Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва ӯ барои худ хонаҳо дар шаҳри Довуд сохт, ва барои сандуқи Худо маконе тайёр кард, ва хаймае барои он барпо намуд.

[2] Он гоҳ Довуд гуфт, ки ғайр аз левизодагон касе сандуқи Худоро набардорад, зеро Худованд онҳоро баргузидааст, то ки сандуқи Худоро бардоранд, ва хизмати онро ба сурати абадӣ ба ҷо оваранд.

[3] Ва Довуд тамоми Исроилро дар Ерусалим ҷамъ кард, то ки сандуқи Худовандро ба маконе ки барои он тайёр карда буд, бароранд.

[4] Ва Довуд писарони Ҳорун ва левизодагонро ҷамъ кард:

[5] Аз банӣ‐Қаҳот — Уриили сардор ва саду бист нафар бародаронашро;

[6] Аз банӣ‐Марорӣ — Асоёи сардор ва дусаду бист нафар бародаронашро;

[7] Аз банӣ‐Ҷершӯн — Юили сардор ва саду сӣ нафар бародаронашро;

[8] Аз банӣ‐Элисофон — Шамаъёи сардор ва дусад нафар бародаронашро;

[9] Аз банӣ Ҳебрӯн — Алиили сардор ва ҳаштод нафар бародаронашро;

[10] Аз банӣ‐Узиил — Аминодоби сардор ва саду дувоздаҳ нафар бародаронашро.

[11] Ва Довуд коҳинон Содӯқ ва Абьётор ва левизодагон Уриил, Асоё ва Юил, Шамаъё ва Алиил ва Аминодобро даъват намуда,

[12] Ба онҳо гуфт: «Шумо сардорони хонаводаҳои левизодагон ҳастед, пас шумо ва бародарони шумо худро тақдис намоед, ва сандуқи Худованд Худои Исроилро ба маконе ки барояш тайёр кардаам, бардошта биёред,

[13] Зеро, азбаски бори аввал шумо онро набардоштед, Худованд Худои мо моро зарба зад, чунки онро бар тибқи қонун толиб нашудем».

[14] Ва коҳинон ва левизодагон худро тақдис карданд, то ки сандуқи Худованд Худои Исроилро бардошта биёранд.

[15] Ва писарони левизодагон ончунон, ки Мусо бар тибқи каломи Худованд амр фармуда буд, дастакҳои сандуқи Худоро бар китфҳои худ гузошта, онро бардоштанд.

[16] Ва Довуд ба сардорони левизодагон амр фармуд, ки бародарони муғаннии худро бо асбоби мусиқӣ: бо удҳо ва барбатҳо ва санҷҳо таъин намоянд, то ки онҳо бо овози баланд суруд хонда, мардумро ба ваҷд оваранд.

[17] Ва левизодагон Ҳеймон ибни Юил, ва аз бародарони вай — Ософ ибни Боракьёҳу, ва аз бародарони онҳо, аз банӣ‐Марорӣ, Эйтон ибни Қушоёҳуро таъин карданд;

[18] Ва бо онҳо бародарони дараҷаи дуюми онҳо: Закарьёҳу ва Бен ва Яазиил ва Шамиромӯт ва Яҳиил ва Уннӣ ва Элиоб ва Баноёҳу ва Маасиёҳу ва Маттитьёҳу ва Элифалиҳу ва Миқниёҳу ва Убайд‐Адӯм ва Яиилро, ки дарбон буданд;

[19] Ва муғанниён: Ҳеймон ва Ософ ва Эйтонро бо санҷҳои мисин, то ки бизананд;

[20] Ва Закарьё ва Азиил ва Шамиромӯт ва Яҳиил ва Уннӣ ва Элиоб ва Маасиёҳу ва Баноёҳуро бо удҳо бар сози аломӯт;

[21] Ва Маттитьёҳу ва Элифалиҳу ва Миқниёҳу ва Убайд‐Адӯм ва Яиил ва Азазьёҳуро бо барбатҳо бар сози ҳашттор, то ки якканавозӣ кунанд.

[22] Ва Кананьёҳу сардори левизодагон дар сурудгӯӣ буд, ва ба муғанниён роҳбарӣ мекард, чунки дар ин кор маҳорат дошт.

[23] Ва Боракьё ва Элқоно дарбонони назди сандуқ буданд.

[24] Ва Шабаньёҳу ва Йӯшофот ва Натанъил ва Амосай ва Закарьёҳу ва Баноёҳу ва Элиозар, ки коҳин буданд, пеши сандуқи Худо карнай менавохтанд. Ва Убайд‐Адӯм ва Яҳиё дарбонони назди сандуқ буданд.

[25] Ва Довуд ва пирони Исроил ва мириҳазорон рафтанд, то ки сандуқи аҳди Худовандро аз хонаи Убайд‐Адӯм бо шодмонӣ бардошта биёранд.

[26] Ва чун Худо ба левизодагони бардорандаи сандуқи аҳди Худованд мададгор шуд, ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқорро қурбонӣ карданд.

[27] Ва Довуд либосе аз катони нозук пӯшида буд, ва ҳамчунин ҳамаи левизодагони бардорандаи сандуқ, ва муғанниён, ва Кананьё, ки ба сурудгӯии муғанниён сардорӣ мекард. Ва Довуд эфӯди катон дар бар дошт.

[28] Ва тамоми Исроил сандуқи аҳди Худовандро бо нидоҳои шодӣ ва садоҳои шох, карнай ва санҷҳо бардошта мебурданд, ва уд ва барбат менавохтанд.

[29] Ва ҳангоме ки сандуқи аҳди Худованд ба шаҳри Довуд дохил мешуд, Микал бинти Шоул аз тиреза нигоҳ карда, подшоҳ Довудро дид, ки рақсу бозӣ мекунад, дар дили худ аз ӯ нафрат намуд.

Китоби якуми Вақоеънома — Chapters