[1] Ва ҳангоме ки салтанати Раҳабъом пойдор гардида, қувват гирифт, ӯ шариати Худовандро тарк кард, ва тамоми Исроил бо ӯ буданд.
[2] Ва дар соли панҷуми подшоҳии Раҳабъом чунин воқеъ шуд, ки Шишақ, подшоҳи Миср, ба муқобили Ерусалим баромад, — зеро ки онҳо ба Худованд осӣ шуда буданд, —
[3] Бо ҳазору дусад ароба ва шаст ҳазор саворагон; ва қавме ки бо ӯ аз Миср омада буданд, яъне лубиён, суккиён ва ҳабашиён, сону шумор надоштанд;
[4] Ва шаҳрҳои ҳисордори Яҳудоро забт карда, назди Ерусалим омад.
[5] Ва Шамаъёи набӣ пеши Раҳабъом ва сарварони Яҳудо, ки аз тарси Шишақ дар Ерусалим ҷамъ шуда буданд, омада, ба онҳо гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Шумо Маро тарк кардед, пас Ман низ шуморо тарк карда, ба дасти Шишақ супурдаам“».
[6] Ва сарварони Исроил ва подшоҳ гардан фуроварда, гуфтанд: «Худованд одил аст!»
[7] Ва чун Худованд дид, ки онҳо гардан фуроварданд, каломи Худованд бар Шамаъё нозил шуда, гуфт: «Онҳо гардан фуроварданд, онҳоро маҳв нахоҳам кард; ва онҳоро кисман раҳо хоҳам қард, ва ғазаби Ман бар Ерусалим бо дасти Шишақ нахоҳад рехт.
[8] Аммо онҳо хизматгорони вай хоҳанд шуд, то бидонанд, ки хизмати Ман чӣ гуна аст, ва хизмати салтанатҳои замин чӣ гуна аст».
[9] Ва Шишақ, подшоҳи Миср, ба Ерусалим баромада, ганҷҳои хонаи Худованд ва ганҷҳои хонаи подшоҳро гирифт, — ҳамаашро гирифт; ва сипарҳои тиллоеро, ки Сулаймон сохта буд, гирифт.
[10] Ва подшоҳ Раҳабъом ба ҷои онҳо сипарҳои мисин сохта, ба дасти сардорони шотироне ки дари хонаи подшоҳро нигаҳбонӣ мекарданд, супурд.
[11] Ва ҳар бор, ки подшоҳ ба хонаи Худованд мерафт, шотирон омада, онҳоро мебардоштанд, ва баъд онҳоро ба ҳуҷраи шотирон бармегардониданд.
[12] Ва ҳангоме ки ӯ гардан фуровард, хашми Худованд аз ӯ баргашта, ӯро тамоман маҳв накард; ва дар Яҳудо низ корҳои нек ба вуҷуд омад.
[13] Ва подшоҳ Раҳабъом дар Ерусалим қувват гирифта, подшоҳӣ кард; дар вақти подшоҳ шуданаш Раҳабъом чилу яксола буд, ва ҳафдаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард, — дар шаҳре ки Худованд аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидааст, то ки исми Худро дар он ҷойгир созад. Ва номи модари ӯ Наамои аммӯнӣ буд.
[14] Ва ӯ корҳои бад кард, зеро дили худро ба он моил нагардонида буд, ки толиби Худованд бошад.
[15] Ва аъмоли Раҳабъом, аз аввал то охир, дар навиштаҷоти Шамаъёи набӣ ва Иддӯи ғайбгӯй дар қисми насабномаҳо навишта шудааст; ва дар миёни Раҳабъом ва Ёробъом ҳама вақт ҷанг буд.
[16] Ва Раҳабъом бо падарони худ хобид, ва дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Абиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.