Skip to content
Opens in a new window

[1] Инҳоянд писарони Исроил: Реубен, Шимъӯн, Левӣ ва Яҳудо, Иссокор ва Забулун,

[2] Дон, Юсуф ва Биньёмин, Нафтолӣ, Ҷод ва Ошер.

[3] Писарони Яҳудо: Эр ва Ӯнон ва Шело, — ин се нафар барои ӯ аз Бат‐Шуои канъонӣ таваллуд ёфтанд; ва нахустзодаи Яҳудо, Эр, дар назари Худованд ношоям буд, ва Ӯ варо миронид.

[4] Ва келинаш Томор барои ӯ Форас ва Зораҳро зоид; писарони Яҳудо ҷамъ панҷ нафар буданд.

[5] Писарони Форас: Ҳесрӯн ва Ҳомул.

[6] Ва писарони Зораҳ: Зимрӣ ва Эйтон ва Ҳеймон ва Калкул ва Дораъ; ҷамъ панҷ нафар буданд.

[7] Ва писарони Кармӣ: Охори балоангези Исроил, ки дар бобати ғанимати ҳаром хиёнат карда буд.

[8] Ва писарони Эйтон: Азарьё.

[9] Ва писарони Ҳесрӯн, ки барои ӯ таваллуд ёфтанд: Ераҳмеил ва Ром ва Келубой.

[10] Ва Ром Аминодобро ба дуньё овард, ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард, ки вай раиси банӣ‐Яҳудо буд.

[11] Ва Наҳшӯн Салморо ба дуньё овард, ва Салмо Бӯазро ба дуньё овард.

[12] Ва Бӯаз Убидро ба дуньё овард, ва Убид Йисойро ба дуньё овард.

[13] Ва Йисой нахустзодаи худ Элиобро ба дуньё овард, ва дуюмин — Абинодобро, ва сеюмин — Шимъоро,

[14] Ва чорумин — Натанъилро, ва панҷумин — Раддайро,

[15] Ва шашумин — Ӯсамро, ва ҳафтумин — Довудро.

[16] Ва хоҳаронашон Саруё ва Абиҷайл буданд. Ва писарони Саруё — Абшай ва Юоб ва Асоил; се нафар.

[17] Ва Абиҷайл Амосоро зоид. Ва падари Амосо Ётари исмоилӣ буд.

[18] Ва Колеб ибни Ҳесрӯн аз зани худ Азубо ва аз Ериӯт фарзандон ба дуньё овард, ва писаронаш инҳоянд: Ёшар ва Шубоб ва Ардӯн.

[19] Ва Азубо мурд, ва Колеб Эфратро гирифт, ва ӯ Ҳурро барои вай зоид.

[20] Ва Ҳур Уриро ба дуньё овард, ва Урӣ Басалъилро ба дуньё овард.

[21] Ва сонӣ Ҳесрӯн назди духтари Мокир, падари Ҷилъод, даромад, ва ӯро гирифт, дар ҳолате ки шастсола буд, ва ӯ барои вай Саҷубро зоид.

[22] Ва Саҷуб Ёирро ба дуньё овард, ва ӯ дар замини Ҷилъод бисту се шаҳр дошт.

[23] Вале Ҷашур ва Арам деҳоти Ёир, Қанот ва қасабаҳои онро, ки шаст шаҳр буд, аз онҳо гирифтанд, — ҳамаи инҳо ба писарони Мокир, падари Ҷилъод, тааллуқ дошт.

[24] Ва баъд аз он ки Ҳесрӯн дар Колеб‐Эфрат мурд, Абиё, зани Ҳесрӯн, барои ӯ Ашҳурро зоид, ки вай падари Тақӯо буд.

[25] Ва писарони Ераҳмеил, нахустзодаи Ҳесрӯн, инҳо буданд: нахустзодааш Ром ва Буно ва Ӯран ва Ӯсам ва Аҳиё.

[26] Ва Ераҳмеил зани дигаре дошт, ки номаш Аторо буд, ва ӯ модари Ӯном буд.

[27] Ва писарони Ром, нахустзодаи Ераҳмеил, инҳо буданд: Маас ва Ёмин ва Эқар.

