Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва фалиштиён бо Исроил ҷанг мекарданд, ва мардуми Исроил аз пеши фалиштиён гурехтанд, ва бар кӯҳи Ҷилбӯа шаҳид шуда афтоданд.

[2] Ва фалиштиён ба Шоул ва писаронаш омада расиданд; ва фалиштиён Йӯнотон ва Абинодоб ва Малкӣ‐Шуа — писарони Шоулро куштанд.

[3] Ва ҷанг бар зидди Шоул сахт шуд; ва сарбозоне ки тир аз камон меандохтанд, ӯро ба зери тир гирифтанд, ва ӯ аз дасти тирандозон захмӣ шуд.

[4] Ва Шоул ба силоҳбардори худ гуфт: «Шамшери худро кашида, маро бо он бизан, мабодо ин номахтунон омада, маро ба хорӣ бикушанд». Вале силоҳбардораш нахост, зеро ки бағоят тарсид; ва Шоул шамшери худро гирифта, бар он афтод.

[5] Ва силоҳбардораш дид, ки Шоул мурд, вай низ бар шамшери худ афтода, мурд.

[6] Ва Шоул ва се писараш мурданд, ва тамоми хонадонаш якҷоя мурданд.

[7] Ва тамоми мардуми Исроил, ки дар водӣ буданд, чун диданд, ки исроилиён рӯ ба гурез овардаанд, ва Шоул ва писаронаш мурдаанд, — шаҳрҳои худро партофта, гурехтанд; ва фалиштиён омада, дар онҳо сокин шуданд.

[8] Ва фардояш фалиштиён барои луч кардани шаҳидон омаданд, ва Шоул ва писаронашро ёфтанд, ки бар кӯҳи Ҷилбӯа афтода буданд.

[9] Ва ӯро луч карданд, ва сари ӯ ва аслиҳаи ӯро гирифтанд, ва ба ҳар тарафи замини фалиштиён фиристоданд, то ки ба бутхонаҳои худ ва ба қавм мужда диҳанд.

[10] Ва аслиҳаи ӯро дар хонаи худоёни худ гузоштанд, ва сари ӯро дар хонаи Доҷӯн бо мех кӯфта монданд.

[11] Ва тамоми аҳли Ёбиш‐Ҷилъод он чиро, ки фалиштиёи ба Шоул карда буданд, шуниданд.

[12] Ва ҳамаи мардони далер бархоста, ҷасади Шоул ва ҷасадҳои писаронашро бардоштанд, ва ба Ёбиш оварда, устухонҳои онҳоро зери дарахти писта дар Ёбиш дафн карданд, ва ҳафт рӯз рӯза доштанд.

[13] Ва Шоул аз боиси маъсияти худ, ки пеши Худованд ба амал овард, мурд, яъне аз боиси он ки каломи Худовандро риоя накард, ва ба ҷодугар бо савол муроҷиат намуд,

[14] Вале ба Худованд муроҷиат нанамуд, ва Ӯ варо миронид, ва салтанатро ба Довуд ибни Йисой гузаронид.

Китоби якуми Вақоеънома — Chapters