Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Довуд ва сардорони лашкари хизмат писарони Ософ ва Ҳеймон ва Едутунро ҷудо карданд, то ки бо барбатҳо, удҳо ва санҷҳо сурудгӯӣ кунанд; ва шумораи онҳо, ки дар хизмати худ моҳир буданд, ин аст:

[2] Аз писарони Ософ: Заккур ва Юсуф ва Натаньё ва Асарэло; ин писарони Ософ дастпарварди Ософ буданд, ки ӯ бо ҳидояти подшоҳ сурудгӯӣ мекард.

[3] Аз Едутун, писарони Едутун: Ҷадальёҳу, Сарӣ, Ешаъёҳу, Ҳашабьёҳу ва Маттитьёҳу — шаш нафар, ки дар таҳти роҳбарии падарашон Едутун барбат навохта, дар ҳамд ва ситоиши Худованд сурудгӯӣ мекарданд.

[4] Аз Ҳеймон, писарони Ҳеймон: Буққиёҳу, Маттаньёҳу, Уззиил, Шабуил, Еримӯт, Ҳананьё, Ҳанонӣ, Элиото, Ҷиддалтӣ, Ромамтӣ‐Озар, Ёшбеқошо, Маллӯтӣ, Ҳӯтир ва Маҳазиӯт.

[5] Ҳамаи онҳо писарони Ҳеймон буданд, ки ӯ пешбини подшоҳ дар ҳамду санои Худо буд, то ки ҷалоли Ӯро баланд бардорад; ва Худо ба Ҳеймон чордаҳ писар ва се духтар дода буд.

[6] Ҳамаи инҳо дар таҳти роҳбарии падарашон бо санҷҳо, удҳо ва барбатҳо дар хонаи Худованд сурудгӯӣ мекарданд, ва ин хизмати хонаи Худоро бо ҳидояти подшоҳ ва Ософ ва Едутун ва Ҳеймон ба ҷо меоварданд.

[7] Ва шумораи онҳо бо бародаронашон, ки сурудгӯиро барои Худованд таълим гирифта буданд, яъне ҳамаи касоне ки дар ин кор маҳорат доштанд, дусаду ҳаштоду ҳашт нафар буд.

[8] Ва онҳо барои муқаррар кардани навбатдорӣ, — хурд дар баробари калон, моҳир дар баробари шогирд, — қуръа партофтанд.

[9] Ва қуръаи якуми банӣ‐Ософ барои Юсуф баромад; дуюм — барои Ҷадальёҳу, ки ӯ ва бародаронаш ва писаронаш дувоздаҳ нафар буданд;

[10] Сеюм — барои Заккур, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[11] Чорум — барои Йисрӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[12] Панҷум — барои Натаньёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[13] Шашум — барои Буққиёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[14] Ҳафтум — барои Есарэло, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[15] Ҳаштум — барои Ешаъёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[16] Нӯҳум — барои Маттаньёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[17] Даҳум — барои Шимъӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[18] Ёздаҳум — барои Азаръил, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[19] Дувоздаҳум — барои Ҳашабьё, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[20] Сездаҳум — барои Шубоил, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[21] Чордаҳум — барои Маттитьёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[22] Понздаҳум — барои Еримӯт, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[23] Шонздаҳум — барои Ҳананьёҳу, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[24] Ҳафдаҳум — барои Ёшебқошо, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[25] Ҳаждаҳум — барои Ҳанонӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[26] Нуздаҳум — барои Маллӯтӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[27] Бистум — барои Элиёто, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[28] Бисту якум — барои Ҳӯтир, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[29] Бисту дуюм — барои Ҷиддалтӣ, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[30] Бисту сеюм — барои Маҳазиӯт, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар;

[31] Бисту чорум — барои Рӯмамтӣ‐Озар, писаронаш ва бародаронаш, дувоздаҳ нафар.

Китоби якуми Вақоеънома — Chapters