[1] Ва писарони Довуд, ки барои ӯ дар Ҳебрӯн таваллуд ёфтанд, инҳо буданд: нахустзодааш Амнӯн аз Аҳинӯами изреъилӣ; дуюмин — Дониёл аз Абиҷайли кармилӣ;
[2] Сеюмин — Абшолӯм ибни Маъко бинти Талмой, подшоҳи Ҷашур; чорумин — Адӯниё ибни Ҳаҷҷит;
[3] Панҷумин — Шафатьё аз Абитол; шашумин — Йитреом аз зани ӯ Эҷло.
[4] Ин шаш нафар барои ӯ дар Ҳебрӯн таваллуд ёфтанд, ки дар он ҷо ӯ ҳафт сол ва шаш моҳ подшоҳ буд, ва дар Ерусалим сию се сол подшоҳӣ кард.
[5] Ва инҳо барои ӯ дар Ерусалим таваллуд ёфтанд: Шимъо ва Шубоб ва Нотон ва Сулаймон — чор нафар аз Бат‐Шуо бинти Амиил;
[6] Ва Йибҳор ва Элишомоъ ва Элифолат;
[7] Ва Нӯҷа ва Нофаҷ ва Ёфиа;
[8] Ва Элишомоъ ва Эльёдоъ ва Элифолат — нӯҳ нафар.
[9] Ҷамъи писарони Довуд ҳаминҳо буданд, ғайр аз писарони сурриягон ва хоҳарашон Томор.
[10] Ва писари Сулаймон — Раҳабъом, писараш Абиё, писараш Осо, писараш Еҳӯшофот,
[11] Писараш Еҳӯром, писараш Аҳазьёҳу, писараш Юош,
[12] Писараш Амасьё, писараш Азарьё, писараш Ютом;
[13] Писараш Оҳоз, писараш Ҳизқиё, писараш Менашше;
[14] Писараш Омӯн, писараш Йӯшиёҳу.
[15] Ва писарони Йӯшиёҳу: нахустзодааш Йӯҳонон, дуюмин — Еҳӯёқим, сеюмин — Сидқиё, чорумин — Шаллум.
[16] Ва писарони Еҳӯёқим: писараш Еконьё, писараш Сидқиё.
[17] Ва писарони Еконьё: Асир, писараш Шаалтиил;
[18] Ва Малкиром ва Фадоё ва Шенъасар, Еқамьё, Ҳӯшомоъ ва Надабьё.
[19] Ва писарони Фадоё: Зарубобил ва Шимъӣ; ва писарони Зарубобил: Машуллом ва Ҳананьё, ва хоҳарашон Шелӯмит;
[20] Ва Ҳашубо ва Ӯҳил ва Боракьё ва Ҳасадьё, Юшаб‐Ҳосад — панҷ нафар.
[21] Ва писарони Ҳананьё: Фалатьё ва Ишаъё; писараш Рафоё, писараш Арнон, писараш Убадьё, писараш Шаканьё.
[22] Ва писари Шаканьё: Шамаъё; ва писарони Шамаъё: Ҳаттуш ва Йиҷъол ва Борияҳ ва Наарьё ва Шафот — шаш нафар.
[23] Ва писарони Наарьё: Эльйӯэнай ва Ҳизқиё ва Азриқом — се нафар.
[24] Ва писарони Эльйӯэнай: Ҳӯдавьёҳу ва Эльёшиб ва Фалоё ва Аққуб ва Йӯҳонон ва Далоё ва Анонӣ — ҳафт нафар.