Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва баъд аз ин Довуд ба фалиштиён зарба расонида, онҳоро мағлуб кард, ва Ҷат ва қасабаҳояшро аз дасти фалиштиён гирифт.

[2] Ва ба Мӯоб шикаст расонид, ва мӯобиён бандагони хироҷгузори Довуд гардиданд.

[3] Ва Довуд ба Ҳададозар, подшоҳи Сӯбо, вақте ки вай мерафт, то ҳукмронии худро назди наҳри Фурот устувор гардонад, дар Ҳамот шикаст расонид.

[4] Ва Довуд ҳазор ароба ва ҳафт ҳазор савора ва бист ҳазор пиёда аз вай гирифт, ва Довуд ҳамаи аспони аробаҳоро пай кард, вале аз онҳо барои сад ароба нигоҳ дошт.

[5] Ва арамиёни Димишқ ба мадади Ҳададозар, подшоҳи Сӯбо, омаданд, ва Довуд аз арамиён бисту ду ҳазор нафарро кушт.

[6] Ва Довуд дар Арами Димишқ волиёнро гузошт, ва арамиён бандагони хироҷгузори Довуд гардиданд. Ва Худованд Довудро ба ҳар ҷое ки вай мерафт, ёварӣ менамуд.

[7] Ва Довуд сипарҳои тиллоро, ки бар навкарони Ҳададозар буд, гирифта, ба Ерусалим овард.

[8] Ва аз Тибҳат ва Кӯн, ки шаҳрҳои Ҳададозар буд, Довуд миси бағоят зиёде гирифт, ки аз он Сулаймон ҳавзи мисин ва сутунҳо ва колои мисин сохт.

[9] Ва Тӯу, подшоҳи Ҳамот, шунид, ки Довуд тамоми лашкари Ҳададозар, подшоҳи Сӯборо мағлуб кардааст.

[10] Ва писари худ Ҳадӯромро назди подшоҳ Довуд фиристод, то ки ба ӯ салом расонад ва ӯро муборакбод гӯяд, ба муносибати он ки бо Ҳададозар ҷанг карда, варо мағлуб намудааст, — зеро ки Ҳададозар ба муқобили Тӯу бисьёр меҷангид, — бо ҳар навъ зарфҳои тилло ва нуқра ва мис.

[11] Ва подшоҳ Довуд онҳоро низ барои Худованд вақф намуд, бо якҷоягии нуқра ва тиллое ки аз ҳамаи халқҳо: аз Адӯм ва Мӯоб ва банӣ‐Аммӯн ва фалиштиён ва Амолеқ гирифта буд.

[12] Ва Абшай ибни Саруё аз адӯмиён дар водии Намак ҳаждаҳ ҳазор нафарро кушт;

[13] Ва дар Адӯм волиёнро гузошт, ва ҳамаи адӯмиён бандагони Довуд гардиданд; ва Худованд Довудро ба ҳар ҷое ки вай мерафт, ёварӣ менамуд.

[14] Ва Довуд бар тамоми Исроил подшоҳӣ мекард, ва бар тамоми қавми худ доварӣ ва инсофро ба амал меовард.

[15] Ва Юоб ибни Саруё сарлашкар буд, ва Еҳӯшофот ибни Аҳилуд — вақоеънавис.

[16] Ва Содӯқ ибни Аҳитуб ва Абималик ибни Абьётор коҳин буданд; ва Шавшо котиб буд.

[17] Ва Баноёҳу ибни Еҳӯёдоъ бар каритиён ва фалитиён гумошта буд; ва писарони Довуд назди подшоҳ садрнишин буданд.

Китоби якуми Вақоеънома — Chapters