[1] Ва писараш Еҳӯшофот ба ҷои ӯ подшоҳ шуд, ва бар Исроил мустаҳкам гардид.
[2] Ва дар ҳамаи шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо аскаронро ҷойгир кард, ва дар замини Яҳудо ва дар шаҳрҳои Эфроим, ки падараш Осо забт карда буд, волиёнро таъин намуд.
[3] Ва Худованд бо Еҳӯшофот буд, зеро ки ӯ бо роҳҳои аввалаи падараш Довуд рафтор намуд, ва Баалҳоро ҷӯё нашуд,
[4] Балки Худои падари худро ҷӯё шуд, ва мувофиқи аҳкоми Ӯ рафтор намуд, ва на бар тибқи аъмоли Исроил.
[5] Ва Худованд мамлакатро дар дасти ӯ устувор гардонид, ва тамоми аҳли Яҳудо ҳадияҳо барои Еҳӯшофот меоварданд, ва ӯ сарват ва шавкати зиёде дошт.
[6] Ва дили ӯ дар роҳҳои Худованд фахр менамуд; ва баландиҳо ва Ашераҳоро низ аз Яҳудо дур кард.
[7] Ва дар соли сеюми подшоҳии худ сарваронаш Бен‐Ҳайил ва Убадьё ва Закарьё ва Натанъил ва Микойҳуро фиристод, то ки дар шаҳрҳои Яҳудо таълим диҳанд.
[8] Ва бо онҳо левизодагон: Шамаъёҳу ва Натанъёҳу ва Асоил ва Шемиромӯт ва Еҳӯнотон ва Адӯниёҳу ва Тӯбиё ва Тӯв‐Адӯниё, ки левизодагон буданд; ва бо онҳо Элишомоъ ва Еҳӯром, ки коҳинон буданд.
[9] Ва онҳо дар Яҳудо таълим медоданд, ва китоби Тавроти Худованд бо онҳо буд; ва дар ҳамаи шаҳрҳои Худованд гардиш карда, қавмро таълим медоданд.
[10] Ва тарси Худованд ҳамаи салтанатҳои кишварҳоеро, ки дар гирду пеши Яҳудо буданд, фаро гирифт, ва онҳо бо Еҳӯшофот ҷанг накарданд.
[11] Ва аз фалиштиён барои Еҳӯшофот ҳадия ва нуқраи хироҷ оварданд; арабҳо низ барои ӯ чорво: ҳафт ҳазору ҳафтсад қӯчқор ва ҳафт ҳазору ҳафтсад нарбуз оварданд.
[12] Ва Еҳӯшофот торафт бештар қувват гирифта, бузург шуд; ва дар Яҳудо қалъаҳо ва шаҳрҳои захираҳо бино кард.
[13] Ва ҳунармандони сершуморе барои ӯ дар шаҳрҳои Яҳудо кор мекарданд; ва мардони ҷангии ҷасуре дар Ерусалим дошт.
[14] Ва ин аст шумораи онҳо бар ҳасби хонаводаҳошон: аз Яҳудо мириҳазорҳо, ки сарвари онҳо Адно буд, ва бо ӯ сесад ҳазор мардони ҷангӣ буданд.
[15] Ва дар паҳлуи ӯ Еҳӯҳонони сарвар буд, ва бо вай дусаду ҳаштод ҳазор сарбоз буданд.
[16] Ва дар паҳлуи вай Амасьё ибни Зикрӣ буд, ки барои Худованд ионат медод, ва бо ӯ дусад ҳазор мардони ҷангӣ буданд.
[17] Ва аз Биньёмин Эльёдои марди ҷангӣ буд, ва бо ӯ дусад ҳазор камонварон ва сипардорон буданд.
[18] Ва дар паҳлуи ӯ Еҳӯзобод буд, ва бо вай саду ҳаштод ҳазор пешоҳангони лашкар буданд.
[19] Инҳо хизмати подшоҳро ба ҷо меоварданд, ғайр аз онҳое ки подшоҳ дар шаҳрҳои ҳисордор дар тамоми Яҳудо ҷойгир карда буд.