[28] Ва писарони Ӯном Шаммай ва Ёдоъ буданд, ва писарони Шаммай — Нодоб ва Абишур.

[29] Ва номи зани Абишур Абиҳоил буд, ва ӯ Аҳбон ва Мӯлидро барои вай зоид.

[30] Ва писарони Нодоб: Солад ва Апоим; ва Солад бе фарзанд мурд.

[31] Ва писарони Апоим: Йишъӣ; ва писарони Йишъӣ: Шешон; ва писарони Шешон: Аҳлой.

[32] Ва писарони Ёдоъ, бародари Шаммай: Ётар ва Йӯнотон; ва Ётар бе фарзанд мурд.

[33] Ва писарони Йӯнотон: Фолат ва Зозо. Инҳо писарони Ераҳмеил буданд.

[34] Ва Шешон писаре надошт, балки фақат духтарон дошт; ва Шешон ғуломи мисрие дошт, ва номаш Ярҳоъ буд.

[35] Ва Шешон духтари худро ба ғуломаш Ярҳоъ ба занӣ дод, ва ӯ Аттойро барои вай зоид.

[36] Ва Аттой Нотонро ба дуньё овард, ва Нотон Зободро ба дуньё овард.

[37] Ва Зобод Эфлолро ба дуньё овард, ва Эфлол Убидро ба дуньё овард.

[38] Ва Убид Еҳуро ба дуньё овард, ва Еҳу Азарьёро ба дуньё овард.

[39] Ва Азарьё Ҳоласро ба дуньё овард, ва Ҳолас Элъосоро ба дуньё овард.

[40] Ва Элъосо Сисмойро ба дуньё овард, ва Сисмой Шаллумро ба дуньё овард.

[41] Ва Шаллум Еқамьёро ба дуньё овард, ва Еқамьё Элишомаъро ба дуньё овард.

[42] Ва писарони Колеб, бародари Ераҳмеил: нахустзодааш Мешоъ, ки падари Зиф буд, ва писарони Морешо, падари Ҳебрӯн.

[43] Ва писарони Ҳебрӯн: Қӯраҳ ва Тапуаҳ ва Роқам ва Шомаъ.

[44] Ва Шомаъ Раҳам, падари Ёрқеомро ба дуньё овард, ва Роқам Шаммайро ба дуньё овард.

[45] Ва писари Шаммай: Моӯн; ва Моӯн падари Байт‐Сӯр буд.

[46] Ва Эйфо, суррияи Колеб, Ҳорон ва Мӯсо ва Ҷозизро зоид; ва Ҳорон Ҷозизро ба дуньё овард.

[47] Ва писарони Ёҳдой: Роҷам ва Ютом ва Ҷишон ва Фолат ва Эйфо ва Шоаф.

[48] Маако, суррияи Колеб, Шобар ва Тирҳаноро зоид.

[49] Ва ӯ низ Шоаф, падари Мадманно, ва Шаво, падари Макбено ва падари Ҷибъоро зоид. Ва духтари Колеб Аксо буд.

[50] Писарони Колеб ибни Ҳур, нахустзодаи Эфрат, инҳо буданд: Шубол, падари Қирьят‐Еорим;

[51] Салмо, падари Байт‐Лаҳм; Ҳориф, падари Байт‐Ҷодир.

[52] Ва Шубол, падари Қирьят‐Еорим, писарон дошт: Ҳорӯз, Ҳасӣ‐Ҳамнуҳӯт.

[53] Ва оилаҳои Қирьят‐Еорим: йитриён ва футиён, шумотиён ва мишроиён, ки аз онҳо соръотиён ва эштоулиён ба вуҷуд омадаанд.

[54] Писарони Салмо: Байт‐Лаҳм, натӯфотиён, Атрӯт‐Байт‐Юоб, ҳасӣ‐ҳамнуҳӯтиён ва соръиён.

[55] Ва оилаҳои котибоне ки дар Яъбис сокин буданд: тиръотиён, шимъотиён, сукотиён; инҳо қиниёнанд, ки аз Ҳаммат, падари Байт‐Рикоб, пайдо шудаанд.

Китоби якуми Вақоеънома — Chapters