Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки Ноҳош, подшоҳи банӣ‐Аммӯн, мурд, ва писараш ба ҷои вай подшоҳ шуд.

[2] Ва Довуд гуфт: «Ба Ҳонун ибни Ноҳош эҳсон хоҳам намуд, чунки падари вай ба ман эҳсон карда буд». Ва Довуд қосидон фиристод, то ки ба вай дар бораи падараш таъзия баён намоянд; ва навкарони Довуд ба замини банӣ‐Аммӯн назди Ҳонун омаданд, то ки ба вай таъзия баён намоянд.

[3] Вале сарварони банӣ‐Аммӯн ба Ҳонун гуфтанд: «Оё ба гумони ту Довуд падаратро эҳтиром менамуд, ки баёнкунандагони таъзияро назди ту фиристодааст? Навкарони вай, охир, назди ту барои он омадаанд, ки мамлакатро тафтиш ва таҳқиқ ва ҷосусӣ кунанд!»

[4] Ва Ҳонун бандагони Довудро гирифта, ришашонро тарошид, ва либосашонро то нисфаш, яъне аз поён то суринашон бурида партофт, ва онҳоро фиристод.

[5] Ва рафта, дар бораи ин одамон ба Довуд хабар доданд, ва ӯ ба пешвози онҳо фиристод, зеро ки ин одамон бағоят хиҷил буданд; ва подшоҳ гуфт: «Дар Ериҳӯ бимонед, то вақте ки ришҳотон калон шавад, ва баъд аз он хоҳед баргашт».

[6] Ва банӣ‐Аммӯн диданд, ки дар назари Довуд нафратангез гардиданд; ва Ҳонун ва банӣ‐Аммӯн ҳазор киккар нуқра фиристоданд, то ки аз арамиёни Наҳрайн ва аз арамиёни Маъко ва аз Сӯбо барои худ аробаҳо ва саворон киро кунанд.

[7] Ва сию ду ҳазор ароба ва подшоҳи Маъкоро бо қавмаш барои худ киро карданд, ва онҳо омада, назди Мидбо ӯрду заданд; ва банӣ‐Аммӯн аз шаҳрҳои худ ҷамъ шуда, барои ҷанг омаданд.

[8] Ва Довуд инро шунида, Юоб ва тамоми лашкари далеронро фиристод.

[9] Ва банӣ‐Аммӯн берун омада, назди дарвозаи шаҳр барои ҷанг саф кашиданд, ва подшоҳоне ки омада буданд, дар саҳро алоҳида мавқеъ гирифтанд.

[10] Ва Юоб дид, ки ба муқобили ӯ ҳам аз пеш ва ҳам аз ақиб барои ҷанг омода шудаанд; ва ӯ аз ҳамаи гузинони Исроил фавҷе интихоб намуда, бар зидди арамиён саф кашид.

[11] Ва бақияи қавмро ба дасти бародараш Абшай супурд, то ки бар зидди банӣ‐Аммӯн саф кашанд.

[12] Ва гуфт: «Агар арамиён аз ман зӯр бароянд, ба мадади ман биё, ва агар банӣ‐Аммӯн аз ту зӯр бароянд, ман ба мадади ту хоҳам омад;

[13] Далер бош, ва мо барои қавми худ ва барои шаҳрҳои Худои худ далерона хоҳем ҷангид, ва Худованд он чиро, ки дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».

[14] Ва Юоб бо қавме ки ҳамроҳи ӯ буданд, ба ҷанги зидди арамиён шурӯъ кард, ва онҳо аз пеши ӯ рӯ ба гурез оварданд.

[15] Ва банӣ‐Аммӯн диданд, ки арамиён рӯ ба гурез оварданд, онҳо низ аз пеши Абшай гурехта, ба шаҳр дохил шуданд; ва Юоб ба Ерусалим омад.

[16] Ва чун арамиён диданд, ки пеши Исроил мағлуб гардиданд, қосидон фиристода, арамиёнеро, ки дар он тарафи наҳр буданд, берун оварданд, ва Шуфак, сарлашкари Ҳададозар, пешопеши онҳо мерафт.

[17] Ва ба Довуд хабари ин расид, ва ӯ тамоми Исроилро ҷамъ кард, ва аз Урдун убур намуда, назди онҳо омад, ва ба муқобили онҳо саф кашид; ва Довуд бар зидди арамиён ба ҷанг шурӯъ намуд, ва онҳо бо ӯ ҷанг карданд.

[18] Ва арамиён аз пеши Исроил рӯ ба гурез оварданд, ва Довуд ҳафт ҳазор сарбози аробагард ва чил ҳазор пиёдаро аз арамиён кушт, ва Шуфаки сарлашкарро ба қатл расонид.

[19] Ва чун навкарони Ҳададозар диданд, ки пеши Исроил мағлуб гардиданд, бо Довуд сулҳ баста, ба ӯ тобеъ шуданд; ва арамиён минбаъд нахостанд, ки банӣ‐Аммӯнро дастгирӣ кунанд.

Китоби якуми Вақоеънома — Chapters