд қавми ту, ва писарони ту, ва занони ту, ва тамоми молу мулки туро ба балои азим гирифтор хоҳад кард;

[15] Ва худат ба дардҳои зиёде, яъне ба бемории амъои худ мубтало хоҳӣ шуд, то ба дараҷае ки амъоят аз он дард рӯз ба рӯз берун хоҳад омад“».

[16] Ва Худованд рӯҳи фалиштиён ва арабҳоро, ки дар паҳлуи ҳабашиён буданд, ба муқобили Еҳӯром барангехт;

[17] Ва онҳо ба Яҳудо ҳуҷум оварданд, ва онро рахна карда даромаданд, ва тамоми молу мулкеро, ки дар хонаи подшоҳ ёфт шуд, ва писарон ва занони ӯро низ ба асирӣ бурданд; ва барои ӯ, ғайр аз Еҳӯоҳоз, ки хурдтарини писаронаш буд, писаре боқӣ намонд.

[18] Ва баъд аз ҳамаи ин Худованд амъои ӯро ба бемории илоҷнопазире гирифтор кард.

[19] Ва бо мурури айём, вақте ки ду сол ба интиҳо расид, амъояш аз шиддати дардаш берун омада, ӯ бо азоби сахте мурд; ва қавмаш барои ӯ оташ наафрӯхтанд, чунон ки барои падарони ӯ барафрӯхта буданд.

[20] Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ сию дусола буд, ва ҳашт сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва бе он ки сазовори дилсӯзӣ гардида бошад, аз дуньё даргузашт, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд, вале на дар мақбараи подшоҳон.

Китоби Дуюми Вақоеънома — Chapters