[1] Ва писарони Реубен, нахустзодаи Исроил, — зеро ки ӯ нахустзода буд, вале вақте ки бистари падарашро палид кард, нахустзодагии ӯ ба писарони Юсуф ибни Исроил дода шуд, ва дар насабномаи ӯ нахустзодагӣ инъикос наёфт;
[2] Ва агарчи Яҳудо бар бародаронаш бартарӣ пайдо карда, пешво аз ӯ пайдо шуд, вале нахустзодагӣ аз они Юсуф гардид.
[3] Писарони Реубен, нахустзодаи Исроил: Ҳанӯх ва Фаллу, Ҳесрӯн ва Кармӣ.
[4] Писарони Юил: писараш Шамаъё, писараш Ҷуҷ, писараш Шимъӣ,
[5] Писараш Мико, писараш Раоё, писараш Баал,
[6] Писараш Баэро, ки ӯро Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшур, ба асирӣ бурд, ва ӯ раиси реубениён буд.
[7] Ва бародаронаш, бар ҳасби хонаводаҳошон, мувофиқи рӯйхати насабномаҳошон, Яиил, ки сардор буд, ва Закарьёҳу,
[8] Ва Болаъ ибни Озоз, ибни Шомаъ, ибни Юил, ки дар Арӯэр то Набӯ ва Баал‐Маӯн сокин буд,
[9] Ва ба тарафи шарқ то даромадгоҳи биёбон, ки ибтидояш аз наҳри Фурот буд, сукунат дошт, зеро ки рамаҳои чорвои онҳо дар замини Ҷилъод сершумор шуда буд.
[10] Ва дар айёми Шоул онҳо бо ҳоҷариён ҷанг карданд, ва ҳоҷариён ба дасти онҳо афтоданд; ва онҳо дар тамоми музофоти шарқии Ҷилъод дар хаймаҳои ҳоҷариён сокин шуданд.
[11] Ва банӣ‐Ҷод дар рӯ ба рӯи онҳо то Салко, ки дар замини Бошон буд, сукунат доштанд.
[12] Юил сардорашон, ва Шофом муовини ӯ буд, ва Яънай ва Шофот дар Бошон буданд.
[13] Ва бародарони онҳо, бар ҳасби хонаводаҳошон: Микоил ва Машуллом ва Шобаъ ва Юрай ва Яъкон ва Зияъ ва Эбар — ҳафт нафар.
[14] Инҳоянд писарони Абиҳоил ибни Ҳурӣ, ибни Ёрӯаҳ, ибни Ҷилъод, ибни Микоил, ибни Ешишай, ибни Яҳдӯ, ибни Буз;
[15] Аҳӣ ибни Абдиил, ибни Ҷунӣ сардори хонаводаи онҳо буд.
[16] Ва онҳо дар Ҷилъод ва Бошон ва деҳоташ, ва дар ҳамаи чарогоҳҳои Шорӯн то ақсои он сокин буданд.
[17] Насабномаи ҳамаашон дар айёми Ютом, подшоҳи Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом, подшоҳи Исроил, тартиб дода шуда буд.
[18] Аз банӣ‐Реубен ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше ҷанговарон, касоне ки сипар ва шамшер мебардоштанд, ва камондорон, ва ҷангозмудагон, ки ба майдони корзор мебаромаданд, чилу чор ҳазору ҳафтсаду шаст нафар буданд.
[19] Ва онҳо бо ҳоҷариён ва Йитур ва Нофиш ва Нӯдоб ҷанг карданд.
[20] Ва бар зидди инҳо кӯмак гирифтанд, ва ҳоҷариён ва ҳамаи ҳамроҳонашон ба дасти онҳо таслим гардиданд, зеро ки онҳо дар вақти ҷанг ба Худо истиғоса бурданд, ва Ӯ истиғосаи онҳоро иҷобат намуд, чунки ба Ӯ таваккал карданд.
[21] Ва аз чорвои онҳо ба ғанимат гирифтанд: панҷоҳ ҳазор шутур, ва дусаду панҷоҳ ҳазор гӯсфанд, ва ду ҳазор хар, ва сад ҳазор ҷони одам,
[22] Зеро бисьёр касон кушта шуданд, чунки ин ҷанг аз ҷониби Худо буд; ва ба ҷои инҳо то вақти асирии худ сокин шуданд.
[23] Ва писарони нисфи сибти Менашше дар он замин, аз Бошон то Баал‐Ҳермӯн ва Санир ва кӯҳи Ҳермӯн сокин буданд; онҳо афзоиш ёфтанд.
[24] Ва инҳоянд сардорони хонаводаҳошон: Эфар ва Йишъӣ ва Алиил ва Азриил ва Ирмиё ва Ҳӯдавьё ва Яҳдиил, ки мардони шуҷои ҷангӣ, мардони номдор, сардорони хонаводаҳои худ буданд.
[25] Валекин ба Худои падарони худ хиёнат карданд, ва ба худоёни қавмҳои он замин, ки Худо аз пеши онҳо маҳв карда буд, пайравӣ намуда, бо зино машғул шуданд.
[26] Ва Худои Исроил рӯҳи Фул, подшоҳи Ашшур, ва рӯҳи Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшурро барангехт, ва ӯ реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашшеро ба асирӣ гирифт, ва онҳоро ба Ҳалаҳ ва Ҳобӯр ва Ҳоро ва наҳри Ҷӯзон овард, ки то имрӯз онҳо дар он ҷо мебошанд.